Тақвими моҳ. Апрел соли 2023

ta-vimi-moh.-aprel-soli-2023Якуми апрел

  • 65-солагии зодрўзи Гулбегим Ватанбекова (1958), олимаи соҳаи тиб.
  • 90-солагии зодрўзи Александр Войченко (1933), олими соҳаи педагогика, профессор.
  • 65-солагии зодрўзи Дўстмуҳаммади Дўст (1958), муаррих.
  • 65-солагии зодрўзи Шариф Комилзода (1958), олими соҳаи педагогика, китобшинос.
  • 75-солагии зодрўзи Оғоназар Мавлонназаров (1948), журналист.
  • 85-солагии зодрўзи Султонназар Маҳмадбеков (1938-2010), доктори илми биологӣ.
  • 95-солагии зодрўзи Ғафур Мулло (1928-2008), шоир.
  • 90-солагии зодрўзи Закия Муллоҷонова (1933), забоншинос.
  • 80-солагии зодрўзи Исматулло Раҳимов (1943-1997), журналист.
  • 80-солагии зодрўзи Султон Шоҳзода (1943-1996), шоир.
  • 125-солагии зодрўзи Владимир Ерофеев (1898-1941), коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ.
  • Рўзи ҷаҳонии паранда.
  • Рўзи ханда.

Дувуми апрел

  • 65-солагии зодрўзи Лутфулло Давлатзода (1958), актёри театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
  • 65-солагии зодрўзи Каримхон Қурбонов (1958), доктори илми тиб, профессор.
  • Рўзи байналмилалии китоби бачагона.
  • Рўзи геологҳо.

Сеюми апрел

  • 90-солагии зодрўзи Турдибой Неъматов (1933-1985), олими соҳаи педагогика.
  • 70-солагии зодрўзи Ҷўё Назирӣ (1953), шоир.
  • 80-солагии зодрўзи Рустам Султонов (1943), олими соҳаи тиб.

Чоруми апрел

  • 90-солагии зодрўзи Сайёра Исоева (1933-2012), Меъмори шоистаи Тоҷикистон.
  • 120-солагии зодрўзи Павел Овчинников (1903-1979), доктори илми биологӣ, академики АМИТ.

Панҷуми апрел

  • 70-солагии зодрўзи Турдимурод Аҳлиллоев (1953), олими соҳаи педагогика.
  • 55-солагии зодрўзи Муҳаммад Нур (1968), шоир.
  • 90-солагии зодрўзи Очилдӣ Шукуров (1933), олими соҳаи тиб.

Шашуми апрел

  • 65-солагии зодрўзи Ҳикматулло Раҳматов (1958), наттоқи радио.
  • 85-солагии зодрўзи Вадим Солеҳбоев (1938-1996), олими соҳаи психология.

Ҳафтуми апрел 

  • 75-солагии зодрўзи Музаффар Муҳаммадҷонов (1948), олими соҳаи химия.
  • 95-солагии зодрўзи Николай Павленко (1928), актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
  • Рўзи байналмилалии тандурустӣ.

Ҳаштуми апрел

  • 85-солагии зодрўзи Анатолий Заневский (1938), рассом-дизайнер, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
  • 80-солагии зодрўзи Сайфиддин Эшмамадов (1943-2014), актёри театр.
  • Рўзи ҷаҳонии лўлиҳо.
  • Рўзи иқтисодчиён.

Нуҳуми апрел

  • 80-солагии зодрўзи Ватан Абдураҳмонов (1943), олими соҳаи ҳуқуқ.
  • 65-солагии зодрўзи Гулнора Аҳмадова (1958), олимаи соҳаи педагогика.
  • 75-солагии зодрўзи Боғшо Лашкарбеков (1948-2015), забоншинос.
  • 120-солагии зодрўзи Каримбой Маҳкамов (1903-1987), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.
  • 70-солагии зодрўзи Рафиқа Мўсоева (1953), олимаи соҳаи техника, арбобзани давлатӣ.

Даҳуми апрел

  • 85-солагии зодрўзи Неъматҷон Дўстматов (1938), актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
  • 70-солагии зодрўзи Қаршибой Исмонқулов (1953), олими соҳаи физика.
  • 75-солагии зодрўзи Сайфиддин Исроилов (1948), олими соҳаи математика.
  • 85-солагии зодрўзи Карим Қосимов (1938), сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
  • 85-солагии зодрўзи Маргарита Қосимова (1938), коргардони кино, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
  • 65-солагии зодрўзи Назира Ортиқова (1958), доктори илми тиб, профессор.
  • 85-солагии зодрўзи Саид Пиров (1938), олими соҳаи иқтисод.
  • 85-солагии зодрўзи Раҳимҷон Раҳматов (1938), олими соҳаи кишоварзӣ.
  • 70-солагии зодрўзи Солеҳамо Раҳматуллоева (1953-2001), журналист.
  • 65-солагии зодрўзи Сайриддин Сайриддинов (1958), олими соҳаи техника.
  • 80-солагии зодрўзи Тўғон Таҳуров (1943), муаррих.
  • 90-солагии зодрўзи Ғайбулло Тоҷибоев (1933), олими соҳаи геология.
  • 70-солагии зодрўзи Далер Тоҷиев (1953), олими соҳаи тиб.
  • 75-солагии зодрўзи Саид Хоҷаев (1948), олими соҳаи биология.
  • 55-солагии зодрўзи Зикруллоҳ Ҳакимов (1968), сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
  • 90-солагии таъсиси (1933) Китобхонаи илмии АМИТ ба номи Индира Гандӣ.
  • Рўзи Қўшунҳои дохилӣ.
  • Рўзи ҷаҳонии ҳаракати муқовимат.

Ёздаҳуми апрел

  • 70-солагии зодрўзи Шоҳаҳмад Мирзоаҳмадов (1953), доктори илми байторӣ, профессор.
  • 65-солагии зодрўзи Норқул Рабиев (1958), журналист.
  • 120-солагии зодрўзи Шавқӣ (Раҳим Қобил) (1903-1989), шоир, мутарҷим.

Дувоздаҳуми апрел

  • 120-солагии зодрўзи Дмитрий Кратов (1903-1988), ҷанговар, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ.
  • 75-солагии зодрўзи Амон Насриддинов (1948), олими соҳаи техника.
  • 70-солагии зодрўзи Раҳматулло Олимов (1953-2009), доктори илми тиб.
  • Рўзи байналмилалии космонавтика ва авиатсия.

Сенздаҳуми апрел

  • 120-солагии зодрўзи Ғуломризо Баҳор (1903-1938), мутриб, оҳангсоз, коргардони кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
  • 100-солагии зодрўзи Шариф Розиқов (1923-1988), доктори илми ҳуқуқ.
  • 115-солагии зодрўзи Ҳоҷимирзо Салбиев (1908-1975), доктори илми иқтисодӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Чордаҳуми апрел

  • 85-солагии зодрўзи Муқим Абдураҳмонов (1938), журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
  • 120-солагии зодрўзи Николай Беседнев (1903-1981), доктори илми кишоварзӣ, профессор.
  • 75-солагии зодрўзи Абдусалом Мамадназаров (1948), доктори илми филологӣ.
  • 70-солагии зодрўзи Муҳаммадҷон Тоштемиров (1953), мутриб.
  • 70-солагии зодрўзи Зафар Раҳмонов (1953), адабиётшинос.
  • 120-солагии зодрўзи Анри Корбэн (1903-1978), шарқшиноси фаронсавӣ, муҳаққиқи маданияту фалсафаи мардуми форс-тоҷик.

Понздаҳуми апрел

  • 145-солагии зодрўзи Садриддин Айнӣ (1878-1954), доктори илми филологӣ, академики АМИТ.
  • 60-солагии зодрўзи Ҳайдаралӣ Аюбов (1963), Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • 70-солагии зодрўзи Абдураззоқ Абдуҳалимов (1953), сароянда, мутриб.
  • 70-солагии зодрўзи Зулфиқори Исмоилиён (1953), журналист.
  • 90-солагии зодрўзи Тўхтабой Қазоқбоев (1933), олими соҳаи иқтисод.
  • 70-солагии зодрўзи Карим Мўсо (1953), нависанда.
  • 80-солагии зодрўзи Юсуф Муҳаббатов (1943), журналист.
  • 90-солагии зодрўзи Владимир Мякота (1933), рассоми кино.
  • 110-солагии зодрўзи Ғулом Нуриддинов (1913-1996), олими соҳаи педагогика.
  • 75-солагии зодрўзи Раҳмон Облоқулов (1948-1982), журналист.
  • 120-солагии зодрўзи Яков Росляков (1903-1988), арбоби давлатию хоҷагӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.
  • 65-солагии таваллуди Мунира Ҳакимова (1958-2020), наттоқи радио ва ТВ, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
  • 80-солагии зодрўзи Халил Эшонқулов (1943-2007), адабиётшинос (узбекӣ).
  • 75-солагии зодрўзи Тўтиниссои Юсуфбек (1948), шоири ўзбекзабони Тоҷикистон.
  • 95-солагии ҷорӣ гардидани (1928) алифбои лотинӣ ба ҷои алифбои арабиасос дар забони тоҷикӣ. Соли 1940 ҷои онро алифбои кириллӣ гирифт.
  • Рўзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе
  • Рўзи илми тоҷик.

Шонздаҳуми апрел

  • 90-солагии зодрўзи Юрий Белов (1933), арбоби ҳизбӣ.
  • 70-солагии зодрўзи Адолат Комилова (1953), сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
  • 90-солагии зодрўзи Ҷумъа Шамсиддинов (1938), файласуф-мантиқшинос.

Ҳабдаҳуми апрел

  • 110-солагии зодрўзи Абдуаҳад Қаҳҳоров (1913-1984), арбоби давлатӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
  • 100-солагии зодрўзи Борис Литвинский (1923-2010), доктори илми таърих, академики АМИТ.
  • Рўзи ҷаҳонии гемофилия (бемории хунравии доимӣ).
  • Рўзи илми тоҷик.

Ҳаждаҳуми апрел

  • 85-солагии зодрўзи Бозор Назриев (1938-2013), доктори илмҳои физика ва математика, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
  • 105-солагии зодрўзи Шодӣ Султонов (1918-1977), кинооператор.
  • 65-солагии зодрўзи Сангмаҳмад Тиллоев (1958), меъмор, доктори илми таърих.
  • 95-солагии зодрўзи Маҳмадалишоҳ Ҳайдаршо (1928-2014), шоир, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
  • 85-солагии зодрўзи Додоҷон Эргашев (1938), доктори илми биологӣ, профессор.
  • Рўзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ.

Нуздаҳуми апрел

  • 85-солагии зодрўзи Муинҷон Икромов (1938), олими соҳаи техника.
  • 100-солагии зодрўзи Михаил Криштул (1923-1980), олими соҳаи педагогика.
  • 75-солагии зодрўзи Давлатҷон Муқимов (1948-2010), Ҳофизи халқии Тоҷикистон.
  • 85-солагии зодрўзи Фариза Срумова (1938), доктори илмҳои физика ва математика.
  • 115-солагии зодрўзи Ориф Шукуров (1908-1989), ботаник, профессор, узви вобастаи АМИТ.
  • 175-солагии зодрўзи Всеволод Миллер (1848-1913), забоншинос ва этнографи рус, муҳаққиқи забонҳои қадимаи форсӣ.

Бистуми апрел

  • 95-солагии зодрўзи Ғуломҷон Аҳмадҷонов (1928), муаррих-шарқшиноси тоҷиктабори Ўзбекистон.
  • 85-солагии зодрўзи Ҳамроқул Даврон (1938-2006), шоир.
  • 85-солагии зодрўзи Музаффар Ишонов (1938), геолог, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино.
  • 120-солагии зодрўзи Семён Кузмин (1903-1984), генерал-майор.
  • 85-солагии зодрўзи Хушназар Майбалиев (1938-2011), коргардони театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.
  • 65-солагии зодрўзи Ансор Ниёзов (1958), олими соҳаи биология.
  • 90-солагии зодрўзи Алӣ Раҳмонов (1933-2010), олими соҳаи иқтисод.
  • 90-солагии зодрўзи Соат Чалишев (1933-2014), адабиётшинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
  • 75-солагии зодрўзи Абдурасул Ҳабибов (1948), журналист (ўзбек).
  • 55-солагии зодрўзи Фотима Шарифова (1968), олимаи соҳаи педагогика.
  • 65-солагии таъсиси (1958) Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бисту якуми апрел

  • 75-солагии зодрўзи Мўҳтарама Мақсудова (1948), наттоқи радио, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
  • 80-солагии зодрўзи Эдуард Раҷабов (1943), олими соҳаи математика.
  • 55-солагии зодрўзи Робиаи Холмирзо (1968), адиба.

Бисту дуюми апрел

  • 75-солагии зодрўзи Сабур Расулов (1948), олими соҳаи техника.
  • 75-солагии зодрўзи Абдусамад Самиев (1948), доктори илми фалсафа, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
  • 65-солагии зодрўзи Муҳаммадӣ Тошпўлодов (1958), доктори илми кишоварзӣ, профессор.
  • 85-солагии зодрўзи Қудратулло Юнусов (1938), журналист, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
  • Гулистонҷашн – иди хуҷастаи ниёгон.

Бисту сеюми апрел

  • 75-солагии зодрўзи Комил Дабуров (1948), доктори илми тиб, профессор, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино.
  • 55-солагии зодрўзи Олимшо Қандаков (1968), олими соҳаи тиб.
  • 100-солагии зодрўзи Олег Лоренс (1923-1994), олими соҳаи тиб.
  • 70-солагии зодрўзи Наталя Назаршоева (1953), файласуф.
  • 105-солагии зодрўзи Лидия Яковенко (1918-1987), доктори илми таърих, профессор.

Бисту чоруми апрел

  • 55-солагии зодрўзи Малика Бобоҷонова (1968), доктори илми биологӣ.
  • 95-солагии зодрўзи Шумқор Одинабеков (1928-1998), Ҳофизи халқии Тоҷикистон.
  • 100-солагии зодрўзи Иқбол Табарова (1923), раққоса, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
  • 95-солагии зодрўзи Рудолф Токман (1928), рассом.
  • 135-солагии зодрўзи Чарлз Стори (1888-1967), шарқшиноси англис, муҳаққиқи таъриху адаби мардуми форс-тоҷик.
  • Рўзи байналмилалии ҳамраъйии ҷавонон.
  • Рўзи ҷаҳонии астрономия.

Бисту панҷуми апрел

  • 85-солагии зодрўзи Абдулло Иброҳимов (1938), олими соҳаи химия.
  • 70-солагии зодрўзи Шаҳобиддин Ҳасанов (1953), актёри театр.
  • Рўзи ҷаҳонии котиб (котиба).
  • Рўзи ҷаҳонии мубориза бо вараҷа.

Бисту шашуми апрел

  • 100-солагии зодрўзи Борис Гердел (1923-2011), арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
  • 75-солагии зодрўзи Камол Раҳмонӣ (1948), шоир.
  • 110-солагии зодрўзи Юрий Соловей (1913-1996), актёр ва коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
  • Рўзи ёдбуди қурбониҳои садамаи фалокат аз радиатсия.
  • Рўзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ.

Бисту ҳафтуми апрел

  • 145-солагии зодрўзи Карим Девона (1878-1916), шоири халқӣ.
  • 125-солагии зодрўзи Пўлодбой Оқилов (1898-1970), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.

Бисту ҳаштуми апрел

  • 125-солагии зодрўзи Николай Берёзкин(1898-1958), доктори илми тиб, профессор, узви вобастаи АМИТ.
  • 65-солагии зодрўзи Матазим Қосимов (1958), олими соҳаи кишоварзӣ.
  • 95-солагии зодрўзи Болтуҳон Маъруфов (1928-1989), олими соҳаи иқтисод.
  • 95-солагии зодрўзи Кибриё Ҳасанова (1928-1996), доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
  • 85-солагии зодрўзи Зариф Шарифов (1938-2016), доктори илми кишоварзӣ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
  • 115-солагии зодрўзи Аҳмад Алии Кўҳзод (1908-1990), муаррихи тоҷиктабори Афғонистон.
  • Рўзи умумиҷаҳонии бародаршаҳрҳо.
  • Рўзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат.

Бисту нуҳуми апрел

  • 95-солагии зодрўзи Борис Павличев (1928), журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
  • 65-солагии зодрўзи Саидмурод Рабизода (1958), журналист.
  • 80-солагии зодрўзи Ваҳҳоб Ҳоҷиев (1943-1994), таббоҳ, муаллифи асарҳо оид ба хўрокпазӣ.
  • Рўзи ҷаҳонии рақс.

Сиюми апрел

  • 70-солагии зодрўзи Мусулмонқул Мирзовалиев (1953-2007), олими соҳаи байторӣ.
  • 145-солагии зодрўзи Бобохалил Одинаев (1878-1975), Ҳофизи халқии Тоҷикистон.
  • 120-солагии зодрўзи Ғафурҷон Ортиқов (1903-1958), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.
  • 70-солагии ба истифода додани (1953) Вокзали Роҳи оҳани ш. Душанбе.
  • Рўзи ҷаҳонии мусиқии ҷазз.

Таҳияи Шарофат МИРЗОЕВА