«Субҳи ҷавонии мо»-ро дар Телеграмканали Китобхонаи миллӣ бихонед
«Субҳи ҷавонии мо” аз машҳуртарин асарҳои устоди насри муосири тоҷик Сотим Улуғзода аст, ки ба сурати як қиссаи шавқовар иншо шуда, рӯйдодҳоеро ба риштаи тасвир кашидааст, ки ба солҳои 1916-1926 дахл доранд.
Ин асар аслан тарҷумаҳолист, вале устод Улуғзода аз услуби романнависӣ истифода кардаву саргузаштҳои худ ва ҳамзамонони худро дар образи дигарон тасвир кардааст.
Асар сужаи шавқоваре дорад, ки чун кас ба мутолиа оғоз мекунад, намехоҳад аз даст бимонад.
Матни комили асар ин ҷост: “СУБҲИ ҶАВОНИИ МО”.
Ва зимнан, вориди Телеграмканали Китобхонаи миллӣ шавед ва садҳо китоби дигарро ройгон бихонед ё боргирӣ кунед.