ТАҚРИЗ. Романи “Хирс” таблиғгари ғоя ва ормонҳои инсонӣ

 Чанде қабл романи “Хирс”-и нависандаи маҳбуб, дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ Маҷид Салим аз ҷониби нашриёти “Адиб” дар шакли бисёр ҳам зебо ба табъ расид ва хушбахтона ин асари бисёр арзишманд дастраси мо низ гардид.

Устод Маҷид Салим дӯстдори табиат ва олами вуҳуш аст. Ҳамин аст, ки аксаран персонажҳои осораш ҳайвонот мебошанд. Аз мутолиаи осораш ҳувайдо мегардад, ки бисёр бархӯрди самимона ва дилсӯзона ба олами ҳайвонот дорад. Албатта, ин хусусияти хосӣ эҷодиёти нависанда мавзӯи баҳси дигар аст. Мо дар ин навишта дар мавриди романи тозанашраш “Хирс” суҳбат хоҳем кард.

Солҳои қабл навиштани асарҳои калонҳаҷм ва сегона талаботи замон буд. Имрӯзҳо шоҳиди бисёр баҳсҳо мешавем, ки гуфта мешавад замони навиштани асарҳои калонҳаҷму пурмоҷаро гузаштааст ва имрӯз бояд ба хонанда новелла ва ҳикояҳои хурд навишта пешниҳод шавад, зеро дар кишварҳои хориҷӣ навиштани ҳикояҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Гӯё хонандаҳои муосир ба жанрҳои насрии худҳаҷм таваҷҷуҳи бештар доранд. Аммо ба назари банда нависанда дар ҳар жанре, ки самимӣ ва содиқона асар офарад, ҳатман хонандаи худро меёбад. Хусусан, романи “Хирс”-ро дар як фурсати кутоҳ, бисёр бо шавқу завқ, бо самимияти хоса мутолиа кардам.

Дар романи “Хирс” тасвири табиат мавқеъи намоён дорад. Ибтидои асар бо тасвири дараи Ромит оғоз мегардад, ки нависанда бо як маҳорати хеле баланд ин минтақаи зебои Тоҷикистонро ба риштаи тасвир кашидааст, ки хонадаро ба дунёи зебои табиат мекашонад ва ин рангорангию зебоии табиат хонадаро водор мекунад, ки давоми романро мутолиа намояд.

Дар воқеъ романи мазкур чунон эҷод шудааст, ки инсонро ба тафаккур кардан водор мекунад. Неку бади ҷаҳонро пеши чашми хонанда ҷилвагар месозад. Дар он масоили одаму одамгарӣ, дӯстиву рафоқат, аҳду паймон, дӯст доштани Ватан, ҳифзи табиату ҳайвонот ва даҳҳо масоили мубрами зиндагӣ тасвир ёфтааст. Қаҳрамони марказии асар агарчи як ҳайвони даранда бошад ҳам, аммо дар ин образ воқеияти зиндагӣ таҷассум ёфтааст. Аз нигоҳи дигар, образи офаридаи муаллиф аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки ҳайвон нисбат ба кирдори ношоистаи инсонҳо ботинан эътироз мекунад. Гаҳе аз кирдори инсоният ҳайрон мешаваду гоҳо ба хашм меояд.  Албатта, инсонҳо вақте муваффақияти як хирсро, ки берун аз ҷомеаи инсонӣ аст, таҳаммул карда наметавонад, пас нигоҳи инсон бо инсон чигуна аст?  Ба гумони инҷониб суоли фавқ дар заҳни ҳар хонандаи асар пайдо мегардад. Ва чароҳои зиёде низ. Асар хонандаро ба андеша кардан водор месозад, ки мақсади таълифи ҳар як асар низ ҳамин аст.

Дар романи мазкур пургӯӣ ва такрори бемавқеъ дида намешавад. Нависанда сари ҳар вожа андеша намуда, асарро бо забони содаю оммафаҳм таълиф кардааст. Калимаҳои гуфтугӯйи низ дар роман хеле ба ҷо истифода гардидаанд. Калимаҳои “тилтондан”, “даҳоняла”, “бафурҷа”, “силтав”, “маътал”, “шиғ”, “качалпо”, “рустӣ”, “хамбидан” ва даҳҳо калимаву ибораҳои гуфтугӯйӣ зебову ба маврид дар асар истифода гардидаанд, ки тамъу лаззати бештаре ба хонада мебахшанд.

Маврид ба зикр аст, ки Маҷид Салим дар роман аз услуби нигориши насри андеша моҳирона истифода кардааст. Хусусан дар кушодани олами ботинӣ ва маънавии персонажҳои асар аз монологи ботинӣ ба мавқеъ истифода шудааст. Нависанда ба воситаи монологҳо ҳар андешае, ки дар дилу ниҳоди персонажҳо, хусусан Бобои Набӣ ва хирс ҷой дорад, ошкор сохтааст. Масалан, хирс дар бораи зиндагонии ояндааш чунин андеша мекунад: «Акнун тақдири ояндаам чӣ мешавад? Аҷоиб дунёст. Гумон доштам, ки дар олам аз ҳайвон дида ҷонвари бераҳмтар нест. Аммо хато кардам, – афсус хӯрд, хирс. –Зиштию бадкирдорӣ ва кинаю кудурати одамизод бештар будааст. –Хайр мо хирсҳо, чӣ гуноҳ дорем? Наход ҳуқуқи зиндагӣ кардан надошта бошем, андешид Полвон». Бояд тазаккур дод, ки услуби нигориши насри андеша  дар эҷодиёти устодони наср Ф. Муҳаммадиев, А. Самад, Ӯ. Кӯҳзод, С. Турсун, Ҷ. Акобиров, Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва дигар нависандаҳои тоҷик васеъ истифода гардидааст. Маврид ба таъкид аст, ки устод Ҷалол Икромӣ дар таърихи адабиёти тоҷик ҳамчун устоди насри андеша маҳсуб мегардад. Ба андешаи мо насри андеша дар эҷодиёти Ф. Муҳаммадиев дар ҳикояи “Роҳ” бараъло мушоҳида мегардад. Аммо истифодаи услуби нигориши насри андеша аз ҷониби нависанда Маҷид Салим аз он ҷиҳат хос аст, ки ӯ олами ботинии як ҳайвонро ошкор месозад, ки дар бораи аъмоли разилаи одамизод меандешад. Хирс, ки ҳайвони безабон аст, ботинан аъмоли одамони бераҳму шафқат ва бадхоҳу бадзабонро монанди “Калтариш”, “мудири боғи ҳайвонот”, “Шакар Самадович” ботинан муҳокима намуда, онҳоро маҳкум менамояд. Масалан, Шакар Самадович, ки қаблан маймунбози сирк буд, як шахси бераҳму бадкирдор аст, директори сирк таъин мегардад. Хирс аз ин хабар ёфта ба андеша фурӯ меравад: “…ин одамон чигуна махлуқанд, наход дидаю дониста ба пастию дурӯғгӯӣ роҳ диҳанд. Охир Маймунбоз одами фиребгару нопок аст. Инро ҳамаи коркунони сирк медонанду боз ӯро роҳбари худ интихоб карданд, Чаро?”. Илова бар ин, замоне ки хирсро ба сирк мебаранд, Маймунбоз, ки баъдан мудири сирк таъин мегардад, бадбахтиҳои зиёде ба сари хирс меорад. Сабаби бемории хирс низ Маймунбоз буд. Ӯ шахси дуруя буд. Хирс агарчи ҳайвон ҳам буд ин каирдорҳои ғайриинсонии ӯро дарк мекард. Чунки Маймунбоз хирсро сӯзан дода буд, аммо ҳангоми бемор шудани хирс худро сафед мекард. Ҳамин нуктаро нависанда чунин ба қалам додааст: “Маймунбоз худро ба нодонӣ зада гуфт:

–Ин ҳамааш аломати беморист. Илоҳо, тезтар шифо ёбад. Дар сирк ҷойи хирс холист.

Аз ин суханони маймунбоз нафрати Полвон омад.”Оҳ, шайтони беимон, наход, одамизод инқадар нокасу бераҳм бошад”,–аз дил гузаронд хирс”.

Мутолиаи роман пеш аз ҳама ба хонанда худшиносӣ, меҳру шафқат ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсониро меомӯзонад. Масоили дӯстию рафоқат дар меҳвари асосии роман аст. Масалан, вақте Калтариш аз болои муйсафед шикоят менависад, ки бояд хирсро аз деҳа ронанд. Бобои Набиро милиса даъват карда, роҳи ҳали масъаларо ҷӯё мешаванд. Муйсафед бо вуҷуди ҳама фишорҳо аз хирс даст намекашад, ӯро намепартояд. Ин масъала дар роман дар гуфтугӯйи муйсафед ва милиса чунин матраҳ гардидааст: «–Муйсафед, ман мефаҳмам, охир, хирс ҳам махлуқи Худо аст, вале чӣ илоҷ, шикоят доранд. Агар ба болотар нависанд, дар бало мемонем. Вай боз каме фикр карду чизе ба ёдаш расид, кӣ гуфт–

– Ё ба сирк бурда месупориву ҷонат халос.

–Не, ман хирсро аз хурдӣ калон кардаам, дилам намешавад.

–Хайр, ба ивазаш пул медоданд.

–Не, дӯстро намефурӯшанд, бачам!».

Ба назари инҷониб суханҳои боло, ки аз ҷониби қаҳрамони асар Бобои Набӣ нисбат ба хирс гуфта мешаванд, симои ӯро ҳамчун шахси вафодору содиқ таҷассум мекунад. Дар асар низ мавқеи инсони комил дар симои муйсафед тасвир гардидааст.

Дар маҷмӯъ эҷоди романи “Хирс”дар замоне, ки бевафоиҳои ёрон, кам шудани меҳру шафқат миёни инсонҳо, фасодкориву ришвахорӣ, дурӯғгӯию буҳтон ва даҳҳо кирдори бади инсонӣ мушоҳида мешавад, айни муддао буда, метавонад инсонҳоро ба роҳи рост роҳнамун бошад. Дар умум романи “Хирс” таблиғгари ғоя ва ормонҳои инсонӣ аст.

Боварии комил дорам, ки роман аз ҷониби хонадагон шоиста истиқбол мегардад ва дар таърихи насри тоҷик ҷойгоҳи шоистаеро сазовор мегардад.

Муҳаммаднабӣ Баёнӣ,

муҳаққиқ