Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии  «Асои сафед» дар Китобхонаи миллӣ

15 октябри соли равон бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, чорабинии фарҳангӣ-адабӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии «Асои сафед» доир гардид.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек  Маҳмудов оғоз намуда, ҳозиринро, ки бештари онҳо хонандагон фаъоли шуъба мебошанд, ба муносибати ин рӯз табрик намуда, барояшон тани сиҳату зиндагии осоишта ва хушбахтиҳои беназирро таманно намуд.

            Сипас Ҷумъахон Ҷӯрахонзода муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи И. Сомонӣ дар бораи дастгириҳо ва таваҷҷуҳи беназири Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони маъюб сухан гуфт.  Вай аз ҷумла иброз дошт, ки дар Тоҷикистон ба маъюбон таваҷҷуҳи хоса заҳир мешавад ва барои ба таҳсил фаро гирифтану соҳиби касбу кор намудани онҳо барномаҳои давлатӣ қабул шудаанд, ки ташаббускори ин ҳама ғамхориҳо сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Директори Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони нобинои Ҳисор Мансур Султонов, ки дар маҳфил ҳузур дошт, иброз намуд, ки дар мактаб-интернати ёдшуда ҳама шароит барои таҳсили нобиноён муҳайёст ва зимнан таъкид ҳам шуд, ки аксари хонандагони толори хониши Шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллӣ дастпарварону муҳассилини ҳамин мактабанд.

Мансур Султонов зимни суханронии худ ба Роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва сарпарастони ин чорабинӣ изҳори сипос намуд.

Қисмати дуюми чорабинӣ фарҳангӣ-фароғатӣ буд, ки дар он сарояндагони дастаи ҳунарии «Дарё» Матлуба Раҳимова, хонандагони шуъба Сафаралӣ Тошев, Зарина Абдураҳимова ва дигарон бо сурудҳои тозаэҷоди хеш хотири ҳозиринро шод карданд.

     Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби Сарпарастон ба хонандагони нобинои ин шуъба тўхфаҳои молиявӣ супорида шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки ҳамасола 15-уми октябр бо қарори Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаҳон Рӯзи нобиноён – рӯзи «Асои сафед» таҷлил карда мешавад.

“Асои сафед” рамзи шахси нобино буда, он аввалин маротиба 15 октябри соли 1964 дар ИМА бо ташаббуси Федератсияи байналмилалии нобиноён таҷлил гардид. Соли 1969 Федератсияи байналмилалии нобиноён 15 октябрро расман ҳамчун рузи “Асои сафед” эълон намуд.