Тақдими 952 китоби Ирина Хоҷаева ба Китобхонаи миллӣ

Ирина ХоҷаеваФарзанди сокини шаҳри Душанбе Ирина Башировна Хоҷаева охири моҳи июни соли ҷорӣ 952 китобе, ки модараш тули умр ҷамъ овардаву чун китобхонаи шахсӣ нигоҳ медошт, ба Китобхонаи миллӣ туҳфа намуд. Китобҳоро кормандони шуъбаи мукаммалгардонии фонд якояк аз назар гузарондаву рамзбандӣ намуданд ва ҳоло онҳоро дар дафтари инвентарӣ сабт мекунанд. Баъдан тибқи низоми кор ин китобҳо ба шуъбаҳои дахлдор фиристода мешаванд ва дар истифодаи хонандагон қарор мегиранд.

Аз 952 китоб 52 китоб бо забони англисӣ ва боқӣ ҳама ба забони русианд. Аксари китбҳо илмиву бадеӣ ва соҳавӣ мебошанд.

Хоҷаева Ирина Башировна 24 – июни соли 1953 дар шаҳри Душанбе дар хонадони иштирокчии ҷанги Бузурги Ватанӣ ва коргари фахрии Роҳи оҳани Тоҷикистон ба дунё омадааст. Модараш Берта Хоҷаева ҷое кор намекарда ва хонанишин буд.

Ирина Башировна пас аз хатми мактаби миёна дар бахши забони фаронсавии факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) таҳсил намуда, баъди анҷоми таҳсил, дар ҳамин муассисаи илмиву таълимӣ ба ҳайси омӯзгор фаъолиятро оғоз карда, бадан мудири китобхонаи ҳамин донишкада гардидааст.

Сипас, дар мактаби хусусии тарбияи эстетикӣ кор карда, аз забони фаронсавӣ, саъати тасвирӣ дарс медодааст.

Чанд соли дигар дар театри давлатии лӯхтаки Тоҷикистон чун ороишгари саҳна фаъолият доштааст.

Ирина Башировна даҳуми оқтябри соли 2024 дар синни 71-солагӣ аз олам рафтааст.

Соҳиби ин китобҳо умре китоб ҷамъ кардаву барои худ як китобхонаи хусусии иборат аз ҳудудан 1000 китоб тартиб додааст. Дилбастаи китоб ҳатман, ки кулли ин кутубро хондаву фарзандонро дар ҳамин рӯҳияи муҳаббат ба китобу фарҳанг тарбия намудааст.

Баъди реҳлати модар фарзандаш ин ҳама ҷамъовардаҳои ӯро ба Китобхонаи миллӣ тақдим кард, то машъалафрӯзу рушангари роҳи ҳазорон нафари дигар бошанд.

Инсонҳо мераванд, китобҳо аз насл ба насл боқӣ мемонанд, гӯё умри соҳибонашон идома меёбад.

Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.