Сухан аз хусусиятҳои жанрии қиссаи «Паррончакҳо»-и Абдулҳамид Самад

Насри муосири тоҷик дар солҳои баъд аз ҷанги ҷаҳонии дувум, махсусан, дар нимаи дуюми солҳои 50-уми асри ХХ вижагиҳои жанрии худро равшан сохт. Нависандагон ва мунаққидон дар ин солҳо сари масоили асосии адабиёту фарҳанг баҳсҳо оростанд ва ҳадафмандии адабиётро дар ҷомеа муайян карданд.

Абдулҳамид Самад аз нависандагони ҷавони солҳои мавриди назар аст, ки аз рўйи анвои маъмули наср санҷиши қалам намудааст. Жанрҳои меҳварии эҷодиёти ў ҳикоя, қисса, қиссаи хурд ва роман маҳсуб меёбанд. Дар адабиётшиносии муосири тоҷик бештари мулоҳизаҳои суханшиносон нисбати қиссаҳои (повестҳо) ин адиб тазаккур ёфтаанд.

Абдулҳамид Самад фаъолияти нависандагиро аз навиштани ҳикояҳо оғоз намуда, баъд ба таълифи қисса шурӯъ намудааст. Дар осораш жанри қисса бартарият дошта, бо эҷод ва дастраси хонанда гардидани қиссаҳои «Баъд аз сари падар», «Косаи давр», «Паррончакҳо», «Пиёлаи шикаста», «Аспи бобом», «Ҳавои тирамоҳ», «Рӯдапо», «Сарлашкар» дар адабиёти солҳои 70-90-уми тоҷик чун адиби дорои сабку равияи эҷодии ба худ хос маълуму маъруф мегардад. Қиссаҳои адиб бо як вежагии хос, камоли ҳунар, завқи баланд, баёни андеша вориди насри муосири тоҷик гардидааст. Муҳаққиқ Муҳаммадҷон Шакурӣ насри солҳои 70-90-ро баҳо дода, қайд намудааст: «Жанри асосии нависандагони ҷавон ва миёнсол асосан повест буда, муваффақият ва камбудиҳояшон дар ин жанр бештар падидор мешуд»

Яке аз қиссаҳои Абдулҳамид Самад «Паррончакҳо» мебошад, ки аз мавзуву ғояи ин асар маълум мегардад, ки муаллиф дар такопуи офариниши асарҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ, андешамандонаву андарзӣ ва панду насиҳатӣ буда, ба воситаи образҳои бадеӣ ва задухӯрдҳои зиндагӣ андешаҳояшро дар бораи воқеаҳои ҳаёт, одаму одамият тасвир ва баён карданӣ мешавад. Ба қиссаи «Паррончакҳо» муҳаққиқ Соҳиб Табаров баҳои баланд дода, ин повестро яке аз беҳтарин повестҳо гуфтааст. Инчунин, қайд намудааст, ки А. Самад ба воқеаҳои рӯзмарра диди тоза дошта, асарҳояш дар дили хонандагони сершумор ҷо гирифтааст.

Дар повести «Паррончакҳо»-и Абдулҳамид Самад мушоҳидаҳои нозук, ҳолатҳои гуногуни психологӣ, андешаҳои амиқи нависанда доир ба ҳаёти ҷавонон бештар ҷамъбасти бадеӣ пайдо кардаанд. Бе муболиға таъкид бояд намуд, ки афзоиши маҳорати эҷодии нависандаро дар тарзи образофарӣ, устухонбандӣ, шакл ва поэтикаву услуби эҷодияш дар асоси муносибаташ ба ҳамин мавзуъҳо равшан мушоҳида кардан мумкин аст. Дар тасвири нависанда махсусан, образҳои муаллими куҳансолу бомулоҳиза Абдукарим-амак ва завҷааш, Насим, Раҳматшоҳ ва дигарон ҳамчун намунаи ибрати хулқу атвори наҷиб ва тарзи хислатҳои баланди одамӣ ҷолиби диққат мебошанд.

Дар ҷомеаи имрӯза Абдукарим-амак барин шахсони асил бисёр ҳастанд, ки одамонро аз роҳи ғалат, аз макру фиреб, қаллобӣ, аз зиндагии саҳлу осон ба сӯи меҳнати ҳалолу бошараф ва паси cap кардани ҳама гуна мушкилиҳо дар роҳи зиндагӣ раҳнамун мекунанд. А. Са­мад дар кашф ва инъикоси ин образ ба комёбиҳои адабӣ-эстетикӣ ноил мегардад, ки ба ӯ дар ин кор дар ҷо – ҷои повест равия ва тарзи тасвирҳои ҷолиб ва баъзан услуби баргардиши бадеиро пеш гирифтани на­висанда мадад мерасонад. Чунин тарзи тасвир ва ус­луб задухӯрду низоъҳои ҷолиби диққати чунин персонажҳоро бо ашхоси разил аз як лавҳа то лавҳаи дигари повест пурқувваттар гардондаанд, ки ба воситаи он­ҳо симои типии ин қаҳрамони нави мусбат – Абдукарим-амак кашф гардидааст. Бинобар ин образи Абдукарим-амак яке аз ихтирооти намоёни бадеии А. Самад дар повести «Паррончакдо» ба ҳисоб меравад. Гапу гуфтор, хулқу рафтор, амалиёт ва тамоми кору муносибатҳои Абдукарим-амак нишонае аз бойгарии маънавӣ ва ягонагии сухану амалаш мебошанд. Бесабаб нест, ки ноқил – Наим, ки ҷияни Абдукарим-амак мебошад, аз ӯ аввалин таълими одаму одамгарӣ ва инсондӯстиро мегирад, хислатҳои неку сиришти пок, меҳнатдӯстию покахлоқиро меомӯзад. Дар як лаҳза нависанда Абдукарим-амакро дар муқоиса бо дигарон, аз ҷумла бо Наим, бештар шахси муборизу фаъол инъикос ме­намояд. Дар як чабҳа пешсафи ҳамаи корҳои нек мебошад. Гарчанде Наим ба мисли Насим яке аз қаҳрамонони асосии мусбати повест ҳисоб меёбад, аммо дар ҷангу ҷидол, задухӯрд ва низоъҳои зиндагӣ ба мисли Аб­дукарим-амак ҳоло комилан обутоб наёфтааст ва то ба дараҷаи типи барҷастаи мубориз нарасидааст. Наим ҳамчун Насим маҳсули даврони солҳои ҳаштодум аст, ки ин даврон ба хулқу атвор, муомилаю муносибаташон таъсир расондааст, яъне карахтию беамалии замон чигунагии олами маънавии ин гуна қаҳрамонро муайян кардааст. Аммо аз меҳру шафқат ва лаҳзаҳои тасвири самимии нависанда маълум мегардад, ки ҳоло зиндагии Наим дар пеш аст.

Аз ин ҷост, ки А. Самад Наимро бисёр мушоҳидакор ва андешаманд тасвир менамояд. Ӯ ҳама вақт мекӯшад, ки чигунагии зиндагӣ ва ба кадом суй майл карданро дуруст ва бекаму кост фаҳмад, дар зиндагии ҷамъиятӣ, хубу бад, хайру шарро дарк кунад. Аммо ё бо сабаби ҷавонӣ, ё камқобилиятию гоҳо бефаъолиятӣ ва махсусан, таъсири манфии муҳити иҷтимоӣ ба моҳияти баъзе ҳодисаҳои ҳаррӯза бо осонӣ сарфаҳм намеравад. Дар натиҷа На­им дар масъалаи баҳо додан ба баъзе воқеаҳо, ин ва ё он саргузашти одамон ва кору кирдори ҳамкурсон, ҳатто баъзан дар масъалаи кӣ ва чӣ гуна одам будани қаҳрамони асосӣ – Насим, ба саҳву хато роҳ медиҳад. «Ба сабаби он ки Наим на танҳо қаҳрамони асосӣ, бал­ки ба замми он ноқил аст ва ҳамаи задухӯрд ва низоъ­ҳои воқеаҳои повест аз рӯи мушоҳида, баҳо, фаҳмиш ва ҳатто «ҳукми» ӯ инъикос меёбанд ва ҳал мегарданд, нависандаро лозим буд, ки ин образро то андозае беш­тар ба майдони амалиёт ва мубориза дарорад» – қайд намудааст, адабиётшинос Соҳиб Табаров.

Қаҳрамони дигари повести «Паррончакҳо» Насим Ам­маров образи ниҳоят ҷолиби диққати ҷавонони солҳои ҳаштодум мебошад ва меҳру муҳаббати чӣ каҳрамонони мусбат ва чӣ хонандагон ба ӯст. Насим дар байни ҳамкурсонаш хоксортарини хоксорҳост, ки ин хислати неки ӯро дар кору амалиёташ (дар хондану меҳнат), дар муомилаву рафтораш бо дигарон (бо муаллимони хубу бад, доною ҷоҳил, донишманду камсавод, бо рафиқони ҳақиқию самимӣ ва маккору қалбакӣ), дар шишту хезаш (дар ҷои аз ҳама ақиб дар синф нишастан, худро дар ҳама ҷо ва ҷойҳои намоён дур гирифтанаш), дар муҳокимаю мулоҳизаҳояш, дар ҳақиқатҷӯиаш, ба­рои исботи ҳаққу ноҳақ, баҳри ҳақиқат дар ҳар соҳаи зиндагӣ ва дар ҳама ҷо аз мубориза бурданаш ва дар дигар кору кирдор ва амалиёташ мушоҳида кардан мумкин аст. Насим дар назари мо он типи ҷавонони асил аст, ки дар як ҷавон, алалхусус талабагону донишҷӯйён, бояд аз кору кирдори ӯ таълим гиранд ва ибрат омӯзанд.

Ҳамин тавр, аз таҳқиқи қиссаи «Паррончакҳо» ба хулосае омадан мумкин аст, ки  А. Самад ба тасвири психологӣ, инъикоси руҳия ва андешаҳои каҳрамонон, ба кашфи олами ботинию маънавии персонажҳо завқи калон зоқир менамояд. Дар айни замон ӯ чигунагии олами маънавӣ ва руҳии каҳрамонони асарро бо масъалаҳои тарбиявию ахлоқӣ мепайвандад ва барои барҷаста баромадани хислатҳои фардии ин ва ё он персонаж аз ҳикмату андарзҳо, зарбулмасалу маколҳо ҳамчун аз аслиҳаи хуби тарбияю ахлоқ моҳирона истифода мебарад.

Фазила Маҳмадуллоева, корманди шуъбаи коркарди адабиёт