Таҷлили Рӯзи ҷавонон ва Рўзи марзбонон дар Китобхонаи миллӣ  

Бахшида ба Рўзи ҷавонон ва Рўзи марзбонон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ доир гардид, ки дар он 250 нафар сарбозону намояндагони сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ширкат намуданд.

 

– Боиси ифтихор аст ки ҳамасола моҳи май рӯзи ҷавонон дар кишвар таҷлил мешавад. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ин рӯз ҳар гуна чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ, сиёсӣ ва варзиширо миёни ҷавонон доир менамояд. Мақсад аз роҳандозии чунин чорабиниҳо ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, боло бурдани ҳисси худшиносӣ, таълиму тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад, гуфт Чоршанбезода Сураҷ Сайнак, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сураҷ Чоршанбезода бо изҳори сипос ба сарбозону афсарон  иброз дошт, ки имрӯз Шумо дар хатти аввал ҳастед, ки Ватанро, модари тоҷикро, марзу бумро муҳофизат мекунед. Хидмати содиқонаи шумост, ки дар чеҳраи модари тоҷик табассум аст ва ӯ бароҳат хоб мекунад.

Дар нишаст Раҳимзода Шоҳҷон Абдулфаттоҳ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ҳукумати шаҳри Душанбе, полковник Абдурашид Ҳотамиён аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷалолуддин Нурзода, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, подполковник Музаффариён Фарҳод аз Гвардияи миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, майор Раҳимзода Муҳаммад аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абубакр Ҷаъфаров аз қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуданд.

  Полковник Ҳотамиён Абдурашид аз номи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон афсарон, сарбозон ва аҳли толорро ба Рӯзи марзбонон табрик намуда, ба онҳо ҳама хушиҳои зиндагиро орзу кард ва гуфт аз хидмати шумо амнияту субот дар кишвар таъмин аст.

Музаффариён Фарҳод, подполковники гвардияи миллӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон ва ҷашни марзбонон меҳмононро самимона табрик намуд, орзу кард, ки бигзор ҳамеша ҷасур, сарбаланд ва номбардори ҳамин миллату ватан бошед.

Шоҳзода Абдулфаттоҳ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ҳукумати шаҳри Душанбе аз роҳбарият, ҳайати мақомоти ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои дастгирияшон изҳори сипос намуда, илова кард, ки фаъолияти шумо барои осоиш, субот ва амнияти миллат бисёр муҳим аст. Умеду ормони мардуми шарифи Точикистон ба хотири ҳифзи сарҳад, таъмини осоишу амнияти ҷомеа аз шумо вобаста аст. Рӯзи ҷавонон ва марзбононро бароятон самимона табрику муборакбод мегўям.

Ҷалолуддин Нурзода, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон табрики роҳбарияти Китобхонаи миллиро  ба ҳозирин расонд ва афзуд, ки ширкат дар Рўзи ҷавонон ва Рўзи марзбонон барои ман ифтихори бузург аст. Шумо ҳастед, ки тинҷӣ, осоиштагӣ ва оромиро таъмин намуда, сиёсати хирадмандонаи роҳбари олии кишварро содиқона татбиқ менамоед.

 Як қатор хизматчиёни давлатӣ бо медали “20-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ифтихорномаву сипосномаҳо мукофотонида шуданд.

  Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва зумрае аз кормандони он низ барои ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд, фароҳам овардани шароит ҷиҳати иштироки насли ҷавон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва ба ин васила дар замири онҳо ташаккул додани ҳисси ватандўстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, бахшида ба рўзи ҷавонон бо Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Меҳмонон пас аз чорабинӣ аз толорҳои хониш ва осорхонаи китоби Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.

Раҳима Аъзам,

шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.