Субҳи покиву низофат буд имрӯз…

Субҳи покиву низофат

Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллӣ рӯзи низофату покӣ буд. Дар он  ҳамаи кормандон, шурӯъ аз сардорони шӯъбаву бахшҳо ба тозагии атрофи бинои китобхона машғул шуданд. Баргҳои хазонрасидаро аз сари роҳу гулгаштҳо руфтанд, бехи гулҳоро тоза карданд, ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо пок намуданд. Гулҳо ва дарахтонро шодоб карданд.

Рӯзи низофату покӣ, ки дар Китобхонаи миллӣ ба ҳукми анъана даромадааст, қарор аст ҳоло то охири сол идома кунад. Кормандон хуб медонанд, ки тозагӣ дар Китобхона ин истиқболи гарм аз хонандагону меҳмонон аст. Аз ин рӯ, роҳбарияти ин боргоҳи маърифат пайваста мекӯшанд ин бино ҳамеша тозаву озода бошад.  Аз сӯи дигар тозагӣ худ гарави саломатист.

Расмҳо аз ҷараёни поккориҳо дар Китохонаи миллӣ.

Раҳима БОБОЕВА