Тақдими дастхатҳо ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Рӯзи 20 январи соли 2025 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби ҷияни академик Ҳомидҷон Мансуров ва аз хешони наздики устод Садриддин Айнӣ Умедҷон Мансуров ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон академик Абдуҷаббор Раҳмонзода се дастхат: “Мунтахаби девони мулло Машраб”, ки дар соли 1901 чопи сангӣ шудааст (номи дигари китоби мазкур “Нусхаи аҳли ишқу ирфон”); “Чаҳор китоб” бо забонҳои тоҷикӣ бо истифода аз осори Аттори Нишопурӣ, чопи сангӣ; “Китоби “Кофия”–и Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар илми сарфу наҳви арабӣ, ки аз шаш боб иборат аст, тақдим гардид.
Умедҷон Мансуров дастхатҳоро, ки аз бобояшон ба мерос мондааст, солҳои зиёд нигаҳдорӣ карда, таъкид намуданд, ки аз онҳо устод С. Айнӣ ҳангоми таълифи китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” истифода кардаст. Ба хотири дастрас шудан ба дӯстодори илму адаб Умедҷон Мансуров аз Роҳбари намояндагӣ хоҳиш карданд, ки дастхатҳоро рамзи эҳтиром ба фарҳангу таърих ва забони тоҷикӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон расонанд, то соҳибони забон аз онҳо дар оянда истифодаи фаровон намоянд.
Масалан, ғазали машҳури Машраб, ки матлаъ ва мақтаъаш:
Аз наистони фироқат ҳамчу оташ сар задам,
Ҳамчу алмосе шудам, тоқи фалак бар ҳам задам…
Машраби девонаам, саргаштаам аз баҳри ёр,
Оламе дунёи дунро пушти як нохун задам”
вориди ҳамин “Девони Машраб” гаштааст.
Дастхатҳо дар ояндаи наздик ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим мегарданд.