Суҳбати мондагори як донишманди тоҷик дар маҳфили “Хонандаи имрӯз-созандаи фардо”

Аз Одамушшуаро то Маликушшуаро. Осори боқимондаи адиби маъруф. Оё Рӯдакӣ кӯри модарзод буд ё кӯраш карданд? Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ дар меҳмонии маҳфили “Аз Рӯдакӣ то Ҷомӣ” маслиҳатҳои муфиде ба довталабони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дод.
Дар толори “Фурӯғ”-и Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии “Аз Рӯдакӣ то Ҷомӣ“ аз силсилаи “Хонандаи имрӯз-созандаи фардо” бо иштироки довталабони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, хонандагони доимии китобхона, намояндагони васоити ахбори омма, кормандони китобхони миллӣ ва меҳмони хос даъватшуда – узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, адабиётшинос ва муҳаққиқ Алии Муҳаммадии Хуросонӣ баргузор гардид.
Маҳфилро муовини директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Камолзода бо паёми шодбошӣ ифтитоҳ бахшида, мавзӯи навбатиро дар бедор намудани худшиносиву худогиҳии миллӣ дар зеҳни насли наврас заруриву саривақтӣ арзёбӣ намуд. Муовини директори Китобхонаи миллӣ зимни суханронии худ барои ташриф аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ арзи сипос намуда, ба ҳозирин аз ҳаёт ва фаъолияти адиб ва муҳаққиқи шинохтаи тоҷик маълумот дод.
“Алии Муҳаммадии Хуросонӣ 29-уми октябри соли 1950 дар деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омада, соли 1972 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Пас аз хатми донишгоҳ дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор оғоз намуда, аз соли 2000 роҳбарии шуъбаи матншиносиро ба ӯҳда доштааст.
Осор ва навиштаҳои Алии Муҳаммадии Хуросонӣ теъдоди хеле зиёд дошта, “Муносибатҳои дӯстона ва равобити эҷодии Ҷомӣ ва Навоӣ”, “Асадии Тӯсӣ ва достони “Гаршоспнома””, “Нома ва номанигорӣ дар “Шоҳнома””, “Таърихи адабиёти форсии дарии тоҷикӣ”, “Ҷозибаи калом” маҳсули эъҷоди ӯ мебошанд. Ба ҷуз муҳаққиқӣ мавсуф шоир низ ҳаст, ки маҷмӯаҳои “Чашмаи нур”, “Майи гулгун”, “Насими тавҳид”, “Вусъати ишқ”, “Шукуфаҳои сабзи баҳор”, “Садои вақт” ва ғайраҳо мутаалиқ ба осори ӯянд.”

Сипас сухан ба нависанда, адабиётшинос ва муҳаққиқ Алии Муҳаммадии Хуросонӣ дода шуд. Алии Муҳаммадии Хуросонӣ доир ба фаъолияти эҷодии худ ва сабаби интихоб намудани адабу адабиёт сухан кард. Дар бораи Рӯдакӣ ва рӯдакишиносии ҷаҳон ва пажӯҳишҳои аввалини рӯдакишиноси эронӣ Сайид Нафисӣ ва ҷашни пуршукӯҳи 1100 солагии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ қисса намуд. Аз ҷумла чунин баён дошт: “Соли 1958 вақте ман дар синфи якум мехондам дар деҳаи Рӯдак, ки аз мо начандон дурӣ дошт, барои таҷлили ҷашни 1100 солагии Маликушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шарқшиносони зиёди ҷаҳонӣ, бахусус аз Эрон, ташриф оварда буданд. Ҳамон вақт хоҳиши омӯзиши забон ва адабиёти тоҷикӣ (форсӣ) дар дили ман як таконе дод ва ман ин пешаро интихоб кардам. Хушбахтона, то имрӯз корҳои андакеро ба анҷом расонидам, ки шумори онҳо на камтар аз 80 номгӯй аст. ”
Гуфтан бамаврид аст, ки ҳанӯз солҳои 1940-41уми асри ХХ Сайид Нафисӣ адабиётшинос ва рӯдакишиноси маъруф абёти Рӯдакиро бо 850 байт ба чоп расонид ва то имрӯз дар натиҷаи ҷустуҷӯҳову омӯзишҳо осори Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ба 1173 байт расидааст, ҳол он ки шеъри Рӯдакӣ 100 000 байт аст. Ҳамчунин муҳаққиқ иброз дошт, ки дар натиҷаи пажӯҳишҳо рӯдакишиносон тавонистанд исбот намоянд, ки мисраҳои машҳури “Бихандад лола бар саҳро..” моли Рӯдакӣ набуда, балки ба қалами Манучеҳрии Домғонӣ тааллуқ доранд.
Суҳбати Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ҳушу гӯши ҳамагонро рабуда буду касе гӯш аз гуфтораш боз намеканд, зеро муҳаққиқ чунин маълумотеро ба аҳли нишаст мегуфт, ки барояшон нав буд.
АЗ ОДАМУШШУАРО ТО МАЛИКУШШУАРО

Рӯдакӣ асосан навозандаи асбобҳои мусиқӣ буд. Ба хотири сайқал додани ҳунари худ аз зодгоҳаш ба Самарқанд омад. Вақте дар Самарқанд ҳунари навозандагиро ҳамаҷониба омӯхтаву ба маҳфилҳои хосаи бузургони Самарқанд кашида шуд, фаҳмид, ки танҳо бо навохтани мусиқӣ диқққати аҳли ин маҷлисро ҷалб кардан чандон муваффақият намеорад. Аз ин ҷост, ки Рӯдакӣ ба оҳангҳои худ шеър навиштанро оғоз кард ва бо ин аз ҳунари мутрибӣ ба олами суханварӣ дохил шуд.
Шеър гуфт. Шеърҳои хуб гуфт. Шеърҳояш ба зудӣ дар дилҳо маскан гирифтанд. Маликушшуарои дарбори Сомониён ва аз дӯстдоштатарин шоирони давр гашт. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар поя ва паҳлӯи Рӯдакӣ аз ҳамасронаш Абушакури Балхӣ, Муизӣ, Муродӣ, Абулмуайяди Балхӣ буданд ва онҳо на камтар аз Рӯдакӣ шеър мегуфтанд. Маҳз ҳамин тавоноӣ – тобиши ҳампешагон буд, ки Рӯдакиро чун ситораи тобон миёни онҳо боз ҳам болотару рӯшантар кард. Ба хамин хотир Рӯдакӣ сардафтари адабиёти форсу тоҷик дониста шудааст, зеро забони мо, забони мардуми афғону эрон ҳама як забон буд, забони дарӣ.
ОСОРИ РӮДАКӢ
Шоир, нависанда, ҳаким ва донишманди форс-тоҷик Низомии Арӯзии Самарқандӣ, мегӯяд, ки осори Маликушшуаро Рӯдакиро 13 маротиба шумурдааст ва он 100 000 байт буда, то замони мо ками андар камаш омада расидааст – 1173 байт.
Фарзияеи ҳаст, гӯё Рӯдакӣ ба гурӯҳи қарматиҳо ҳамроҳ шудаасту дар охири умраш осорашро ҷамъ кардаву сӯхтаанд, ки асос надорад. “Девони Рӯдакиро ҳеҷ вақт насӯхтаанд. Девони Рӯдакӣ дар қатори осори ноёби аҳди Сомониён, аниқаш китобхонаи гаронарзиш ва ноёби ин аҳдро душманон ба пуррагӣ сӯзондаву аз байн бурдаанд.”

Ин аст, ки тақрибан аз 73-74 нафар шоири ҳамасри Рӯдакӣ осори ягон нафарашон боқӣ намондааст. Бояд тазаккур дод, ки “ҳамаи ин шоирон дар сатҳи Рӯдакӣ буданд, зеро агар онҳо ҳамсатҳи Рӯдакӣ намешуданд, Маликушшуаро ин хел шеърҳои баланд намегуфт.” Ҳузури онҳо Рӯдакиро такон медод, то ӯ шеърҳои баландтар аз шеърҳои онҳо гӯяд.
Пас, дар навбати аввал осори Рӯдакӣ ба таври шифоҳӣ ва баъдан дар луғатномаву фарҳангҳо ҷой дода шуда, байт-байт ҷамъоварӣ шудааст, ки ба ин кор Сайид Нафисӣ ва кормандони Институти шарқсиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон даст задаанд ва абёти устод Рӯдакиро аз чоп баровардаанд. Бо таҳқиқ ва омӯзиши сифати ин корҳо маълум гашт, ки дар нашри соли 1958 бисёр абёти ба Рӯдакӣ тааллуқ надошта ёфт шуданд, зеро ин байтҳо дар девонҳои дастхати муаллифонашон сабт гаштаанд. Хушбахтона, дар нашри 50 ҷилдаи Ахтарони адаб (ҷилди 1, соли 2007) ин чиз аз намунаи ашъори устод Рӯдакӣ берун оварда шуд, ки дар шарҳаш оварда шудааст.
Соли 2008 ба истиқболи 1150 солагии ҷашни устод Рӯдакӣ бо истифода аз 114-115 сарчашмаи таърихиву адабӣ ва луғатномаву фарҳанг матни илмиву интиқодии осори Рӯдакӣ таҳия гашт, ки 1173 байти устод дар он ҷой дода шуд. Лозим ба ёдоварист, ки дар атрофи шеъри Рӯдакӣ ҷустуҷӯҳо идома доранд. Ба наздикӣ донишманди эронӣ Масъуди Қозимӣ дар маҷаллаи Бухоро хабар додааст, ки байте аз фарҳанги “Адот-ул-фузало”-и Қозихон Муҳаммади Деҳлавӣ ёфт шуд ва ин байти тозаи Рӯдакӣ аст, ки дар чопи дигари Девони Рӯдакӣ (соли 2025) ҷой дода шуд:
Дар зери фалак нишоти мо чист?
Рақси бараву дукони қассоб.
Илова ба ин мисолҳои зиёде ҳастанд, ки дар байтҳои устод калимаҳо дар ҳар чоп ба тарзи гуногун оварда шудаанд ва дар нашри соли 2025 Осори Рӯдакӣ ин ислоҳот дароварда шудааст.
“Ҳамчунин дар чопҳои то инвақтбуда ба номи Рӯдакӣ абёти шоирони дигар ба монанди: Анварии Абевардӣ, Манучеҳрии Домғонӣ ва ғайраҳо ворид шуда буданд, ки оҳиста-оҳиста ин матнҳо бо таҳқиқи комил дар тавзеҳоти китобҳои минбаъда оварда хоҳанд шуд, то моли Рӯдакӣ набудани ин абётро хонандаи каломи ноб донад ва ҳарчи зудтар осори тозаи Рӯдакиро ба даст дошта бошад.”
ОЁ РӮДАКӢ КӮР БУД Ё КӮРАШ КАРДАНД?

На! Рӯдакиро кӯр накарданд ва аз дарбор ҳам наронданд. Ин гуфтаҳо асос надоранд ва дар ягон маъхазу сарчашмаи таърихиву тазкира ҷой надоранд. Ин сохтаву бофтаҳоро бояд, ки аз хотири худ дур кунем ва гӯем, ки Рӯдакӣ пир шуд, дарбори Сомониён қудрату тавони худро аз даст дод ва Рӯдакӣ рӯ ба ҷониби зодгоҳаш ниҳод.
Дар идомаи маҳфил ҳозирин бо адиби маъруф Алии Муҳаммадии Хуросонӣ оиди адабиёти классик, мероси гаронарзиши ниёкон суолу ҷавобҳои судманд анҷом дода, аз осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.
Дар зимн, Алии Муҳаммадии Хуросонӣ дар фарҷом ба довталабону иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” маслиҳатҳои муфид дод.

Маҳфили мазкур мақбули кулли иштирокдорон гашт, зеро эшон баҳри худ ғизои бойи маънавӣ гирифтанд. Ин суҳбати адабӣ бо нависанда, адабиётшинос ва муҳаққиқ Алии Муҳаммадии Хуросонӣ дӯстдорони китобу адабиётро фурсати хубе буд баҳри шиносоӣ бо ганҷинаи адабии миллати тоҷик ва андешаҳои тозаи пажӯҳишӣ.
Мо аҳли нишаст барои суҳбати самимӣ, маърифатбор ва судманд аз устоди сухану пажуҳиш Алии Муҳаммадии Хуросонӣ изҳори сипос менамоем!
Дар ана ҳамин авҷи хушиву илҳоми бадеӣ маҳфили “Хонандаи имрӯз – созандаи фардо” ба кори худ анҷом бахшид.
Махфират МУҲИДИНОВА,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа