Сухане чанд дар бораи «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров

Барои бомуваффақият амалӣ шудани ташаббуси бузург ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба ҳар оилаи кишвар тўҳфа намудани китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ва таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» дастури муфиду пурарзиш ба табъ расонида шуд.

Ин дастур бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аҳамияти беандозаи шоҳасари «Тоҷикон»-ро ифода мекунад, оғоз мегардад.

Асари «Тоҷикон» худ як шўълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшшудаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносӣ ва ифтихори миллатро таҷассум бахшид. Оре, омўзиш ва тарғиби мазмуну мундариҷаи шоҳасари «Тоҷикон» воқеан дар ташаккули хотираи таърихии мардум, худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди ҷомеа нақши муҳимро мебозад.

Худшиносии таърихӣ, ҷузъи таркибиву ҷудонопазирӣ, худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошад. Бидуни огоҳии комил аз таърихи миллати хеш, бидуни омўзиши амиқи асарҳои мафкурасози таърихӣ, ба мисли «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров худшиносии миллии мо ноқис хоҳад буд. Аз ин рў, ин асарҳои пурарзиш бояд китоби рўимизии ҳар тоҷики боғуруру ватандўст бошад.

Шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» на танҳо дар таърихнигории ватанӣ, балки дар миқёси кишварҳои хориҷӣ низ шўҳрату шаҳомати бузург дорад. Бесабаб нест, ки шоҳасари «Тоҷикон» дар илми ховаршиносии шуравӣ падидаи ниҳоят муҳим ва навгонии беназир эътироф гардидааст.

Китоби «Тоҷикон» аввалин асари илмие мебошад, ки дар он шинохти миллат эътибори комил ёфтааст. Ин асар бозгўкунандаи таърихи миллати тоҷик дар фарози асрҳои II-III-и пеш аз милодро дар бар гирифта, муаллиф бо заҳмати чандинсолаи худ миллати тамаддунсози тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. Чопи ин асар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандустиву ифтихори миллӣ аз болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеа мусоидат менамояд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуда буданд, ки мо-тоҷикон, миллати фарҳангдўст, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштагонамон ҳарчи бештар рў оварем ва дар қалби наслҳои имрўзаву ояндаи ватан худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллиро ҷо намоем.

Маҳз Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омузиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои шоистаи ниёгонамон дар тўли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангдўсти тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 доир мегардад.

Китоби «Тоҷикон»-и Алома Бобоҷон Ғафуров ҳамчун шиносномаи халқи тоҷик дониста шуда, намунаи беҳтарин ва безаволи таърихӣ гардидааст, ки асрҳо арзиши худро гум накардааст ва ҷовидонӣ ҳоҳад монд.

Маърифат АХМЕДОВА,
сармутахассиси шуъбаи адабиёти
техникӣ ва илмҳои дақиқ.