Суханрониҳо дар Конфронс. Аламхон Кӯчарзода. Дар шинохти шахсияти Мавлонои Балхӣ

Профессори Донишгоҳи милли Тоҷикистон Аламхон Кӯчарзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ин суол ҷалб кард, ки  чаро мавлоношиноси шинохтаи тоҷик Нодир Одил манзумаи «Бозтоби офтоб»-и Меҳмон Бахтиро, ки каме зиёдтар аз як ҷузъи чопӣ мебошад, ба китоби «Валаднома», ки аз назму наср иборат буда, танҳо назми он ҳудуди даҳ ҳазор байтро дар навъи маснавӣ фаро мегирад, қиёс намуда, онро «Валаднома»-и сонӣ» гуфтааст? Арзиши адабӣ ва таърихии «Валаднома»-ро таҳиягари эронӣ Ҷалолуддин Ҳумоӣ чунин баён намудааст: «Ин маснавӣ рўйи баёни аҳвол ва саргузашти Мавлоно ва асҳобу ёронаш сохта шуда ва қадимтарин ва саҳеҳтарин санади таърихӣ аст, ки барои тарҷумаи ҳолоти Мавлавӣ ва машоиху муридону хонаводаи ў дар даст дорем ва ин мақсудро беҳтар аз ин санади қотеъ ёфта намешавад».

Ба андешаи мо, муаллифи «Бозтоби офтоб» ҷавҳари таълимоти ирфонӣ, андешаҳои ахлоқию фалсафӣ ва инсонгароии Мавлоноро дар шароити нави таърихӣ чун «Валаднома» мавриди тасвири бадеӣ қарор дода, бо ҳамин мавқеъ ва манзалати инсони комилро тараннум намудааст, зеро «танҳо андешаи ҷаҳонсоз ва маънавиятзои чунин инсон метавонад ба ҳайси неруи тавонманде ба ҳирсу оз, кинаву кудурат, ҷангу пархош ва қатлу ғорат ғолиб ояд ва заминаи саодати маънавии инсон ва ҷомеаро фароҳам оварад»

Профессор Аламхон Кӯчарзода дар Конфронс дар мавзӯи “Дар шинохти шахсияти Мавлонои Балхӣ” суханронӣ кард. Вай гуфт: Чун сухан аз «Маснавии маънавӣ» меравад, пеш аз ҳама, ҳикояи нае, ки онро аз асли хеш ҷудо кардаанд, ба назар мерасад ва фасли навбатии манзумаи «Бозтоби офтоб» низ бо иқтибос аз оғози «Маснавии маънавӣ» шуруъ мешавад. Ва шоир ҳикояти найро шарҳу тавсиф дода, онро бар асари воқеаҳои сиёсии давр, ба зиндагии худи Мавлоно пайванд медиҳад. Мавлавӣ, ки аз бунёди худ ҷудо гардида буд, дар роҳи ишқи ёр риёзат мекашад ва бо гармии оташи ишқ ба васли ёр муваффақ мешавад.

Матни комили суханронии профессор Кӯчарзода. ДАР ШИНОХТИ ШАХСИЯТИ

МАВЛОНОИ БАЛХӢ