Сухан аз «Ашкҳои зери борон» ва на танҳо дар бораи он

holiknazМоҳе қабл китоби нави Холиқназар Ҷумъаев «Ашкҳои зери брон» ба дастам расид ва чун ба мутолиаи он пардохтам, рӯйдоде ба ёдам омад, ки бо гузашти солҳо фаромӯш накардаам. Ҳунарманди нотакрор марҳум Убайдуллоҳи Раҷабро замоне чун ҳаҷвнигору актёри саҳнаҳои ҳаҷвӣ мешинохтем. Дақиқ намедонам кадом сол буд, дар театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ намоишномаи «Дар чорсӯ»-и Нур Табаровро гузошта буданд ва нахустнамоиши он ширкат доштем. Дар намоиши ҷиддӣ дар саҳна пайдо шудани Убайдуллоҳи Раҷаб бисёриҳоро хандонд. То он даме дарк кардем, ки ин намоиши мазҳака нест, ҳузури Убайдуллоҳ толорро хушҳол мекард. Дар суҳбате ин ҳунарманди нотакрор гуфта буд, ки талош мекунад бо ҷиддият нақш офарад, вале мардум ноогоҳона механданд.

Китоби нави Холиқназар Ҷумъаев «Ашкҳои зери борон» як асари басо ҷолиб аз ҳаёти муҳоҷират аст, ки худи муаллиф аслан ширкаткунандаи кулли саҳнаҳои он аст. Зеро қатори даҳҳо қаламкашон ӯ низ солҳо дар муҳлҷирати корӣ буд, вале ба фарқ аз дигарон дидаву шунидаҳояшро бо шарҳҳо шояд дар дафтари хотироташ менавишт ва имрӯз бар пояи он хотираҳо ин асари ҷолибро таҳия ва ба мутолиаи хонандагон пешкаш намуд. Вале чун то кунун Холиқназарро бештар бо ҳаҷвияҳояш мешинохтем, мутолиаи ин асар дар аввал мушкил буд, чун мехостем бихандем, вале на ҳамеша саҳна хандаовар буд, балки даровар ва ҳатто ба ҳадде гиряовар ва шоистаи мулоҳизаву андеша.

Ман суханро дароз намекунам, ҳарчанд метавонам боз чанд ҷумла дар бораи “Ашкҳои зери борон» бинвисам. Ин ҷо сарсухани шоир ва нависандаи маъруф, ҷонишини аввали Раиси Иттифоқи нависандагон, муаллифи романи таърихии «Саройи санг» Ато Мирхоҷаро меорам, ки наметавон ба андешаҳои ӯ розӣ набуд.

Сарсухани Ато Мирхоҷа боз аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки бо овардани далелҳои дигар аз ҳоли муҳоҷирин ва муносибати мақомоти гуногуни Русия ба ҳамватанони мо воқеъияти рӯйдодҳои тасвиршуда дар китобро на танҳо тайид кардааст, балки бо ин иловаҳо муҳтавои китобро комилан дуруст дониставу ҷанбаҳои ҳуҷҷатии онро барҷаста нишон додааст. Муаллифи сарсухан саҳнаҳоеро ёдовар шудааст, ки худи ӯ дар Русия шоҳид буд ва муносибати пулиси русро ба муҳоҷирон хуб медонист.

Ва зимнан, охири соли гузашта Холиқназар Ҷумъаев ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд. Муборак бод!

Б.Шафеъ

 

Ҳақиқатнома дар бораи муҳоҷират

mirhocha-atoБо Холиқназар Ҷумъаевро ба воситаи Фейсбук шинос шудам ва навиштаҳояшро пайваста мутолиа менамоям. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин шахсро ба сифати нависандаи латифаҳои ҳаётӣ мешиносанд. Ман ҳам.

Аммо вақте Холиқназар китоби калонҳаҷми худро бо номи «Ашкҳои зери борон» ба камина манзур кард ва хоҳиш намуд, ки барои он сарсухан бинависам, фикр кардам ин ҳам аз ҷумлаи ҳамон навиштаҳост. Яъне хандаовар, истеҳзодор, мутоибаомез. Вақте қиссаи аввалин – «Чархи даввор»-ро хондам, барои худ Холиқназари дигареро кашф кардам – нависандаи тамоман ҷиддӣ, қаламкаши аламкаше, ки дар кӯраҳои ҷонгудози зиндагонӣ обутоб ёфта, саргузашту сарнавишти талхи коргарони муҳоҷири тоҷикро бо сӯзу гудоз ба риштаи наср даровардааст.

Росташ, муаллиф дар навиштан ҳунари хеле хуб дорад. Ҷумлаҳояш сода, равшан, таъсирнок, пухтаанд. Сабки нигоришаш низ аз камоли суханвариаш дарак медиҳад. Чандон ки бе оби чашм қиссаву ҳикояҳои китобро хондан мумкин нест.

Кор дар муҳоҷират имрӯз ба як ҷузъи тамаддуни миллати мо табдил ёфтааст. Ба ин тадбир, албатта, мардум аз маҷбурӣ даст мезананд. Зеро дар ватани худ кор ёфтану ба пули кам зиндагӣ кардан ниҳоят душвор аст. Бинобар ин, аввал мардони қобили кор ба хориҷа, асосан, ба Федератсияи Россия мерафтанд, ҳоло занон ва духтарон ҳам ба ин ҷараён пайвастаанд. Айни замон, ба гумони ғолиб, қариб хонаводае нест, ки ягон узви он ба мардикорӣ дар Россия нарафта бошад. Ҳатто ҳодисаҳои хонахез рафтани одамон низ кам нест. Чунин вазъ танҳо як ҷиҳати хубӣ дорад: шаҳрвандон дар хориҷа пул кор карда, хонаводаҳои худро дар Тоҷикистон нигоҳ медоранд ё лоақал барои сер кардани ишками худ дастнигари касе намегарданд. Аммо ин раванд бисёр ҷиҳатҳои бад дорад, ки чандтоашро мешуморем: пас аз хатми мактаби миёна ва ҳатто олӣ, дилнигарон ёру диёри худро тарк кардани одам; сарф шудани неруи ҷисмонию ақлонии ҷавонон, ки ҳаёт тавассути онон дар Тоҷикистон бояд ҷӯш занад, барои рушди кишвари бегона; канда шудани насли ҷавон аз решаи миллии худ – чӣ қадар дар ғурбат монанд, ҳамон қадар ба фарҳангу забони худ бегона шуда, фарзандони дар муҳоҷират зода шудаашон рангу бӯи тоҷикиятро гум мекунанд; ба сабаби маҳал ба маҳал зистану кор кардан дар мулки бегона ривоҷ ёфтани маҳалчигӣ дар байни онҳо; осон пайвастан ба гурӯҳҳои ифиротӣ ва террористиву ҳаракатҳои дигари хатаровар ба ҷомеаи солим; бар асари дар муҳоҷират барпо кардани оилаҳои ғайрирасмӣ ё солҳои тӯлонӣ аз ҳамсари худ ҷудо зиндагӣ кардан ҷудо шудани оилаҳо ва афзудани шумораи занону кӯдакони бадбахт; бешавҳар мондани духтарони болиғ ва розӣ шудани онҳо ба зани дуюму сеюму чорум шудан; дилхунукии насли ҷавон аз ватани аҷдодӣ ба сабаби кори шоистаи зиндагии орому шарофатманд пайдо накардан дар он; тадриҷан бесавод шудани наврасону ҷавонон ба иллати ба муҳоҷирати оммавӣ рӯ овардани муаллимон; аз даст додани озодагиву худбоварӣ бар асари фишорҳои доимӣ ва бефарёдрасӣ дар мамлакати бегона; ва даҳҳо паёмади манфии дигар.

Дар қиссаю ҳикояҳои китоб сабабу натиҷа ва тамоми паёмадҳои номбаршудаи муҳоҷирати корӣ ба таври ҷолибу ҷаззоб, воқеиву хонданӣ ва ҳатто мусаннаду мудаллал тасвир ёфта, дар либоси хуби бадеӣ ба хонанда пешниҳод гардидаанд. Дар ҳар сатр ҳузури бевоситаи нависанда эҳсос мегардад. Яъне, Холиқназар худ бевосита шоҳиди ҳодисаҳои тасвиршуда будааст ва ҳаёти коргарони беҳуқуқи муҳоҷирро аз дарун омӯхта, ҳамроҳи қаҳрамонон аз сар гузаронда, баъд аз баркашидани онҳо дар тарозуи хираду ҳунар ба қалам овардааст.

Дарди муҳоҷирони лоилоҷи тоҷикро дар Россия танҳо касе намедонад, ки бо халқи худ ҳамнафас нест. Барои ман китоби мазкур боз аз он ҷиҳат таъсирбахшу ҷолиб аст, ки нахуст, қариб тамоми хешону пайвандони ҷавони ман дар муҳоҷиратанду сарнавишти аксари онҳо ба қисмати қаҳрамонони он мушобеҳ аст. Дигар, ман худам борҳо ҳамчун журналисти соҳаи нақлиёт ба Россия сафар кардааму аз натиҷаи он китоби сафарномаеро ҳам бо номи «Мусофират осон нест» нашр кардаам. Ва се дигар, худам ҳангоми чунин сафарҳо борҳо ба дасти милисаҳои беинсофу фашистмаоби онҳо дучор омада, таҳқиру тавҳин дидаам. Танҳо як мисол меорам:

Соли 2009 ҳамроҳи ду полковники милисаву амният ва ёрдамчии прокурори нақлиёти кишвар барои санҷидани аҳволи мусофирон ва муносибат ба муҳоҷирони тоҷик ба Москва сафар кардем. Баробари расидан дар меҳмонсаройи вокзали Казанский ҷой гирифтему хоб рафтем. Як поси шаб буд, ки дари ҳуҷраамонро бо шиддат кӯфтанд ва вақте ҳамроҳамон онро кушод, аз синааш мушт хӯрда, парида ба болои диван афтид. Ба хона милисаҳои ОМОН даромада, моро аз рахтҳои хоб берун кашиданд. Вақте сабаб пурсидем, гуфтанд, ки ба мо хабар доданд, ки дар фалон ҳуҷра тоҷикон манзил кардаанд!

Яъне, сабаби дарафтодан ба мо ва он ҳам дар шаби торику дар ҳуҷрае, ки пул дода, сар паноҳ карда будем, мансубияти миллии мо буд! Онҳо ҳатто ба тасдиқномаҳои афсарӣ ва рутбаю калонсолии ҳамсафаронам эътибор надоданд. Хайрият полковники милитсияи ҳамроҳамон шумораи телефони сардори шуъбаи корҳои дохилии вокзал Кошкинро доштааст. Танҳо пас аз занг задан ба вай он роҳзанон аз мо даст бардоштанд.

Агар кормандони қудратии онҳо ба намояндагони мақомоти қудратии Тоҷикистон чунин таҳқиру латукӯбро раво бинанд, пас тасаввур кунед, ки тоссарҳои неофашисташон ба тоҷикон чи азобҳои дӯзахиёнаро раво мебинанд! Муаллиф барҳақ менигорад: Тарафдорони ҷамъиятҳои фашистии рус ҳар сол, ба хусус дар рӯзи мавлуди Гитлер, яъне 20 апрел ҷамъ омада, ин рӯзро бо гирдиҳамоиву бетартибиҳо ҷашн мегирифтанд. Дар ин рӯз муҳоҷирон аслан ба кор набаромада, аз бало ҳазар гӯён, дар хонаҳо менишастанд. Ва аз ҳама даҳшатовараш он буд, ки чунин гурӯҳҳо аз тарафи бархе мансабдорони давлати рус, шахсиятҳои воломақоми судӣ ва ҳатто ҳукумат низ дастгирӣ меёфтанд».

Дар давоми чанд соли охир бо баҳонаҳои ночиз, ҳатто бегуноҳ, ба маҳбас гирифтани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти интизомии ин кишвар бисёр ба мушоҳида расидааст. Чунин вазъи риққатбор дар чанд ҳикояи «Ашкҳои зери борон» ниҳоят боварибахш ва ҷонсӯз тасвир гардидааст. Таваҷҷуҳ фармоед ба ин пора аз қиссаи фоҷеабори «Рӯзи сиёҳи муҳоҷир», ки бори як романро мекашад: «Ниҳоят рўзи суд  ҳам фаро расид. Мирсултонро аз боздоштгоҳ ба суд ҳозир карданд. Ӯро аввал ба муддати се соат дар берун дар дохили мошин  нигоҳ доштанду ниҳоят ба толори суд ворид намуданд. Дар дохил муфаттиш Зайтсев, адвокат, судкунанда ва як нафари дигар нишаста буданду халос. Мирсултонро вориди панҷараи оҳанӣ карда, судкунанда ба минбар баромад. Ба Мирсултон супориш шуд, ки рост истода судяро гӯш кунад. Судя дар минбар ба хондани ҳукм оғоз кард ва бе ҳеҷ пурсишеву муҳокимае ба ӯ ҷазо ба мӯҳлати 10 сол дар колонияи тартиботаш сахт эълон намуд.

Мирсултон гумон карда буд, ки суд рафтори ӯро муҳокима мекунад. То чӣ андоза дар ин кор даст доштан ва ё надоштани ӯро мепурсад. Аз шоҳидҳои гуногун пурсиш мегузаронад ва танҳо баъд ҷазо таъин мекунад. Аммо ӯ хато карда буд. Ӯ намедонист, ки тоҷики одӣ дар Федератсияи Руссия ҳеҷ қадру қимате надорад ва ҳеҷ гоҳ касе ӯро ҳимоя нахоҳад кард. Ӯ гумон надошт, ки дар Руссия барин кишвари бузург чунин қонуншиканӣ ва миллатбадбинӣ ин қадар дар сатҳи баланд қарор дорад».

Ба онҳое, ки пас аз мутолиа нависандаи китоб ё муаллифи ин сарсуханро бар асари мавқеи инфиродӣ ё мулоҳизаи лаҳзаинаи сиёсӣ, эҳтимол, ба хушбин набудан нисбат ба кишвари Рус гунаҳкор карданӣ мешаванд, муроҷиат мекунам, ки сарфи назар аз тамоми меҳру алоқае, ки ба ин мамлакати бузург дорем, бадбахтона, вазъ чунин аст ва нависандаи ҳақиқӣ ба ҳеч ваҷҳ аз ҳақиқати ҳаёт рӯ гардонда наметавонад. Камина ҳангоми сафарҳои чандинкаратаи худ дар ҳайати комиссияҳои гуногуни омӯхтани вазъи шаҳрвандонамон дар Россия ба чунин хулоса омада будам ва дар хусуси таҳқири точик дар ин сарзамин бештар аз даҳ сол пеш матлабҳое навишта будам. Мутаассифона, бо гузашти солҳо ҳоли муҳоҷирони мо ягон зарра беҳ нашудааст.

Рамзист, ки нависанда китобашро «Ашкҳои зери борон» ном мондааст. Ашкҳоеро, ки намебинанд…

Китоби ҳақиқатнигорона дар хусуси муҳоҷират ва коргари муҳоҷир муборак бошад, Холиқназари азиз!

Ато Мирхоҷа