Суханҳои ҳикматомўзи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи одобу ахлоқ. Бахши аввал
Равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаи муосири башарӣ собит месозанд, ки имрӯз сатҳи пешрафту инкишофи ҳаёти маънавии инсониятро на шумораи зиёди аҳолӣ ва сарватҳоӣ моддӣ, балки ахлоқи ҳамида, тарбияи нек, рушду нумӯи илму маориф ва техникаву техналогияҳои муосир муайян мекунанд.
**** **** ****
Дар урфият беҳуда нагуфтаанд, “фарзанд азиз, одобаш азизтар аст”. Равандҳои пуртазоди вақтҳои охир низ тақозо менамоянд, ки масъулияти омӯзгор, падару модар, махсусан хизматчиёну мансабдорони давлатӣ ва соҳибкорон, барои рафторҳои ношоиста ва қонунвайронкунӣ аз тарафи фарзандонашон баланд бардошта шавад.
**** **** ****
Истиқлолият ва зарурати таҳкими дастовардҳои он моро водор месозанд, ки хотираи таърихии халқамонро эҳё намуда, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии худро аз нав барқарор созем ва барои рушду нумӯи забону адабиёт, илму фарҳанг ва мактабу маориф беш аз ҳар вақти дигар кӯшишу ғайрат намоем.
**** **** ****
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо ба ҷалби аҳли ҷомеа, бахусус падару модар, бояд наслеро тарбия карда, ба воя расонем, ки аз нигоҳи одобу ахлоқ, донишу заковат, худшиносиву ҷаҳонбинӣ ба ниёзмандиҳои ҷаҳони муосир мувофиқ бошад.
**** **** ****
Мо бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоистаи мо кору пайкори насли имрӯзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.
**** **** ****
Зикр намудан бамаврид аст, ки дар шароити равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ халқу миллатҳои соҳибистиқлол бояд симои маънавии миллӣ, аз ҷумла арзишҳои фарҳангиву ахлоқии худро ҳифз карда тавонанд.
**** **** ****
Ниёгони тамаддунофари мо доимо таъкид доштаанд, ки инсон падидаи тарбиятӣ мебошад. Ташаккул ва такомули ҳақиқии инсон раванди пайгир ва огоҳонаи рушди маънавӣ ва ахлоқии ӯ дар робита бо такмили мазмуни инсонгароии низоми иҷтимоист.
**** **** ****
Барои фароҳам омадани муҳити солими ахлоқӣ тамоми аҳли ҷомеа, бахусус падарону модаронро зарур аст, ки насли наврасро барои фаро гирифтани таърих, адабиёт ва фалсафаи қадимии халқи худ талқин намоянд.
**** **** ****
Ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши “пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек” беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тӯли асрҳо барои ташаккули арзишҳои соли башардӯстона хидмат кардааст.
**** **** ****
Мо бояд ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи нек ба воя расонидани ҷавонон кӯшиш намоем.
**** **** ****
Дар сафарҳои хориҷии худ борҳо аз забони ашхоси гуногун, ки аз таърихи миллати мо воқифанд, шунидаам: мардумони Ғарб дарси одобу ахлоқ, меҳру муҳаббат, самимияти баланду меҳмоннавозӣ, хайрхоҳӣ, ватандорию миллатдӯстиро бояд аз шумо, тоҷикон, омӯзанд.
**** **** ****
Натиҷаи аз ҳама нигаронкунанда ва ҳатто хатарноки раванди глобализатсия ва ҷараёнҳои ба он пайванд коҳиш ёфтани ахлоқ, маънавиёт, одоб, суннат, фарҳанг ва унсурҳои дигари иҷтимоист, ки бе онҳо ҳастии ҳақиқии инсон амалан ғайриимкон аст.
**** **** ****
Тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, илму донишандӯзӣ, забондонӣ ва одобу ахлоқи ҳамида кафолати пешрафти маънавии ҷомеа ва, дар маҷмуъ, ояндаи ободи кишварамон мебошад.
**** **** ****
Имрӯз дар назди кормандони соҳаи маориф вазифаи ниҳоят масъулиятнок, яъне мувофиқи талаби замон ташаккул додани ҷаҳонбинӣ, одобу ахлоқи ҳамида, донишҳои муосири насли ҷавони мамлакат истодааст ва барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳои созанда софдилона заҳмат бояд кашид.
**** **** ****
Тамоми осори гузаштагони мо аз “Авасто” сар карда, то Рӯдакию Фирдавсӣ, Мавлавию Хайём, Носири Хусрав ва Хоҷа Камол, Саъдию Ҳофиз, Ҷомию Соиб, Саййидою Дониш ва садҳо дигарро маҷмӯаи одобу ахлоқ номидан мумкин аст. Ҳоҷати аз берун овардани меъёрҳои ахлоқӣ нест.
**** **** ****
Мероси фарҳангии ниёгони мо, аз ҷумла садҳо одобномаю андарзномаҳо, рисолаҳои ахлоқию дастурҳои давлатдориро фаро мегирад. Ин рисолаҳо арзиши бузурги тарбиявию ахлоқӣ дошта, ба одоби суҳбат, пазироиву нишаст, одоби зиёфату меҳмондорӣ, таълиму тарбия, одоби илмомӯзиву интихоби пешаи муносиб, одоби посдории касбу кор, ҳурмату эҳтироми падару модар, умуман, калонсолон ва расидан ба қадри заҳмати ҳалол ва дигар паҳлуҳои мухталифи тарбияи фарзанд ва рисолати оиладорӣ бахшида шудаанд.
**** **** ****
Ниёгони мо бузургтарин эҷодгарони фарҳанги ахлоқӣ, одобӣ оиладорӣ, ҳусни басират ва тарбияи пайгиронаи фарзандон дар оила буда, ба маънои пуррааш ба мактаби тарбияи одамият замина гузоштаанд.
**** **** ****
Дар баробари кӯшиш барои ободии ватан, ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон, риояи одобу русуми неки миллӣ, тоза нигоҳ доштани забони модарӣ бояд вазифаи ҷонии ҷавонони мо башад.
**** **** ****
Вазифаи падару модарон танҳо ба дунё овардани фарзандон нест, балки вазифаи муқаддаси онҳо бо ахлоқи ҳамида тарбия ва соҳибмаърифат кардани онон мебошад.
**** **** ****
Маҳз тавассути тамаддуну оинҳои деринаи давлатдорӣ аз озмоишҳои мушкили таърих гузаштаем ва ҳар гуна таблиғоту ташвиқоти ғаразнок моро аз роҳи интихобкардаамон – сохтмони ҷомеаи ҳуқуқбунёду дунявӣ ва демократӣ – баргардонида наметавонад.
**** **** ****
Аз китоби “Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон”.
Таҳияи Зебонисо Давлатова, мутахассиси пешбари Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин китоб бо талоши Зафар Шералӣ Сайидзода соли 2017 нашр шудааст ва шумо, хонандагони азиз, онро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.