Тақдими боз 22 китоби тозанашри Ҳошим Гадо ба Китобхонаи миллӣ
Ҳунарманди шинохта, устураи театр ва синамои кишвар Ҳошим Гадо рӯзи 8-уми май дар пайи ташриф ба Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 китоб аз ҷумлаи китобҳои тозанашри худро тақдим кард.
Ду китоб соли 2022, 19 китоб соли 2023 ва як китоб нашри соли 2024 мебошад. Аз китобҳои қдимшуда бармеояд, ки шумори асарҳои таълифнамудани ҳунарманди шинохта ба 759 ҷил расидааст.
Ҳар як китоб аз се ҷилд иборат буда, бо ин номҳо рӯи чоп омадаанд: “Небо”, “Система”, “Зиг-Заги», «Дар бараш будам”, “Печальные глаза”, “Шумим, брат, шумим», «Человек- ураган”, “Об Энтузиазме”, “Азарт”, “Излучающий свет и тепло», «Эдип» – чемпион мира», «Письма в никуда», «Невостребованность», «Баландӣ”, “Андеша”, “Невостретованность», «Жажда жизни”, “Болото”, “Горе уму», «Жажда познания”, “Дорая воля”, «Быть человеком, ох, как турдно!», «Мой памятник потомкам», «Бесконечность”, “Вечный странник”, “Что – то пошло не так», «А свё таки, кем же он был?, “Сокровенное сказки, Личность», «Вера в себя”, “Стена”, “Человек себе», «Путеводитель”, “Восток – дело тонкое”, “Взгляд», «Полёт бумеранга”, “Заболачные высоты”, “Мир вашему дом!»…
Маврид ба ёдоварист, ки моҳи майи соли 2023 бахшида ба зодрӯзи Ҳунарманди халқии СССР, дорандаи Ордени “Ситораи Президенти Тоҷикистон”, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ҳошим Гадо дар Китобхонаи миллӣ гӯшаи Ҳошим Гадо таъсис ёфт, ки дар он 620 ҷилди китоби ин ҳунарпешаи нотакрори саҳнаи тоҷик ва расмҳои ҷолиб аз фаъолияти ҳунарии ӯ ҷо дода шудааст. Ин гӯша рӯзи 6 май дар ҳошияи рӯнамоии дастури библиографии “Ҳошим Гадо: маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолӣ” дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Ташаббускори ин чорабинӣ шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ буд.
Хоҳишмандон метавонанд китобҳои тозатақдими ҳунарманд ва нависандаи тоҷик Ҳошим Гадоро дар Китобхонаи милли мутолиа кунанд.
Фарзона Шарифова,
мутахассиси шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.