Сулаймон бо чунин ҳашмат, назарҳо буд бо мураш

Сулаймон яке аз персонажҳои қиссаву ривоятҳои тоҷикӣ, писари Довуди набӣ ва севвумин подшоҳи банӣ Исроил, ки соли 1006 ё 1001 то милод ба тахти шоҳӣ нишастааст. Мувофиқи маъхазҳои динӣ, ў ҳамчун шахси худопараст Байту-л-муқаддасро бино карда чун подшоҳи одил ба ободии  кишвар ва рафоҳияти раият дақиқати махсус медодааст. Дар муддати кўтоҳ шуҳрати адлу дод, илму дониш, ҳикмат ва рою тадбири  неки ҳукуматдории ў ба ҷаҳон паҳн гардидааст.

            Сулаймон дар Таврот подшоҳ ва дар китоби муқаддаси Қуръон паёмбар ва яктопарастӣ манбаи ибрат дониста шудааст. Эҳтимол меравад, ки симои мавсуф  қабл аз интишори дини ислом ба василаи муътақидону мубалиғони  мазҳаби калимию масеҳӣ ва офаридаҳои   шифоҳии мардуми Шарқи Наздик ба Эронзамин роҳ ёфта, дар миёни мардуми ин диёр паҳн гардида, бо мурури замон ба афкору осорашон дохил шуда бошад.

            Сулаймон ҳамчун паёмбар дар шумори яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти шифоҳӣ қарор дорад.  Дар қисса, афсона, ривоят ва дигар жанрҳои фолклорӣ пеш аз ҳама аз паёмбару паёмбарзода будани ў, сониян подшоҳи боадлу инсоф, дар ҳукмравоию мамлакатдорӣ устоди моҳир, марди хирадманд, бозаковат ва соҳиби фазлу дониш будани ў сухан меравад.

            Тибқи ривоёт ва афсонаҳо, Сулаймон ҳам паёмбари деву дад ва ҳам подшоҳи одамиёну париён, парандагону хазандагон ва кулли махлуқот буда, забони мурғон ва ҷамеи ҷонваронро медонистааст ва ҳамаи онҳо мутеъ ва фармонбардори ў будаанд. Ҳамин гуна хислатҳои неки ў дар афсона ва ривоятҳои мардумӣ ниҳоят бисёр инъикос ёфтааст.

Чандин нақлу ривоят, аз қабили  «Сулаймон ва мўр» , «Сулаймон ва малах“, «Сулаймон ва Ҳотам», «Ангуштарини Сулаймон», «Сулаймон ва деву парӣ», Сулаймон ва ҳудҳуд», «Суламон ва симурғ», «Ганҷи Сулаймонва ғайра ҳам дар адабиёти хаттӣ ва ҳам дар эҷодиёти лафзии мардуми тоҷик бо вариантҳои гуногун дучор меоянд, ки аз хислатҳои нек ва муъҷизаофарии Сулаймон ҳикоя мекунанд. Қудрати Сулаймон дар байни мардум аз нигини ў дониста мешавад. Ба туфайли ҳамин нигин ҳатто бод мутеаш буда, дар қаламрави шоҳии ў ҳар чӣ мегузашт, ба гўши Сулаймон мерасонд ва тахти ўро  ба ҳар ҷо, ки мехост, мебурд.

            Бисёр ҷузъиёту лаҳазоти ҷолиби рўзгору рафтори Сулаймон, корномаву муҳаббату раиятпарварии ў дар фолклори тоҷик зарбулмасалу мақол, тамсилу латифа ва ҳикояҳои пандомези бисёреро ба вуҷуд овардааст. Рубоии зерин аз шоҳ ва соҳиби тахту ҷалол будани ў гувоҳӣ медиҳад:

Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар,

Хори Ватан аз лолаву райҳон хуштар.

Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард,

Эй кош гадо будӣ, ба Канъон хуштар.

 

Бозчоп: Аз Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. – Душанбе: «ЭР-граф». – 2017. –  Ҷ. 2. – С. 353.

Муаллиф: Ш. Мирзоева.     

Адабиёт:

Қасас-ул-анбиё. – Душанбе, 1991.

     Шуъбаи библиографияи миллӣ.