Субҳи покиву низофат дар Китобхонаи миллӣ

 Субҳи имрўз кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон фаъолияти худро аз поккориву низофат оғоз намуданд. Нахуст ба дарахтону гулҳои атрофи бино об монда, атрофи онҳоро аз алафҳои бегона тоза намуданд. Бонувон бошанд роҳраву атрофи бинои китобхонаро чоруб зада ва бо об шустанд.

 Чун фасли хазонрез аст, атрофи бино аз баргҳои хушк пур буданд, ки  аз ин ҳусни гулу дарахтон халалдор мешуданд, кормандон ба ин низ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Онҳо баргҳои хазонро аз оброҳаву зери гулҳо чиданд ва роҳҳои обгузарро аз ҳар гуна хасу хошоку хазон тоза намуданд.

Мавриди ба ёдоварист, ки роҳандозии корҳои низофат дар Китобхонаи миллӣ як шуғли ҳамарӯзист. Қариб ҳар субҳ гурӯҳе аз кормандон бо навбат атрофи биноро тоза мекунанд. Аммо ин субҳ як ҳашари умумӣ эълон шуд, то ба ҳусни атроф ҳусн афзоянд.

Ҳамарӯза даҳҳо нафар меҳмонон аз дохилу хориҷ вориди Китобхонаи миллӣ мешаванд, то бо шароити он аз наздик ошно шаванд. Ин аст, ки роҳбарият ва кормандон ба тозагии давру атрофи бино ва дохили он бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Абдуғаюр Саломов