Сухан аз Мавлоно. “Мероси адабии Ҷалолуддини Балхӣ ва аҳамияти он барои ҷомеаи башарӣ”. Мизи гирд дар Китобхонаи миллӣ
Таҳти унвони “Мероси адабии Ҷалолуддини Балхӣ ва аҳамияти он барои ҷомеаи башарӣ” имрӯз дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиши илмию адабӣ баргузор гардид. Ин ҳамоиш ба ифтихори 818 солагии бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо иштироки олимону муҳаққиқони шинохта ва алоқамандони осори Мавлонои бузург доир шуд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфидин Камолзода оғоз намуда, доир ба зиндагиномаи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва осори гаронарзиши ӯ суханронӣ намуд.
Ӯ гуфт, ки Мавлоно яке аз саромадони ирфону маърифат, мутафаккири барҷастаи ҳамаи давру замонҳо аст, ки дар ташаккул ва такомули афкори инсонгароёнаи тамаддуни башар, фалсафаи инсоншиносӣ ва ахлоқи ҳамида нақшу мақоми фавқулода дорад. Забони модариаш тоҷикӣ-форсӣ-дарӣ буда, гарчанде аз овони кӯдакӣ бо амри тақдир дур аз ватани аҷдодиаш ба сар бурда бошад, ҳам, илҳому эҷодаш бо забони модар ҷӯш мезад ва бо ин забон беш аз 70 ҳазор байт сурудааст.
Фарангис Шарифзода – доктори илми филология, профессор аз фалсафаи балнд дар шеъри Мавлоно сухан карда, ба авҷи аъло ва қиёснопазирии он таъкид намуд.
“Кори поконро қиёс аз худ магир,
Гарчӣ бошад дар навиштан, шер, шир”.
Ночорем аз эзоҳи ин маъно, ки дар хатти арабӣ калимаи «шер» ва «шир» як хел навишта мешаванд, вале дигар хел хонда мешаванд. Дар хатти имрӯза, ҳам навиштан ва ҳам хонданаш аз якдигар фарқ мекунад. Ширро мехӯрӣ, вале шер туро мехӯрад. Ин ҳам шарҳи зиёдатӣ аст. Асли мақсад дар мисраи якум возеҳ ва ошкор аст. Пас, Мавлоно он се калимаро ба маънои фалсафӣ истифода бурда, саргузашти маънавии худро дар назар дорад”- гуфт Фарангис Шарифзода зимни суханронии худ.
Дар мавриди он ки шеъри Мавлоно воқеан он чиро мегӯяд, ки заминист, вале дар ниҳон аст, Хуршед Зиёӣ – доктори илми фалсафа, профессор андешаҳои худро баён намуд. Ӯ дар мавзуи “Мавлоно аз нигоҳи мутафаккирони гузашта ва муосири Шарқу Ғарб” маъруза кард. Зикр намуд, ки ба андешаи бисёре аз мутафаккирон шеъре ки Мавлоно менависад аслан шеър нест ва ӯ аз арӯз огоҳие надорад. Инро худи Ҷалолуддин Балхӣ низ борҳо таъкид доштааст. Воқеан Мавлоно қолабшикании зиёд кардааст ва дар шеър исмро ба дараҷа бардоштааст. Дар мисоли “Эй он ки аз ман мантарӣ…” вале гуфтан наметавонем,ки нодуруст аст, чун Мавлоно гуфтааст пас метавонад дар қолаби шеър ҳам ҷой дошта бошад.
Абдунабӣ Сатторзода – доктори илми филология, профессор мавзуи “Мавлоно ва шеъри муосири тоҷикӣ”-ро баррасӣ намуда, нуктаҳои ҷолиберо баён намуд, ки фақат дар шеърӣ Мавлоно ҷой дошта метавонанд. Ин муҳаққин ақидаи он, ки дар шеъри Мавлоно ва шеъри имрӯз ошиқу маъшуқи дигаре вуҷуд дорандро рад мекунад. Ин фақат фалсафаи шеър аст ва шоир метавонад аз он бомаҳоратона истифода барад. “Агар бани башар аз пайи тамаддун раванд пас, тамаддун аз қафои Мавлоно меравад”- дар доираи ин андешаҳо профессор Мақсудов Баҳриддин суханронӣ карда, бузургии Мавлоно ва осори ин сипаҳсолори олами фикрро таъкид кард. Шеъри Мавлоно таҷассуми ваҷд аст, чун рӯидаи рӯҳи ноорому беқарор аст. Шеъре, ки ба маънӣ ҳама дар печидагиҳои масалу маҷозу ҳақиқат ва ҳам бо муҳимияти санъатҳои тасвирсози бадеӣ болои кор омадааст, аммо ҳам розкушои ҳикмати бепоёни ирфон, ки муаммои сардаргуми аҳволи башариятро аз пардасори мубҳаму мармуз мехоҳад берун кашад.
Адабиётшинос Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ба таъсири шеър ва бузургиии шоир ишора намуда гуфт,ки вақте ки то ҳол баъд аз 800 сол мо дар мавриди шеъри ин шахсият ҳарф мезанем ва ӯ бо осораш то ҳол барои адабиёти мо хидмат мекунад, бешак аз донотарин шахсиятҳои ҳамаи давру замонҳост.
Ёдовар мешавем,ки ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллӣ баргузор гардида, мақсад аз ташкили чунин ҳамоишҳо арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ва фарҳангу адабиёти форсу тоҷик мебошад.
Наргис НАЗАРЗОДА