Сухан аз 70-солагии Тоҷиниссо Саидова дар маҳфили “Гулбуни саҳнаи тоҷик”

Гулбуни саҳнаи тоҷик13-уми октябр дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар маҳфил бахшида ба 70-солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Тоҷиниссо Саидова баргузор гардид.

Чорабинӣ бо филми кӯтоҳе аз ҳаёт ва фаъолияти пурсамараи ҳунарпеша оғоз гардид. Ин филм аз аввалин қадамҳои рӯи саҳна омадани ҳунарманд ва иҷрои нахустин нақшҳо дар филмҳои тоҷикӣ ҳикоят мекунад. Ҳамчунин назару андешаҳои ҳунармандони муваффақи кишвар нисбат ба ҳунари волои Тоҷиниссо оварда шудааст. Филм як нақли тасвирии кутоҳест, ки роҳи пурсамари эҷодии ҳунарманди мумтозро пеши назарҳо падид меорад.

Дар ин маҳфил намояндагон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ, Театри ҷавонон ба номи М.Воҳидов, Театри драмавии русии ба номи В.Маяковский, Театри минётураи “Оина”, Муассисаи давлатии “Тоҷиккино”, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд.

sahnai_tojikМуовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода суханронӣ кард ва соҳибҷашнро шодбош намуда меҳмононро хайрмақдам гуфт. Ҷалолуддин Нурзода аз ҷумла иброз дошт, ки қадр намудани чунин ҳунармандони соҳибистеъдод аз ҷумлаи рисолати ҳар яки мост, то синамои миллӣ рушд намояд ва ба ҷаҳониён муаррифӣ гардад.

Аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, ки дар баргузории ин маҳфил саҳми асосӣ дорад, ба Тоҷиниссо Саидова туҳфаҳои хотирмон ва ба театри минётураи “Оина” портрети Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷаб тақдим карда шуд.

sahnai_tojikБахши фарҳангии маҳфил, ки бо иштироки ҳунармандони маҳбуб, Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон, устоди  Консерваторияи миллӣ Мастона Эргашова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Муҳаррама Шарифова ва чанде дигар мураттаб шуда буд, хотирмону ҷолиб гузашт.

Тоҷинисо Саидова 11 октябри соли 1953 дар ноҳияи Муъминобод ба дунё омадааст. Ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1996), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2006).

Соли 1975 Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи шаҳри Маскавро ба поён оварда, дар Театри давлатии академӣ — драмавии ба номи Лоҳутӣ (1975—1991) фаъолият доштааст. Аз соли 1991 актрисаи театр-студияи «Оина» мебошад.

sahnai_tojikМалакааш дар иҷрои нақшҳои мазҳакавӣ ҳувайдост, вале симоҳои драмавӣ ва фоҷиавиро низ хуб меофарад. Дар «Интихоби домод», «Хостгорӣ», «Исёни арӯсон», «Садо аз тобут», «Кафшҳои Абулқосим», «Охирин арӯси амиралмӯъминин», «Бахтатро бедор кун», «Эдип», «Ҷияни хира», «Имтиҳон», «Лаку Пак» барин намоишномаҳо нақшҳои хотирмон бозидааст. Дар даҳҳо теленовеллаи «Оина», бисёр спектаклҳои телевизионӣ («Дугонаҳо ба театр мераванд», «Зани оҳанин») низ доди ҳунар додааст.

Наргис НАЗАРЗОДА