Суханрониҳо дар Конфронс. Хуршед Зиёӣ. Мақоми ақл ва илму дониш дар таълимоти Мавлоно
Хуршед Зиёӣ – доктори илмҳои фалсафа, профессор, мудири шуъбаи фалсафаи иҷтимоии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ ба ин назар аст,ки шахсияти Шамси Табрезӣ (1171/1188-1245) – дўсту ҳаммаслаки Мавлоно низ дар рушди андешаҳои ақлгароӣ ва илмпарварӣ дар таълимоти Мавлоно ва мавлавия нақши назаррас дорад. Ҳарду ин донишмандон шахсиятҳои воқеиву таърихие ҳастанд, ки дӯстии онҳо як мактаби бузургеро бо номи мавлавия ба бор овард ва таъсироти андешаҳои онҳо то кунун ҳам дар мамолики зиёди чи Шарқу чи Ғарб мушоҳида мегарданд. Шамси Табрезӣ кимиё, риёзиёт, илми нуҷум, ҳикмат ва мантиқро ба хубӣ медонистааст. Оне, ки Шамс худ асаре таълиф карда ё не, маълум нест. Ҳамин дақиқ аст, ки ӯ завқи навиштан, китобат кардан надоштааст. Вале шогирдон ваъзҳои ӯро китобат кардаанд, ки бо номи «Мақолоти Шамси Табрезӣ» маъруфанд. Ба ақидаи Б.Фурӯзонфар мақолот он суханон аст, ки Шамс дар «маҷолис баён карда ва суолу ҷавобҳое, ки миёни ӯ ва Мавлоно, ё муридону мункарон радду бадал шуда аст ва аз гусехтагӣ ва буридагии иборот ва матолиб пайдост, ки ин китобро Шамсуддин худ таълиф нанамуда, балки ҳамон ёддоштҳои рӯзонаи муридон аст, ки бо камоли бетартибӣ фароҳам намудаанд».
Дар китоби мазкур дар қисмати маърифат Шамси Табрезӣ ба масъалаҳои маърифати ҳастии ҳиссӣ, дунявӣ таваҷҷуҳи махсус дорад. Олам аз нигоҳи ў тавассути ақл дониста мешавад, на муҷоҳидату муморисат ё рўзаву намоз ва аз ин ҷост, ки Шамс соате тафаккурро беҳтар аз ибодати шастсола дониста, ақлро болотар аз илму дониши аз китобҳо ҳосилшуда меҳисобад. Вале ҳамзамон ақлҳои инсонӣ, аз диди ў, “ба ҳам мухолифанд ва мутаноқизанд”, ки ин боиси ҳархела маънидод гардидани ашёву зуҳуроти ҳиссӣ назди халқу қавмҳо ва донишмандони мухталиф гардидааст. Ҳаққонияти маънидоди ҳар кадомеро бошад, танҳо имтиҳон қазоват мекунад. Ба ибораи дигар, Шамси Табрезӣ имтиҳон (таҷриба)-ро чун дар фалсафаи муосир ба ҳайси меъёри ҳақиқат донистааст: “Дар олам чӣ чиз ҳаст, ки бе имтиҳон қабул ёфтааст, ё бе имтиҳон рад шудааст?”.
Дар маҷмўъ, ба андешаи Шамси Табрезӣ, ҳақиқати ин дунёро танҳо аз тариқи ақли инсонӣ донистан имкон дорад, ки таҳсили илм асоси онро ташкил медиҳад. Аз ин рў мутафаккир ба шогирдони худ илмомўзӣ, вале камсуханӣ назди донишмандон, бисёртар гўш кардани сухани дигарон ва танҳо тавассути ақл андеша кардаву баъдан сухан гуфтану навиштани онро талқин мекунад:.
Сухан, к-он аз сари андеша н-ояд
Набиштанрову гуфтанро нашояд.
Тамоми ақидаву андешаҳои ақлгароёнаи Шамси Табрезӣ ва дигар устодону пешгузаштагони худро ҷамъбаст намуда, Мавлоно дар осори манзуму мансури худ таълимоти хоссаи худро пешниҳод сохт. Дар ин росто ў баъзе масъалаҳои маърифати олами ҳиссӣ (феноменалӣ)-ро тафсир карда, нақши панҷ ҳисси зоҳир ва панҷ ҳисси ботин ва идрокро дар ин раванд муҳим дониста аст. Ҳиссҳо барои маърифати ин ҷаҳон ва маъмурии тани одамизоданд ва ин ҳиссҳои зоҳирӣ дар маърифат, ба ақидаи мутафаккир, яке дигареро пурра мекунад:
Панҷ ҳисс бо якдигар пайвастаанд,
З-он, ки ҳар панҷ з-асле рустаанд.
Қуввати як қуввати боқӣ шавад,
То бақоро ҳар яке соқӣ шавад.
Матни комили суханронии профессор Хуршед Зиёӣ. МАҚОМИ АҚЛ ВА ИЛМУ ДОНИШ ДАР ТАЪЛИМОТИ МАВЛОНО