Сухандониву суханварӣ аз назари Квинтилиан

Марк ФабийКвинтилиан Марк Фабий (тақрибан 35, Испания-96/100, Рум), ходими сиёсӣ, суханвар, балоғатдон ва адиби румӣ. Квинтилиан аз ақоиду осори балоғии Ситсерон (106-43 то мелод) баҳра бурдааст.

Ў муддати 20 сол дар Рум муаллими санъати сухан ва балоғат буд. Ходимони сиёсӣ ва суханварони мушҳури Рум-Плинийи Хурдӣ (61/62-тақрибан 114) ва Ювенал (тақрибан 60-127) шогирдони ў буданд.

Квинтилиан назарияҳои балоғии румиёнро ҷамъоварӣ карда, асари калонҳаҷме бо номи «Дастурамалҳои суханварӣ» (12 ҷилд, соли 95) навиштааст. Рисолаи «Дар тарбияти суханварӣ»-и Квинтилиан дар Ғарб, дар давраи Эҳё манбаи асосии фанни балоғат ва хитоба буд. Квинтилиан суханвар мутафаккир ва файласуф буданро ҳатмӣ намедонист, ў ҷузъиёти ҳаракату лафз, тақвияти ҳофиза, бо эҳсос сухан гуфтан ва бадеҳагўиро аз хислатҳои зарурии суханвар мешумурд.

Ба андешаи ў суханвар бояд маъвзуъро вобаста ба сатҳи тахассусу савод ва синни шунаванда матраҳ кунад. Вазифаи нотиқ лаззатбахшӣ, ҷалб кардан ва қонеъ намудан аст, аммо бо нияти нек ва қасди хидмат ба халқ. Квинтилиан дар пайравӣ аз суханварони юнонӣ ва румии пешин суханро ба се услуб-олӣ, миёна ва одӣ ҷудо кардааст.

Бозчоп аз Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. – Душанбе, 2022. – Ҷ.10. – С. 32.

Муаллиф: Зокиров. Г.

Таҳияи Моҳрухсор Сархатова,

корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.