Тақдими беш аз 2,5 ҳазор китоби рӯзноманигори маъруф Ҳокими Азиз ба Китобхона

Ҳокими-АзизФарзандон ва пайвандони адиб ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик марҳум Ҳокими Азиз 2 ҳазору 631 адад китобҳои ӯро ба Китобхонаи миллӣ тақдим намуданд.

Шарифбек Азизӣ-нависандаи шинохтаи детективнависи тоҷик, бародарбузурги Ҳокими Азиз гуфт: “Бародарам тамоми умри кутоҳаш китоб ҷамъ меоварду китоб мехонд. Аҳли мутолиа буд ва дилбастагии хос ба китоб дошт. Дар ин муддат як китобхонаи бузурги шахсиро ҳам созмон дода буд. Вале чун дар як кулбаи тангу фақирона умрашро ба поён бурд, ин китобҳо бастае дар ҷевону бастаҳои дигар дар таҳхона нигаҳдорӣ мешуданд. Ҳоло, ки ӯ рахти сафар аз олам барбаст, хостем китобҳоро ба Китобхонаи миллӣ супорем, то дигарон ҳам аз онҳо истифода кунанд. Ин китобҳо роҳи додарамро дар зиндагӣ рушан карданд ва ҳоло мехоҳем роҳи дигаронро ҳам рушан кунанд”.

Аз 2631 китоб 1447 китоб ба забони русист. 1085 китоб ба забони тоҷикӣ, 56 китоб бо ҳуруфи форсӣ, 9 китоб бо забонҳои дигари хориҷӣ, аз ҷумла англисиву олмонӣ ва ғайр.

Ҳамчунин 33 маҷалла, аз қабили “Огонёк”, “Вопросы литературы», «Памир», «Человек и закон», “Мардумгиёҳ”, “Анис”, “Маърифати омӯзгор”, Пайванд”, “Истиқбол” низ ҳастанд.

2531 китоби бадеӣ бо забонҳои русиву тоҷикиву англисӣ, 16 китоб дар мавзуъҳои техникӣ, 14 луғат, 7 китоби таърих, 6 забоншиносӣ, 3 китоби санъат, 5 китоб дар мавзуи маориф аз ин журнаилисти варзида вориди фонди Китобхонаи миллӣ шуд.

Ҳокими Азиз худ китобҳои зиёде таълиф кардааст ва бахше аз китобҳои тақдимшуда  (дар умум 121) китобҳое мебошанд, ки ӯ навишта ва ё таҳия кардааст. Аз ҷумла: “Андарзҳои “Маснавии маънавӣ” (50 адад), “Наврӯзи Аҷам” (35 адад), “Мадади ишқ” (17) ва ғайра.

Ҳокими Азиз аз ҷумлаи рӯзноманигорон тавонои кишвар буд, ки ду сол пеш (9-уми январи соли 2022) бар асари фишорбаландиву сактаи қалбӣ аз олам рафт.  Чӣ дар радио ва чӣ дар телевизион дар таҳияи беҳтарин барномаҳо бо диди тозаву мавзуъҳои ҷолиб саҳм дошт. Ҳоло ҳам силсилабарномаҳои телевизионии вай, аз ҷумла барномаи пурбинандаи “Суҳбати мардона” дар ёду хотири бинандаҳо нақш бастааст. Чун мусоҳибонаш дар ин барнома мисли зиндаёд устод Лоиқ Шералӣ шахсиятҳои варзидаву шинохта буданд.

Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, аз соли 1983 дар радиои тоҷик фаъолиятро шурўъ намуда, ба ҳайси муҳаррир, муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои адабию драммавӣ силсилагуфтори «Дар сўҳбати адиб» – ро хидмати шунавандагон гузоштааст, ки беш аз 30 шуморааш дар «Хазинаи тиллоӣ» – и радиои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.

Солҳои 1997- 2005 ба телевизиони тоҷик чун муҳаррири варзида, муовини сармуҳаррири идораи фарҳангу маънавиёт, сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқӣ босамар хидмат ба ҷой овардааст.

Муалифи барномаи саргармкунандаи «Сўҳбати мардона» (1997-2000)  буд, ки бо афкори озоду унсурҳои ҷолибсозӣ аз барномаҳои ин давра тафовут дошт.

Муддате дар чанд нашрияи Вазорати маорифи икшвар кор мекард, муаллифи чандин китобҳо аз рӯзгори ҳунармандону шахсиятҳои фарҳангӣ мебошад.

Ҳамроҳ бо бародараш Шарифбек Азизӣ чанд роману достони детективӣ ҳам навиштааст.

“Аълочии радио ва телевизион” буд.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Ҳокими Азиз ин матолибро ҳам метавонед бихонед:

«Гуфтугў бо Лоиқ». – Душанбе:  Олами китоб, 2006. – 96с.

Бо навои борон: Романҳо. – Душанбе: Меҳроҷ Граф, 2016. – 516 с.

Қаноат, М. Дарди халқ дар мағзи устухони ман аст: Мусоҳибаи мухбир Ҳокими Азиз // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1989. – 19 март.

Раштӣ, М. Ростгорӣ дарси аҳқоми ман аст:  Муҳовараи журналист Ҳокими Азиз бо  шоира Муътабари Раштӣ // Адабиёт ва санъат. – 2001. – 7 сентябр.

Шералӣ, Л. Суҳбати марди Худо мардат кунад: Мусоҳибаи Ҳокими Азиз бо Лоиқ Шералӣ // Миллат. – 2006. – 18 май.

Мирзоев, И. Қаламкаш: Мусоҳибаи рўзноманигор Ҳокими Азиз бо корманди телевизион ва радиои Тоҷикистон, адиб Искандар Мирзоев // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 20 март.

Ҳасанзод, С. «Аз дуои модар қаламам сабз гаштааст…»: Суҳбаторо рўзноманигор Ҳокими Азиз бо адиби пуркор Сипеҳри Абўабдуллоҳи Ҳасанзод // Садои мардум. – 2017. – 7 сентябр.