Сутуни Оббурдан дар куҷост?

Миллати мо беҳтарин санъати наққошиву кандакориро аз гузаштагон ба мерос дорад, ки ҳеч яке шабеҳи дигаре нест. Ин аз ҳунари волои м ардум шаҳодат медиҳад. Яке аз ин шаҳкорҳо Сутуни Оббурдан аст, ки  онро соли 1924 этнограф И.С, Андреев дар деҳаи Оббурдони ноҳияи Куҳистони Масч пайдо кардааст.

Бо мурури замон пояи сутун кўтоҳ гардида, дар натиҷа сутун кўтоҳ шудааст (собиқ 2 м буд, ҳоло 1, 92 м аст).

Нақшунигори сутун аз ҳошияи бенақш, ҳошияҳои борику мухталиф иборат аст. Кандакории сарсутун ҷолиб мебошад. Онро се қатор нусхаҳои шалғамӣ иҳота намудаанд. Дар назари аввал чашмакҳои нусхаи шалғамӣ як навъ тофта, аз ҳам тафовут доранд.

Дохили чашмакҳои даврашакл нусхаҳои кирмакҳои моҳимонанд мебинем. Нусхаҳо дар болои танаи сари сутун ба кафтарҳои гардандароз монанданд. Нақшу нигори  Сутуни оббурдан ба ороиши меҳроби Искодар, наълинҳои водии Зарафшон, мақбараи ҳазрати Шоҳ (деҳаи Чоркўҳи Исфара) шабоҳат дошта, дар сарсутуни он тасвирҳои афсонавию табии, аз ҷумла моҳӣ, мор, кафтар, аждар таҷассум ёфтаанд.

Сутуни Оббурдан ҳоло дар Осорхонаи таърихии шаҳри Тошканд маҳфуз аст.

 

Бозчоп аз «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик». – 2017. – Ҷ. 2. – С. 363.

Муаллиф: Рўзиев, М.