Тақдими 100 китоби профессор Маҳамадӣ Ҳамраев ба Китобхонаи миллӣ

Маҳамадӣ ҲамраевНазира Ҳамраева, духтари профессор Маҳамадӣ Ҳамраев 100 нусха китобҳои падари марҳумашро аз китобхонаи шахсии ӯ ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуд. Ин китобҳоро кормандони шуъбаи мукаммалаградонии фонд якояк аз назар гузаронданд. Кулли китобҳои тақдимшуда ба забони русӣ буда, 35 нусха дар соҳаи тиб ва 65 нусха дар соҳаи таърих, география мебошанд.

Ҳоло китобҳо дар шуъбаи мукаммалгардонӣ дар ҳоли коркард қарор дошта, ба зудӣ ба толорҳои хониш фиристода мешаванд ва дастраси хонандагон мегарданд.

Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор, иштирокчии ҶБВ Ҳамраев Маҳамадӣ Ҳамраевич 10 сентябри соли 1922 дар Точикистон, дар деҳаи Кашкабулок таваллуд ёфтааст.

Соли 1972 дар Донишгоҳи давлатии ба номи Ломаносови шаҳри Москав М. М Хамраев дар мавзуи «Роли Партияи Коммунистии Точикистон дар обёрӣ ва азхудкунии водии Вахш» рисолаи докторӣ химоя кард.

Соли 1975 профессори кафедраи ДДТТ шуд. Минбаъд аз соли 1976 то соли 1980 мудири кафедраи «Таърихи КПСС»-и Донишкадаи педиатрии тиббии Осиёи Миёна дар Тошканд шуда кор кардааст.  Аз соли 1980 то соли 1988  дар Институти педагогии Душанбе ба номи В. Шевченко фаъолият дошт.

Маҳамадӣ ҲамраевМ.Ҳамроев аз соли 1989 профессори кафедраи «Таърих ва фалсафа», мудири кафедраи Донишкадаи омӯзгории Қӯрғонтеппа, ки ибтидо филиали Донишкадаи омӯзгории Душанбе буд ва баъдан мустақил шуд. Солҳои 1992-1994 иҷрокунандаи вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ба номи  Носира Хусрав буд. То охири умр дар ҳамин донишгоҳ кор кард.

Соҳиби се фарзанд бо номҳои Гулноза, Шаҳноза ва Муҳаммадзоир мебошад. Ҳоло Шаҳноза омӯзгори забони англисӣ, Муҳаммадзир корманди бонк аст.

Тамоми солҳои кор дар донишкадаҳои олӣ М. Хамраев дар соҳаи худ софдилона, ва бо камоли гайрат кор кард. Кори илмӣ бурда, дар Институти давлатии педагогии Тирмиз, дар Душанбе — дар Университети давлатии Точикистон, дар Институти педагогии Душанбе, мудири кафедраи Институти политехникии Точикистон, инчунин дар Институти педиатрии тиббии Осиёи Миёнаи шаҳри Тошкент. (1976-1980). Вай аз хама чо бахои аъло, барои мехнати софдилона, пурсамараш Грамотаҳои фахрӣ дорад. Шогирдони у (номзадҳои илм, докторантҳо) на танҳо дар Точикистон, балки дар хорича: дар Узбекистон, Озарбойчон.

Арбоби шоистаи илм (1998).

13-уми феврали соли 2021 дар синни 99-солагӣ аз олам гузашт

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.