“Сухан аз баҳри дигарон гўянд”. Китобе, ки даҳ сол пеш чоп шуда буд
Ин китоби донишманди маъруф, профессор Баҳриддин Камолиддинов 10 сол пеш, соли 2025, дар нашриёти “Дунёи дониш” чоп шуда ва тавре номаш ҳам ишора ба он дорад, тавсияҳо барои рӯзноманигорон ва аҳли қаламро дар бар гирифтааст. Тавсиҳо барои касоне, ки дар матбуоти мусосир хабару мақолаҳо менависанд. Ҳадафи муаллиф он буда, ки ғалатҳои роиҷи забонӣ дар матбуот ҳарчи зудтар ислоҳ шавад.
Муаллиф дар сарсухан ин ҳадафро ба рӯшан баён кардааст.
Дар даҳумин солгарди чопи китоб хостем аз он ёд кунем ва таъкид намоем, ки ҳанӯз дар матбуоти кишвар ин ғалатҳо ислоҳ нашудаанд.
Инак, сарсухани профессор Баҳриддин Камолиддинов ба китоби “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд”:
Масъалаи забони матбуоти тоҷик ҳоло аз доираи муҳокимаи забону адабиётшиносон ва умуман, аҳли қалам баромада, дар ҳама ҷо, байни мардум, гуфтугузор мешавад. Баъзеҳо мегўянд, ки забони матбуоти мо хеле сода ва ҳатто омиёна шуда буд, зеро аз ибтидо аз пайи баланд бардоштани сатҳи маърифату савияи хонандагон накўшидем, баръакс таҳти шиори «оммавӣ» ва «демократӣ» кардани меъёр забони адабиро ба гуфтори омиёна наздик кардем.
Иддае аз хонандагон шикоят мекунанд, ки забони рўзномаву маҷалла, радиою телевизиони тоҷик хеле мурракаб шуда, гоҳе ба ҳадде мерасад, ки маънии баъзе гуфтаю нигоштаҳои рўзноманигоронро бидуни варақ задани луғатҳо хонда фаҳмидан маҳол аст. Ҳамин гуна ақидаҳои мухталиф водор намуд, ки ҷаласаҳои илмӣ доир намуда, перомуни масъалаҳо фикру андешаҳои олимон, адибон ва рўзноманигоронро ҷамъбаст кунанд ва ба хулосае оянд, ки он дар фаъолияти рўзмарраи аҳли матбуот ба кор ояд, бар замми ин, равияю хусусияти услуби рўзноманигории тоҷик равшан гардад ва ба такмилу инкишофи минбаъдаи забони адабӣ мусоидат намояд.
Рўзноманигорӣ дар маҷрои инкишофи забони адабии тоҷик равияи тозаест, ки дар ибтидои қарни гузашта ба миён омада, такмил ёфтааст ва чун як ҷанбаи хосаи услубиёти забон тадриҷан шакл мегирад. Агар ба забони жанрҳои гуногуни рўзнома назар афканем, аён мегардад, ки забони матбуот ба услуби нутқи илмӣ, бадеӣ ва ё тарзи нигориши ҳуҷҷатҳои расмӣ шабоҳат надорад. Азбаски доираи хонандагони рўзнома хеле васеъ аст (онро хурду калон ҳама мутолиа мекунанд) забони вай бояд адабӣ бошад. Рўзнома, аслан умри якрўза дорад ва онро бафурҷа нишаста хондан на ҳамеша ба кас муяссар мегардад. Масалан, шаҳриён рўзномаро ҳар пагоҳӣ, ҳангоми ба кор рафтан раҳи равон мехонанд, бинобар ин сухани рўзноманигор бояд мўҷаз, пурмаъно ва осонфаҳм бошад, то хонанда бо як назар афкандан ё чашм давондан аз асли мақсад огоҳ гардад.
Қобили қайд аст, ки аз нахустин нашрияҳои тоҷикӣ ҳам майли кушоду равшан баён кардани матлаб пай бурда мешавад. Ҳайати таҳририяи нахустин рўзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» мароми ҷаридаи худро чунин муқаррар кардааст, ки «ҳарчи мумкин бошад, ба забони форсии сода» таҳрир шавад, то ки рўзномаро бе душворӣ мутолиа карда тавонанд ва шумораи муштариёнаш низ фузунтар гардад. Чунон ки С. Айнӣ навишта буд: «Аҳолии Бухоро ин мақолаҳоро, ки бо забони содаву равони онҳо таълиф шудаанд, бо камоли майл мехонданд».
Саволи «Забони матбуот бояд чӣ гуна бошад?» танҳо имрўз ба миён номада ва мутааллиқи фақат рўзномаҳои тоҷикӣ ҳам набудааст. Тақрибан ҳамин марҳилаи инкишоф ва замони баҳсу мунозираҳои илмиро матбуоти Эрон низ аз сар гузаронидааст. Муаллифи рисолаи «Соданависӣ дар забони форсӣ» Шамсулмулук Мусоҳиб вазъи забони баъзе нашрияҳои ҳамондавраи Эронро таҳлилу таҳқиқ намуда, сабаби камаҳамият ва дар байни муштариён беэътибор гардидани рўзномаҳои ҷудогонаро дар мушкилбаёнӣ ва печидагўии рўзноманигорон дидааст. Ба ақидаи ў, илоҷи ягона пеша кардани услуби соданависӣ аст. Муаллифи рисолаи мазкур ба саволи «Соданависӣ чист?» чунин посух медихад: «Баёни равшан ва расо бо ҷумлаҳои кўтоҳ ва калимаҳои осон ва маънус (ба ҳамдигар унсгирифта, таносуби маъно пайдокарда). Беҳтарин калом каломе аст, на омиёна ва пеши по афтода ва на арабӣ ва номаънус».
Муаллифи рисолаи мазкур барои рафъи иштибоҳ илова мекунад, ки «мумкин аст баъзеҳо эрод кунанд, ки соданависӣ ё осоннависӣ забони форсиро таназзул медиҳад ва тавоноии он мекоҳад. Ин ақида саҳеҳ нест ва дар ҳақиқат, он чӣ саҳеҳ аст, акси он мебошад. Илова бар ин, хуб медонем, ки дар таърихи адабиёт ва забони форсӣ ва тағийри он аз сабке ба таҳаввули он аз содагӣ ба печидагӣ ва боз тамоили аз печидагӣ ба содагӣ вуҷуд дошта ва дорад. Яке аз он иллатҳо ин аст, ки вақте арсаи маънои шево ва дақиқ танг шуд, бозори лафзпардозӣ равнақ мегирад ва бар ивази таваҷҷуҳ ба маънӣ ороиши лафз мавриди назар мешавад ва навиштаҳои мушкил ва печида ва дерфаҳм падид меоянд».
Забон василаи мубодилаи фикрии одамон аст. Ҳангоми баёни матлаб чунин унсурҳои луғавӣ ва сарфию наҳвӣ интихоб карда мешаванд, ки ба сареҳ ифода кардани фикр қодир бошанд. Ҳақ гуфтааст Унсурулмаолии Кайковус, ки «сухандону сухангўй он бувад, ки ҳар чи гўянд, мардумонро маълум шавад».
Дар услуби нутқи рўзноманигорӣ ҳам ғараз аз кор фармудани унсурҳои гуногуни забон саҳеҳу равшан баён кардани фикр аст. Матбуот бояд воқеаҳои зиндагиро бо ёрии чунин калимаю ҷумлаҳо инъикос намояд, ки ба қавли Аҳмади Дониш, маъною мазмуни онҳо «равшантар аз моҳ» бошад, ба зеҳни хонанда зуд ва ба осонӣ роҳ ёбад.
Аслан, ҳеҷ як нашрия тарғибгари холису беғарази ғояҳои замона ва падидаҳои ақлу заковат набуда ва нест. Матбуот аслиҳаи тавонои муборизаи идеологии ҷамъият ба шумор меравад. Забони софу беғубор, суфтаву равон, буррову оташин ва рўҳияи шўренгезу инқилобии вай мардумро ба амалиёти фаъол, муборизаи оштинопазир ҳидоят мекунад. Хусусан, дар замони дигаргунсозиҳои ҳаёти иҷтимоӣ матбуоти ҳақгўю адолатхоҳ эътибори калон пайдо мекунад.
Вазифаи дигари матбуот, ки иборат аз баланд бардоштани маърифат, завқу салиқаи суханварию сухангустарии мардум аст, масъулияти аҳли қаламро фузунтар мегардонад. Забони матбуоти мо инъикоси вазъи имрўза ва тамоюли инкишофи минбаъдаи забони адабист. Хонандагон сухани рўзномаро намунаи забони адабии имрўзаи тоҷик мешуморанд ва гуфтору навиштори худро ба он қиёс мекунанд. Майли мушкилбаёнӣ, суханороии нобаҳангом ва такаллуфи калом кори аҳли матбуотро осон намекунад, баръакс ба адои он вазифаҳои мушкил монеъ мегардад. Пўшида нест, ки иддае аз рўзноманигорон майли суханороӣ доранд. Онҳо мехоҳанд, ки чакидаҳои хомаашон тару тоза ва нотакрор бошад ва аз нигоштаҳои дигар ҳамкасбонашон фарқ кунад. Суханороӣ, аслан ба табиати услуби нутқи рўзноманигорӣ хос нест. Бисёр жанрҳои журналистика тақозо мекунанд, ки матлаб кушоду равшан, бо суханони маъмул баён карда шавад. Дар саҳифаҳои рўзнома ва барномаҳои радиою телевизион баъзе мавзўъҳо бисёр такрор мешаванд. Мухбиронро лозим меояд, ки дар доираи як масъала (фарз кардем, дар хусуси мактабу маориф, киштукори зироат, нигоҳбини чорво ва ҳоказо) муттасил хабархо нависанд. Ягонагии услуби баён (бо истилоҳи услубшиносӣ «ваҳдати сиёқ») тақозо мекунад, ки баъзе мафҳумҳо ҳамеша бо як калима ё истилоҳ ифода карда шаванд. Бар замми ин, баъзе жанрҳои рўзнома (чунончи, сармақола, хабар, ахбори байналхалқӣ ва ғайра) талаб мекунад, ки фикр сареҳ ва мўҷаз баён карда шавад.
Мутаасифона, бо сабабҳои воқеию зеҳнӣ дар ҳамаи давраҳои мавҷудяти худ забони рўзномаву маҷаллаҳои мо аз нуқсонҳои таҳрир фориғ набудааст ва ин боиси нороҳатии устодони каломи балеғ ва сухану нуқтасанҷон гардидааст. Аввал устод Айнӣ ва Абдусалом Дехотӣ барин пайравони ў, баъдҳо Т.Зеҳнӣ, Р.Ҳошим, Н.Маъсумӣ дар суҳбатҳои илмӣ ва мақолаю асарҳояшон дар бораи норасоиҳои забони тарҷумаҳои бадеӣ ва рўзномаву маҷалаҳо бо сўзу гудоз сухан рондаанд. Солҳои шастум академик М.Шакурӣ аввал мақолаи муфассал навишта, аз рўйи мушоҳидаҳои чандинсолааш ҳама ғалатҳои забони матбуот, радиою телевизиони тоҷикро нишон дода буд. Баътар мулоҳизаҳои худро бо далелҳои нав пурратар намуда, чун асари мукаммал бо унвони «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад» ба табъ расонид. Дар давоми чанд даҳсолаи охир, алалхусус, дар арафаи қабули Қонуни забони давлатӣ, як зумра олимони дигар, аз ҷумла, Р.Ғаффоров, Ш.Рустамов, Б.Тилавов ва дигарон ҳам дар атрофи масъалаи ҳусни баён баҳс намуда, дар бораи ғалатҳои забони рўзномаҳо изҳори ақида кардаанд. Бо вуҷуди ин ҳама заҳматҳои забону адабиётшиносон баъзе нуқсонҳои «сахтҷони» борҳо хотирнишон ва бо далелҳои шайъ собитшуда ислоҳ нагардидаанд.
Аз рўйи инсоф бояд гуфт, ки сабки рўзноманигории мо назар ба солҳои шастум хеле пухтаю тавоно гардидааст. Барои тасдиқи ин фикр аз бисёр рўзномаҳои ҷумҳурӣ намунаҳои забони софу беғубори ин услуби нутқро далел овардан мумкин аст. Забони рўзномаву маҷаллаҳои имрўза аз як миқдор калимаю истилоҳи бе зарурат аз забонҳои дигар иқтибосшуда пок гардид. Дар баёни фикр худдорӣ аз истифодаи таркибу ифодаҳои забонзадаи маъмулӣ ё «стандартӣ» мушоҳида мешавад. Вале бо сабабҳои маълуми воқеаҳои солҳои охир костагиҳои таълими забони модарӣ дар мактабҳои ҳамагонӣ ва олӣ забони аҳли матбуоти тоҷик низ бетаъсир намонд. Дар идораи рўзномаву маҷаллаҳо як зумра ҷавонон ба фаъолият пардохтанд, ки завқу салиқаи баланди забони модарӣ надоранд, дар такмили дониши забон ва ҳунари рўзноманигорӣ намекўшанд.
Ҳоло зарурате пеш омадааст, ки дар ҷарёни инкишофи услуби забони рўзноманигорӣ баъзе тамоюлҳои номатлуб пешгирӣ карда шавад. Вале дар як дастури мухтасар ҳамаи нуқсонҳои забони матбуотро таҳлилу тасҳеҳ кардан мушкил аст. Ба назари ман, ғалат ё бемавқеъ кор фармудани калимае дар матни рўзнома раво нест. Ғалат кор фармудани ягон унсури грамматикӣ, аз қабили пешоянд, пасоянд, бандак, пайвандак ва ғайра гуноҳи аз он азимтар аст, зеро он боиси риоя нагардидани қоидаҳои ҷумлабандӣ ва хароб гардидани сохтори грамматикии забон мегардад. Сохтори грамматикӣ бошад, бо сарвати луғавӣ бунёди ҳар забон ба шумор меравад. Аз ҳамин сабаб дар ин дастур ба нуқсонҳои чунин унсурҳои грамматикӣ бештар эътибор дода шуд.
Азбаски бисёр ғалатҳои калимаю калимасозӣ, унсурҳои сарфию наҳвии забони аҳли матбуоти тоҷик дар китоби академик М.Шакурӣ «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нуқта мақоме дорад» муфассал шарҳ ёфтаанд, лозим донистем, ки дар аввали ҳар фасл бо зикри чанд далели тоза баъзе нуқсонҳои «сахтҷони» то ҳол ислоҳ нашудаи забони матбуотро бори дигар хотирнишон намоем ва бад-ин васила ба тамоман «решакан» шудани онхо мадад расонем.
Мо дар ин дастур аз рўйи мушоҳида ва дарку фаҳмиши худ дар бораи хусусиятҳои забони матбуот ва баъзе нуқсонҳои луғавию грамматики он андешаҳои худро мухтасар баён кардем. Шояд на ҳамаи мулоҳизаҳои мо бебаҳс ва қобили қабул бошанд, бинобар ин умедворем, ҳаводорони каломи фасеҳ бо қайду эрод ва пешниҳодҳои худ ба такмилу беҳбудии минбаъдаи ин дастур кумак хоҳанд кард.
Китоби устод Баҳриддин Камолиддинов “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд”-ро хоҳишмандон метавонанд дар Китобхонаи миллӣ бихонанд.
Таҳияи Фарзона Раҳмонова,
мутахассиси Маркази
“Забони тоҷикӣ ва омўзиши забонҳои хориҷӣ “.