Суханронии Директори Китобхонаи миллӣ профессор Ҷумахон Файзализода бахшида ба Рӯзи китоб
Ҳозирини гиромӣ!
Меҳмонон ва ҳамкорони арҷманд!
Сараввал, меҳмонони бисёр арҷманд ва кормандони азизро, ки дар ин боргоҳи илму маърифат, кохи муҳташами фарҳанг қарор доранд, самимона хайрамақдам гуфта, ҳамагонро ба муносибати ҷашнвораи Рўзи китоби тоҷик, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош мегўям!
Инак ба он рўзе, ки бо иштирок ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушодашавии бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, даҳ сол пур шуд. Сарвари давлати тоҷикон дар ҳузури намояндагони аҳли зиёи кишвар ин биное, ки дар Осиёи Миёна назир надорад, дар арафаи ҷашни Наврўз ба мардуми шарифи Тоҷикистон ҳадя намуд.
Мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав имконоти бештареро барои татбиқи вазифаҳои афзалиятноки китобхона дар самтҳои бунёди фондҳои электронӣ, инкишофи низоми электронии пахши иттилоот, созмондиҳӣ ва истифодаи толорҳои хониши вертуалӣ, таҳияи феҳристҳои электронӣ доир ба ҳама намуди маҳсулоти чопӣ ва нусхаҳои хаттӣ фароҳам оварда, дастёбии озодонаи хонандагонро ба хазинаҳои чопӣ ва электронии Китобхона таъмин менамояд. Инчунин дар фаъолияти Китобхона низоми нисбатан комили автоматикунонии равандҳои китобдорию иттилоотӣ татбиқ мегардад.
Албатта, ин иқдоми Президенти кишвар идомаи неки фарҳангдўстию фарҳангсозӣ ва китобдорию китобхонии аҷдоди тамаддунофари мо буд, ки дар замони нав бо тарҳу усули тоза рўйи кор омад.
Шоиста аст, агар мо дар ин рўзи фархунда аз фарҳангистони даврони Сосониён бо номи «Гунди Шопур» ёдовар шавем, ки таҳти шиори “Донишу хирад тавонотар аз шамшер аст” солҳои зиёд яке аз рукнҳои асосии давлатдории Сосониён ба ҳисоб мерафт. Ин қоидаи аҷргузорӣ ба китобу китобдориро амирони Сомонӣ низ идома дода, бузургтарин ва ғанитарин китобхонаи даврони худ – “Сивону-л-ҳикмат”-ро бунёд гузоштанд, ки ба илми китобшиносӣ ва китобдории тоҷикон замина гузошт.
Ҳозирини гиромӣ!
Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки пас аз ҳазор соли таназзули давлатдории тоҷикон, маҳви китобхонаҳою китобсўзиҳо, қатлу куштори нобиғаҳои илму фарҳанг, нобуд сохтани осори зиёди фарҳангии мо бунёд карда шуд, иқдоми дигареро низ дар пай дошт, ки он Рўзи китоб эълон гардидани 4-уми сентябр мебошад. Ва эълони ин ҷашн низ аз таърихи пурифтихор ва тамаддуни бою ғании мо манша мегирад. На танҳо худи мо, балки тамоми миллати мутамаддини ҷаҳон аз ин ҳақиқати бебаҳс огоҳанд, ки тоҷикон аз қадимулайём соҳиби фарҳанги баланди китобдорӣ буда, таъриху тақдирашон ба килку қалам ва девону дафтар алоқаи ногусастанӣ дорад. Ва чунин муомилаву муносибат бо китоб, албатта, заминаҳои устувори ақлонӣ дорад. Ва чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши давраи бостонӣ, хираду заковати халқҳо ва наслҳоро зинда нигоҳ медорад. Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст».
Дўстони азиз!
Мову шумо хуб медонем, ки дар шароити навини давлатдории мо, ки ба даврони муколамаи фарҳангҳо ва ҳатто бархўрди тамаддунҳо рост омадааст, нақши китобу китобхона боз ҳам равшантар мегардад. Дар чунин марҳилаи ҳассос танҳо ҳамон миллату давлате аз худ дифоъ карда метавонад, ки шаҳрвандони бофазлу дониш ва хирадманду худогоҳ дошта бошад. Ва миллати мо, ки таҷрибаи чандинҳазорсолаи тамаддунофарию фарҳангсолорӣ дошта, бо забону адабиёти оламшумули худ машҳур аст, дар ин марҳалаи тақдирсоз боз рўй ба китоб оварда, дар баробари ҳодисоти рўзгор барои худ аз он ҷавшану сипари мустаҳкам месозад.
Бо ҳамин умеду ниятҳои нек боз як бори дигар ба ҳамаи шумо ин рўзи фархунда, яъне ҷашни Рўзи китобро муборакбод гуфта, таманнои онро мекунам, ки ин бинои муқаддас ва боҳашамате, ки дар оғози давлатдории навини тоҷикон қомат афрохтааст, асрҳои аср ба миллати фарҳангпарвари тоҷик хизмати шоиста намояд.
Дар охир ба ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, хонаи обод ва амну осоиши ҳамешагӣ таманно дорам!