Тақвими моҳ. 80 сол пеш дар ин рӯз ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов ба дунё омад
Дар бораи ин устураи варзиши тоҷик, ҳарчанд номбардори варзиши миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ буд, хеле кам навиштаанд. Бо вуҷудии камии маводи мутолаа корномаҳои варзишиаш худ ҳикоят аз даҳҳо достон мекунанд. Агар умр вафо мекард, 15-уми июн 80-сола мешуд. Хеле ҷавон, дар синни 62-солагӣ тарки олам олам кард.
САИДМУЪМИН РАҲИМОВ-устураи варзиши тоҷик 15 июни соли 1946 дар деҳаи Ҷорубқули ноҳияи Совети вилояти Кӯлоб дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Аз хурдсолӣ ба гӯштингирӣ шуғл дошт. Аз солҳои 1965-1971 дар варзиши сабук ва гӯштини тарзи озод машқ кард. Ҳангоми хидмат дар сафи артиш аз рӯи варзиши сабук рекордсмени дивизия шуд (1967). Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1974) ва Университети давлатии Тоҷикистон (1986). Аз соли 1974 баъди хатми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон сармураббии Шӯрои марказии Ҷамъияти ихтиёрии варзишии «Ҳосилот» буд.
Қаҳрамони самбои ҷаҳон (1975), Қаҳрамони дукаратаи самбои ИҶШС (1973, 1975). Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ (1973), Мураббии шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1985), Корманди шоистаи Тоҷикистон (2001).
Аз соли 1972 таҳти роҳбарии Устоди варзиши ИҶШС, Мураббии шоистаи ҶШС Тоҷикистон И. Абдуллоев ба машқи гӯштии самбо пардохт ва дере нагузашта дар ин навъи гӯштин маҳорат зоҳир намуд. Аз соли 1995 то 2004 Раиси Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Саидмӯъмин Раҳимов 13 феврали соли 2009 дар синни 63-солагӣ бар асари сактаи қалб даргузашт.
Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов номгузорӣ шуда ва нимпайкараи ӯ дар ноҳияи Темурмалик гузошта шудааст.
Дар Китобхонаи миллӣ дар бораи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов ин матолиб қобили дарёфт ва мутолаа мебошад:
Некқадам, Т. Пазироии ҷаҳонпаҳлавон дар боми ҷаҳон: Дар бораи паҳлавони тоҷик Азалшоҳ Олимов, С. Раҳимов // Садои мардум. – 2012. – 9 май.
Азиз, С. Файзулло, Г. Ҷаҳонпаҳлавон: Ёде аз рӯзгор ва фаъолияти абармардоне, ки варзиши тоҷикро боли парвози ҷаҳонӣ бахшид, Саидмўъмин Раҳимов // Ҷумҳурият. – 2013. – 8 июн.
Тоҳир, И. Дар суҳбати мурабии ҷаҳонпаҳлавон Саидмўъмин Раҳимов: Хотироти Исмат Абдуллоев – мураббии Саидмўъмин Раҳимов // Рӯзгор. – 2013. – 4 декабр.
Рофеъзод, Р. Асоев, С. Ҷаҳонпаҳлавон: Қиссаи ҳуҷатӣ Саидмўъмин Раҳимов қаҳрамони бисёркаратаи мамлакат дар навъҳои гӯштини миллӣ самбо ғолиби спартаки одаи панҷуми халқҳои иттиҳоди Шӯравӣ // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2014. – 26 декабр.
Акрамов, З. Ҷаҳонпаҳлавон: Дар бораи фаъолияти гӯштингир Саидмӯъмин Раҳимов // Ҷумҳурият. – 2016. – 16 июл.
Шамсиддинов, М. Роҷеъ ба корнамоиҳои ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов // Тоҷикистон. – 2017. – 12 июл.
МАНБАЪ:
Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе: Ношир, 1986. – С. 683.
Муаллиф: С.Абдуллоев
Таҳияи Дилафруз Назриева,
корманди шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ