Тақвими моҳ. 90 сол пеш дар ин рӯз. Бозоргул Алиаҳмадова

90 сол дар ҳамин рӯз Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ Бозоргул Аҳмадова ба дунё омада буд. Ӯ дар синни  24-солагӣ ба ордени Ленин ва дар 42-солагӣ ба унвони пуршарафи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалитӣ шарфёб шуд.

Бозоргул Алиаҳмадова 15 июни соли 1936 дар деҳаи Ароби ноҳияи Муъминобод таваллуд шуда, соли 1950 ба деҳаи «Правда»- и собиқ колхози ба номи Сталини ноҳияи Восеъ муҳоҷир шудаст. Аз 14- солагӣ ў ба пахтакорӣ  рў овардааст.

Соли 1957 Бозоргул Алиаҳмадова ба вазифаи сардори бригада интихоб гардид. Ҳафтуми марти соли 1960, замоне ки нав ба синни 24-солагӣ қадам мегузошт ба гирифтани маъруфтарин мукофоти замон – Ордени Ленин мушарраф шудааст.

Натиҷаи заҳматҳои минбаъдаи Бозоргул Алиаҳмадова бо медали «Барои меҳнати шуҷоъ» (1965), соли 1971 бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» ва ниҳоят 20 – уми феврали соли 1978 дар синни 42-солагӣ ба унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ қадрдони шудаст.

Соли 1958 ба сабаби беморӣ бознишаста шуд. Аммо чун мураббии кордон барои ҷавонон ҳамеша маслиҳатгару машваратчӣ буд.

Дар Китобхонаи миллӣ дар бораи Бозоргул Аҳмадова метавонед ин матолибро бихонед:

Ёдгорӣ, Ш., Шукуров , А. Духтари калхоз Бозоргул Алиаҳмадова //  Тоҷикистони  советӣ. – С. 1978. – 11 июн.

Ёдгорӣ. С. Гули сари сабад Бозоргул Алиаҳмадова // Тоҷикистони  советӣ. – С. 1978. – 8 март.

Шерхон, У. Рӯзгоре барои ибрат Бозоргул Алиаҳмадова //  Ҷумҳурият. – С. 2019. – 5 декабр.

Файзалӣ, Т. Зиндагинома ва фаъолияташ ибратомўз аст Бозоргул Алиаҳмадова // Садои мардум. – С. 2015. – 7 март.

Таҳияи Гулрӯ Исмоилова,


корманди шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ

теги: илмӣ-таҳқиқотӣ