Сулҳу Ваҳдати миллӣ-заминаи бунёдии давлати соҳибистиқлол

oziyon-sharij-ozyҲар сол мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил ва бо шукргузорӣ аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳи манзалати хос таҷлил менамояд. Зеро маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ, яъне 27 июни соли 1997, бо талошҳои фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар кишвар ба даст омад.

Сулҳу ваҳдати миллӣ барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон неъмати бебаҳое мебошанд, ки бо саъю талошҳои мардуми тоҷик ба даст омадааст ва дар меҳвари бунёдии ин дастоварди бузурги таърихӣ заҳматҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидиро доро мебошанд.

Аслан, вожаҳои “сулҳу ваҳдат” барои ҳар як миллат мафҳуми муқаддасу гаронарзиш маҳсуб меёбанд. Дар тамоми давраҳои таърихӣ мардуми тамаддунофари тоҷик маҳз бо ваҳдату фарҳанги воло бақои худро таъмин кардааст. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар ин вожаҳо муҳиммияти хоссаро касб намуда, ифодагари ваҳдату ягонагии кулли мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Сулҳу ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик дар баробари Истиқлоли давлатӣ неъмати бебаҳо ва муқаддасу арзишманд ҳастанд. Ҳар як фарди тоҷик бояд фаромӯш насозад ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, тамаддунофар ва созандаю бунёдкор мебошад. Таърих ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар исбот намуданд, ки халқи тоҷикро дар масири айём ҳамчун миллати куҳанбунёд, бонангу номус, бохираду адолатхоҳ, бунёдкору заҳматкаш ва дорои хиради азалӣ эҳтирому эътироф менамоянд.

Вобаста ба ин, сулҳу ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти осоиштаи инсон, орзуву ормон, таҳкими давлатдорӣ, наҷотбахши миллат ва ҳастии инсон дар ҳар давру замон мебошанд.

Маҳз ба шарофати пойдорӣ ва танинандозии сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҷомеа ҳувияти миллӣ, асолати миллӣ, андешаи миллӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ побарҷо гардида, ифтихори миллии ҳар як фарди ҷомеа беш аз пеш эҳсос мешавад. Устувории сулҳу суботи миллӣ, эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, муттаҳидии неруи сазандаву бунёдкорона, иқдомҳои неку навоварона ба хотири эъмори ҷомеаи, воқеан, мутамаддин, демокративу ҳуқуқбунёд равона гардида, дар ин росто, пойдории арзишҳои болозикр вазифаи аввалиндараҷаи ҳар соҳибватан маҳсуб меёбад.

Ҳамин тариқ, бояд иброз намуд, ки сулҳу ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик ба сифати неъмати бебаҳои наслҳои имрӯз ва оянда пазируфта шуда, дар ин бобат асолати таърихиро нисбат ба заҳмату талошҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш сохт. Зеро пос доштани марҳалаҳои муҳим  ва тақдирсози миллату давлати тоҷик ва шахсиятҳои таърихиву ватанпарвари он худ посдории гузашта, имрӯз ва фардои давлатро ифода менамояд.

Аз китоби Қозиён Шариф Қозӣ: “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдат”. Душанбе, соли 2024.

Таҳияи Зебонисо Давлятова,
мутахассиси пешбари Медиатекаи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.