Тақдими сертификатҳо ба китобдорони Бадахшон

Тавре, ки қаблан гузориш дода будем аз 15 то 23 июли соли равон сафари ҳайати кормандони “Китобхонаи миллӣ” ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати баргузории курси сайёри такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳои оммавии вилоят баргузор гардида буд.

Курси мазкур дар асоси фармоиши директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, мутахассисон аз рӯи барномаи таълимии “Китобдорӣ – иттилоотӣ барои кормандони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо” ба шунавандагон дарс гузаштанд.

Дар раванди баргузории курси сайёри такмили ихтисос аз 7 шаҳру ноҳияҳои вилоят: Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа ва Хоруғ кормандони китобхонаҳои оммавии вилоятӣ иштирок намуданд.

Зимни баргузории курси сайёри такмили ихтисос маълум карда шуд, ки кормандони китобхонаҳои вилоят 6 сол қабл аз курси сайёри такмили ихтисос гузаштаанд.

Дар раванди дарсҳо мутахассисони “Китобхонаи миллӣ” ба шунавандагони курс доир ба навгониҳои соҳаи китобдорӣ, усулҳои муосири кор дар китобхонаҳо, электроникунонии хидматрасониҳо, равандҳои муосири кор дар низоми китобхонаҳо, барномаҳои электронии соҳавӣ ва дигар масъалаҳои муҳимро   шарҳу тафсир намуданд.

Дар фарҷоми курси сайёр 40 нафар иштирокчиёни курс аз ҷониби роҳбарияти Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сертификат сарфароз гардонида шуданд.

Сертификатҳо ба шакли тантанавӣ ба соҳибонашон тақдим гардида, зимни чорабинӣ Сардори раёсати фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Гулдасташоҳ Алихонов суханронӣ намуд ва таъкид кард, ки курси сайёри такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳои оммавии вилоятӣ ба раванди фаъолияти кормандон таъсири нек расонида, бовар дорем, ки ин дарсҳо ба рушди соҳа дар муҳити вилоят мусоидат хоҳад кард.

Муҳаммадиқбол Атоев, сардори Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ.