Сухане чанд аз Шараф Афзалӣ дар остонаи 75-солумин соли таваллудаш
ШАРАФ АФЗАЛӢ умри кутоҳ дид, 14 сол пеш, замоне, ки ҳамагӣ 61 сол дошт, ҷамъи моро тарк намуд. Аз худ мероси эҷодии ғанӣ ҳам ба мерос нагузошт. Умри кутоҳ буд, ки ашъораш то ба охир суруда нашуд, ҳикоёти латифаш нонавишта монд, хотираҳои ширинаш рӯи чоп наёмад. Аммо ҳамин ашъори боқимонда низ гувоҳи табъи салим, ҷаҳонбинии васеъ, дониши фарох дар соҳа доштани ӯст.
Шараф Афзалӣ 12 марти соли 1951 дар деҳаи Лангари ноҳияи Нуробод ба дунё омадааст. Ӯ баъди хатми Университети давлатии РСС Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикстон) дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикстон» (ҳоло “Анбоз”) кору фаъолият кардааст.
Муддати чанд сол муҳаррири гуфторҳои Радиои Тоҷикистон буд. Сипас дар идораи рузномаи «Комсомолобод» (ҳоло «Нури Нуробод») ва Ҷамъияти дустдорони китоби он ноҳия ифои вазифа намудаанд. Ҳамчунин дар мактаби зодгоҳаш деҳаи Лангар дарс мегуфт.
Чакидаҳои хомаи Шараф Афзалӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳо, китобҳои дастҷаъмӣ хеле зиёд ба табъ расидааст.
Аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.
19 январи соли 2012 дар синни 61 – солагӣ яъне дар айни камолоти эҷодӣ вафот карданд.
Дар ғазалиёти Шараф Афзалӣ, аз ҷумла дар ғазалҳои ошиқонаш, дар баробари анъанаҳои классикон рӯҳи замони мо, набзи зиндагии имрўз, олами ҳиссиёт, ҳастии иҷтимоӣ ва маънавии ҳамзамонон равшан ба назар мерасад. Дар шеърҳои Шараф Афзалӣ тасвиру таҳлили табиат, олами ботинии инсон бештар мавқеъ дорад. Муборизаи қувваҳои неку бад бо маҳкум кардани амалҳо ва ахлоқи номатлубу нописандида сурат мегирад, ки ғолибият дар олами ботинии инсон пайвастагии қавӣ дорад. Ғолибияти қувваҳои нек, тасвири ҳолати руҳии қаҳрамони лирикӣ хеле барҷаста ба назар мерасад.
Дар китоби «Хандабоғи тарона» қиссаҳои хурд–хурди саргузаштӣ, ҳазлу мутоибот, аз дидаҳо ва шунидаҳои адиб иборат аст. Шараф Афзалӣ ин қиссаҳоро дар матбуот бо тахаллуси Зореъ Ҳорис нашр менамуданд, ки писанди хонандагони сершумор гардида буданд.
Аз китобҳои шоир ва рӯзноманигори шинохта хонандагон дар Китобхонаи миллӣ “Дасти меҳр”-и ӯро метавонанд бихонанд.
Таҳияи Набӣ Набиев,
корманди шуъбаи
илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ