Суханронии директори Китобхонаи миллӣ дар Конгресси Тошканд ва рӯнамоии охирин пажӯҳиши ӯ бар ақоиди педагогии мутафаккирони форсу тоҷик
Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ҷумахон Файзализода зимни суханрониаш дар Конгресси ҳаштуми байналмилалии анҷумани мутолеа, ҳифз ва умумият бахшидан ба мероси фарҳангии Узбекистон (WOSCU) гуфт, ки ман аз номи ҷомеаи китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва шахсан аз номи худам ҳамаи иштирокчиён, ташкилотчиён ва меҳмонони Конгрессро табрик менамоям.
Бамаврид аст зикр кунам, ки Конгресс ҷойгоҳи шоистаи худро дар байни форумҳои байналмилалӣ ба даст овардааст ва ба унвони майдоне шинохта шудааст, ки дар он мушкилоти мубрами на танҳо фаъолиятҳои китобхонаӣ ва иттилоърасонӣ, балки мероси ғании илмӣ ва фарҳангии баҷомонда аз донишмандони бузург ва мутафаккирони Эҳёи аввал ва дуюми Шарқ ба таври халлоқона мавриди баҳс қарор мегирад, лоиҳаҳои бузургро дар заминаи илм ва фарҳанг ироа мекунад.
Профессор Файзализода дар идомаи паёми худ дар Конгресс афзуд: Ҷомеаи муосир давраи бесуботӣ ва фалокатҳоро паси сар карда, кӯшиш мекунад, ки роҳи раҳоӣ аз мушкилоти зиёди ҷаҳонӣ ва маҳалливу минтақавиро пайдо кунад. Барои инсон китоб ва фарҳанг ҳамеша ба унвони муҳимтарин нуқтаи атф дар олами атрофи ӯ, дар дунёи дониш ва нигариш боқӣ мондааст, ки аз тариқи он арзишҳои ахлоқӣ ва зебоишинохтии ҷомеаро дарк мекунад. Аз даст додани ин раҳнамудҳои ҳаётӣ тавоноии фардро барои иҷтимоӣ шудан бисёр коҳиш медиҳад.
Мо боварй дорем, ки Конгресси ҳаштуми байналмилалии анҷумани мутолеа, ҳифз ва умумият бахшидан ба мероси фарҳангии Узбекистон (WOSCU) барои инкишофи минбаъдаи илмҳои гуманитарй, омӯзиши таъриху маданияти на танҳо Узбекистон, балки дигар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ марҳалаи муҳим хоҳад шуд.
Сипас, Директори Китобхонаи миллӣ охирин пажӯҳиши худ дар мавзуи “Ба низом даровардани афкори педагогии мутафаккирони асрҳои миёна”-ро рӯнамоӣ кард. Вай дар оғоз гуфт: Ташаккули халқи тоҷик ба қарнҳо, ба даврони шукуфоии бузургтарин қудратҳои ҷаҳон – Сосониён ва Сомониён бармегардад. Тоҷикон аз ҷиҳати фарҳангй ва этникй бо бисьёр халқҳои мамлакатҳои ҳамсоя — эрониҳо, афғонинистониён, узбекхо, туркманҳо, инчунин бо халкҳои Ҳиндустон ва мамлакатҳои араб алокаманданд. Аз ин рӯ, омӯзиши мероси эҷодӣ ва илмии мутафаккирони тоҷику форси асрҳои X-XV, ки ақидаҳои педагогии онҳоро ифода мекунад, дар роҳи омӯзиши таърихи афкори педагогии на танҳо халқи тоҷик, балки дигар халқҳо нақши муҳим хоҳад дошт.
Дар таҳқиқи мо тафсири тозаи илмии асоснок ва объективии ақидаҳо ва дидгоҳҳои педагогии донишмандон ва мутафаккирони бузургги тоҷику форси асрҳои миёна Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, Абдулқосим Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носираи Хусрав, Низомулмулк, Унсуралмаолии Кайковус, Умари Хайём, Абдулмаҷди Саноӣ, Фаридуддини Аттор, Насриддини Тӯсӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Муслиҳиддин Саъдӣ, Хусайн Воизи Кошифӣ ва дигарон мавриди барарсӣ қарор гирифта, ба андешахое, ки ба рушди педагогика ва маорифи муосири Тоҷикистон таъсири назаррас доштанд, таъкид шудааст.
Профессор Файзализода назари худро дар мавриди вижагиҳои ҷаҳонбинӣ, аҳдоф ва усули тарбият ва омӯзиш, омӯзиши кӯдакону наврасон, ҷанбаҳо ва ҷиҳатгириҳои аслии омӯзиш, нақши муаллим ва талабот ба ӯ, нақши хонавода дар тарбия, табиати кӯдак ва инкишофи ӯ ва ғайра дар осори нухбагони адабиёт ва фарҳанги форсу тоҷик иброз дошт ва хулосаи пажӯҳиши худро ба ширкаткунандагони Конгресс расонд.
Гуфтанист, ки Конгресси ҳаштуми байналмилалии анҷумани мутолеа, ҳифз ва умумият бахшидан ба мероси фарҳангии Узбекистон (WOSCU) рӯи ҷумъа дар пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон шаҳри Тошканд оғоз ба кор кард. Дар он наздик ба 300 нафар донишмандон аз 35 кишвари олам ширкат доранд. Дар миёни 180 таҳлилгарони даъватшуда 15 нафари онҳо академик, 40 нафар профессорон ва дотсентон, 103 нафар докторони илм, 54 нафар деркторони китобхонаҳо ва осорхонаҳо мебошанд.
Б.Шафеъ