Тақвими моҳ. Августи соли 2023

Таквими-мохи-августи

Якуми август

  • 100-солагии зодрўзи Раҷаб Амонов (1923-2002), доктори илми филологӣ, профессор, академики АМИТ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино.
  • 55-солагии зодрўзи Зайнулобиддин Восихов (1968), кинооператор.
  • 75-солагии зодрўзи Абдулҳомид Қодиров (1948-1998), рассом.
  • 90-солагии зодрўзи Нўъмон Қосимов (1933-2009), муаррих.
  • 65-солагии зодрўзи Файзалӣ Қурбонов (1958), олими соҳаи техника.
  • 80-солагии зодрўзи Шарифҷон Орифов (1943), мутриб, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
  • 80-солагии зодрўзи Маҳмадқул Раҳимов (1943-2006), арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
  • 55-солагии зодрўзи Маҳмадалӣ Талабов (1968), доктори илми тиб, профессор.
  • 80-солагии зодрўзи Шарифҷон Турдиматов (1943), олими соҳаи иқтисод.
  • 90-солагии таъссиси (1933) китобхонаи марказии ш. Душанбе (аз соли 1958 ба номи А. Лоҳутӣ).

Дуюми август

  • 80-солагии зодрўзи Имомназар Мамадназаров (1943), олими соҳаи техника.
  • 55-солагии зодрўзи Шодон Шокирзода (1968), шоир, адабиётшинос.
  • 170-солагии зодрўзи Иля Пославский (1853-1914), бостоншиноси рус, таҳқиқгари археологияи Тоҷикистон.

Сеюми август

  • 85-солагии зодрўзи Ато Аҳроров (1938), киношинос, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
  • 85-солагии зодрўзи Қаюм Сангов (1938), олими соҳаи педагогика.
  • Рўзи оҳанчиён.

Чоруми август

 70-солагии зодрўзи Бурҳониддин Баҳоваддинов (1953), доктори илми тиб, профессор.

  • 70-солагии зодрўзи Қурбонбой Бурҳонов (1953), олими соҳаи педагогика.
  • 70-солагии зодрўзи Мирзо Давлатов (1953), нависанда.
  • 75-солагии зодрўзи Рўзибой Махсумов (1948), журналист.
  • 110-солагии зодрўзи Евгений Фала (1913-1988), сарояндаи оркестр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
  • 135-солагии зодрўзи Вафо Низом (1888-1969), шоири эронӣ.

 Панҷуми август 

  • 90-солагии зодрўзи Яков Бронштейн (1933), доктори илми иқтисод, профессор.
  • 95-солагии зодрўзи Олег Климов (1928-1990), рассом, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
  • 80-солагии зодрўзи Шариф Нуриддин (1943), шоири ўзбекзабони Тоҷикистон.
  • 90-солагии зодрўзи Олга Соболева (1933), доктори илмҳои физика ва математика.
  • 90-солагии зодрўзи Ҳабиб Ҳамроев (1933-1995), журналист, санъатшинос.
  • 85-солагии зодрўзи Аҳрор Ҷалолов (1938), арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
  • 65-солагии зодрўзи Баҳодур Шоҳмуродов (1958), файласуф.

 Шашуми август 

  • 90-солагии зодрўзи Бахтибек Асалбеков (1933), журналист.
  • 75-солагии зодрўзи Ҳакимҷон Аҳмадов (1948), доктори илми химия, академики АМИТ.
  • 65-солагии зодрўзи Абдуллоҷон Расулов (1958), олими соҳаи биология.
  • 70-солагии зодрўзи Манзура Ўлҷабоева (1953), рассоми кино.
  • 85-солагии зодрўзи Баҳром Ҳомидов (1938), олими соҳаи химия.
  • 55-солагии зодрўзи Садбарг Элмуродова (1968), олимаи соҳаи педагогика.
  • 145-солагии зодрўзи Алиакбар Деҳхудо (1878-1956), нависанда ва олими эронӣ.
  • Рўзи ҷаҳонии “Духтурони дунё баҳри сулҳ”.
  • Рўзи байналмилалии манъи истифодаи силоҳи ядроӣ.
  • 75-солагии зодрўзи Умматқул Турақулзода (1948), нависанда.

 Ҳафтуми август 

  • 125-солагии зодрўзи Андрей Маджи (1898-1962), шарқшиноси рус, муҳаққиқи таърихи тамаддуни халқи тоҷик.
  • 85-солагии кушодашавии (1938) стансияи биологии Помир

 Ҳащтуми август 

  • 115-солагии зодрўзи Александр Соловёв (1908), астрофизик, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
  • 95-солагии зодрўзи Григорий Масич (1928), сарояндаи оркестр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
  • 90-солагии зодрўзи Ориф Шокиров (1933-2005), олими соҳаи физика

 Нуҳуми август 

  • 80-солагии зодрўзи Алфия Аҳророва (1943), доктори илми иқтисодӣ, профессор.
  • 80-солагии зодрўзи Саъдулло Исломов (1943), доктори илми иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ.
  • 85-солагии зодрўзи Имомхоҷа Каримхоҷаев (1938), олими соҳаи физика.
  • 95-солагии зодрўзи Музаффар Қодиров (1928-1993), нависанда.
  • 85-солагии зодрўзи Валерий Лутков (1938), доктори илмҳои геологӣ ва минералогӣ.
  • 85-солагии зодрўзи Неъмат Очилов (1938-2000), журналист

 Даҳуми август 

  • 65-солаги зодрўзи Қудратулло Абдураҳимов (1958), доктори илми педагогӣ, профессор.
  • 80-солагии зодрўзи Раҳмат Ботуралиев (1943), рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.
  • 75-солагии зодрўзи Гулмурод Малиев (1948), арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
  • 65-солагии зодрўзи Алишер Неъматов (1958), кинорежиссёр.
  • 75-солагии зодрўзи Назокати Олим (1948-1998), журналист, мутарҷим.
  • 75-солагии зодрўзи Мирзомуддин Раҳмонов(1948), актёр ва коргардони театр.
  • 65-солагии зодрўзи Мурод Саидов (1958), олими соҳаи биология.
  • 75-солагии зодрўзи Муҳаммад Ҷўраев (1948), доктори илми тиб, профессор.
  • 85-солагии зодрўзи Қобил Шарифов (1938), олими соҳаи физика.
  • Рўзи байналмилалии мардуми муқимӣ.
  • Рўзи варзишгарон.

Ёздаҳуми август

  • 115-солагии зодрўзи Александр Круглов (1908-1989), актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
  • 115-солагии зодрўзи Султон Умаров (1908-1964), доктори илмҳои физика ва математика, профессор, академики АМИТ, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ

Дувоздахми август

  • 75-солагии зодрўзи Владимир Абулҳаев (1948), доктори илми химия, профессор.
  • 75-солагии зодрўзи Шукрулло Буходуров (1948), доктори илми техникӣ.
  • 85-солагии зодрўзи Глеб Дениченко (1938), журналист.
  • 85-солагии зодрўзи Рудолф Камелин (1938), доктори илми биологӣ, профессор, узви вобастаи АМИТ.
  • 65-солагии зодрўзи Қурбонхон Суяров (1958), олими соҳаи химия.
  • 75-солагии зодрўзи Нафиса Юнусова (1948), доктори илми педагогӣ.
  • Рўзи конвенсияи Женева: асосҳои ҳуқуқи инсон.
  • Рўзи ҷаҳонии ҷавонон.

Сездаҳуми август

  • 80-солагии зодрўзи Шукрулло Комилов (1943), арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
  • 80-солагии зодрўзи Абдуғаффори Партав (1943), нависанда.
  • 75-солагии зодрўзи Гавҳарҷон Раҳимова (1948), олимаи соҳаи педагогика.
  • Рўзи ҷаҳонии чапдастон.
  • Рўзи кормандони сохтмон.

Чордаҳуми август

  • 80-солагии зодрўзи Шукрулло Комилов (1943), арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
  • 75-солагии зодрўзи Гавҳарҷон Раҳимова (1948), олимаи соҳаи педагогика.
  • Рўзи ҷаҳонии чапдастон.
  • Рўзи кормандони сохтмон.

 Понздахуми август

  • 110-солагии зодрўзи Ҳабиб Аҳрорӣ (1913-1983), мутарҷим, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
  • 100-солагии зодрўзи Василий Белан (1923-1999), муаррих, китобшинос.
  • 90-солагии зодрўзи Бўрӣ Олимов (1933-2012), рассом.
  • 105-солагии зодрўзи Борис Протасов (1918), рассом, Ходими шоистаи Тоҷикистон.
  • 75-солагии зодрўзи Бердӣ Раҳимов (1948), олими соҳаи педагогика.
  • 65-солагии зодрўзи Ғайратшо Сафаров (1958), олими соҳаи иқтисод.
  • 100-солагии зодрўзи Саида Сафарова (1923-2006), устоди рақс.
  • 85-солагии зодрўзи Сабзаалӣ Сўфиев (1938), олими соҳаи кишоварзӣ.
  • 90-солагии зодрўзи Муяссара Шукурова (1933), забоншинос.

Шонздахуми август

  • 95-солагии зодрўзи Додихудо Раҳматов (1928), арбоби ҷамъиятӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
  • 85-солагии зодрўзи Зайниддин Ҷамолов (1938), олими соҳаи тиб.

Ҳабдаҳуми август 

  • 120-солагии зодрўзи Яъқуб Калонтаров (1903-1988), луғатшинос.
  • 75-солагии зодрўзи Ҳадя (Саломат Раҷабова) (1948), шоир.
  • Рузи кормандонихадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ.
  • Рўзи кормандони роҳи оҳан

Ҳаждаҳуми август

  • 65-солагии зодрўзи Лафиз Бобоев (1958), олими соҳаи техника.
  • 80-солагии зодрўзи Искандар Икромов (1943), доктори илми филологӣ, профессор.
  • 125-солагии зодрўзи Борис Заходер (1898-1960), доктори илми таърих, профессор.
  • 100-солагии зодрўзи Виктор Фомичев (1923-1990), генерал-лейтенант.
  • Рўзи кормандони соҳаи тиб.
  • Рўзи бузургдошти хотираи Ҳаким Абўалӣ ибни Сино – мутафаккири бузурги форсу тоҷик.

Нуздаҳуми август 

  • 90-солагии зодрўзи Абдуалим Абдуназаров (1933), муаррих.
  • 115-солагии зодрўзи Нерё Давидов (1908-1983), олими соҳаи педагогика.
  • 110-солагии зодрўзи Қосим Ҳакимзода (1913-1972), арбоби давлатию фарҳангӣ.

Бистуми август

  • 100-солагии зодрўзи Мусаввада Азизӣ (1923), нависанда.
  • 70-солагии зодрўзи Мирзошорух Асрорӣ (1953), арбоби давлатию фарҳангӣ.
  • 75-солагии зодрўзи Абдуқаюм Аслонов (1948-2013), журналист.
  • 75-солагии зодрўзи Каримҷон Булбулов (1948), олими соҳаи тиб.
  • 75-солагии зодрўзи Қодир Ғафуров (1948), мутарҷим, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
  • 85-солагии зодрўзи Заррагул Искандарова (1938-2016), актрисаи театр, раққоса, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
  • 80-солагии зодрўзи Офоқхон Катаев (1943), арбоби давлатӣ.
  • 80-солагии зодрўзи Абдулаҳад Мирзоаҳмадов (1943), наттоқи ТВ.
  • 55-солагии зодрўзи Ҷамшед Ҳомидов (1968), олими соҳаи сиёсатшиносӣ.
  • 70-солагии зодрўзи Панҷшанбе Ҷорубов (1953), сароянда.
  • Рўзи ихтироъкорон ва навоварон.

Бисту якуми август

  • 110-солагии зодрўзи Абдуқодир Азимов (1913-1969), арбоби фарҳангӣ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
  • 100-солагии зодрўзи Абдулҳаким Ғуломзод (1923-2011), нависанда.
  • 75-солагии зодрўзи Людмила Медведева (1948), сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
  • 55-солагии зодрўзи Ҷамшед Мироқилов (1968), олими соҳаи техника.
  • 70-солагии зодрўзи Зоир Юсуфҷонов (1953-2015), доктори илми иқтисодӣ, профессор

Бисту дуюми  август

  • 90-солагии зодрўзи Нўъмон Ашўров (1933), журналист.
  • 80-солагии зодрўзи Муродҷон Зоиров (1943), актёри театр.
  • 85-солагии зодрўзи Кароматулло Қаландаров (1938-2009), забоншинос, профессор.
  • 65-солагии зодрўзи Фаридун Неъматзода(1958), рассом.

Бисту сеюми август

  • 70-солагии зодрўзи Муҳиддин Мўъминов (1953), олими соҳаи математика.
  • 110-солагии зодрўзи Яков Налский (1913-1985), нависанда, фолклоршинос, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
  • 55-солагии зодрўзи Бахтиёр Орифов (1968), генерал-майор.
  • 260-солагии зодрўзи Луи Лангле (1763-1824), шарқшиноси фаронсавӣ, муҳаққиқи адабиёти классикии форс-тоҷик.

Бистучоруми август

  • 95-солагии зодрўзи Болтухон Маъмуров (1928-1989), олими соҳаи иқтисод.
  • 90-солагии зодрўзи Лев Рассовский (1933), доктори илмҳои геологӣ ва минералогӣ.
  • 90-солагии зодрўзи Абдуллоҷон Саидов (1933-2001), олими соҳаи биология.
  • 65-солагии зодрўзи Кўйбек Шарифзода (1958), шоир.

Биступанҷуми август

  • 75-солагии зодрўзи Георгий Бобоев (1948), олими соҳаи физика.
  • 100-солагии зодрўзи Иван Валухев (1923-1966), ҷанговар, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ.
  • 90-солагии зодрўзи Қаҳҳор Мухтор (1933), шоир.
  • 85-солагии зодрўзи Рафоатхон Самадова (1938), доктори илми филологӣ, профессор.
  • 105-солагии зодрўзи Абдулҳай Сулаймонов (1918-1987), олими соҳаи химия.
  • 70-солагии зодрўзи Марҳамат Ҳабибуллоева (1953), адабиётшинос.
  • 85-солагии зодрўзи Рустам Юлдошев (1938-2008), олими соҳаи техника.

Бистушашуми август

  • 85-солагии зодрўзи Фирӯза Зеҳнӣ (1938), фолклоршинос.
  • 65-солагии зодрўзи Исломқул Икромов (1958), доктори илми техникӣ, профессор.
  • 90-солагии зодрўзи Имомназар Келдиев (1933), доктори илми таърих, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
  • 80-солагии зодрўзи Охонлаъл Оламов (1943-1993), арбоби ҳизбию давлатӣ.
  • Ҷашни Шаҳреваргон – иди хуҷастаи ниёгон.

Бисту ҳафтуми август

  • 90-солагии зодрўзи Владимир Буданов (1933), доктори илмҳои геологӣ ва минералогӣ, узви вобастаи АМИТ.
  • 85-солагии зодрўзи Абдушариф Воҳидов (1938-2008), олими соҳаи кишоварзӣ.
  • 70-солагии зодрўзи Косимшоҳ Искандаров (1953), доктори илми таърих.
  • 80-солагии зодрўзи Саодатшоҳ Шукронаев (1943-2004), олими соҳаи биология. Рўзи ангиштканон.

Бистуҳаштуми август

  • 95-солагии зодрўзи Ғафурҷон Алиҷонов (1928), олими соҳаи тиб.
  • 95-солагии зодрўзи Нурулло Боймуродов (1928), журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
  • 85- солагии зодрўзи Садриддин Масрур (1938), шоир.
  • 70-солагии зодрўзи Тўҳфа Усмонова (1953), доктори илми иқтисодӣ, профессор.

Бистунуҳуми август

  • 100-солагии зодрўзи Борис Брагинский (1923-2006), доктори илми тиб, профессор.
  • 110-солагии зодрўзи Семён Плешко (1903-1957), доктори илми кишоварзӣ, академики АМИТ.
  • 100-солагии зодрўзи Абдураззоқ Юсуфов (1923), генерал-майор.

Сиюми август

  • 95-солагии зодрўзи Сергей Агаҷонов (1928-1999), доктори илми таърих.
  • 80-солагии зодрўзи Икром Бобоев (1943), доктори илми тиб, профессор.
  • 55-солагии зодрўзи Александр Климов (1868-1952), вокалист, профессор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

 Сивуякуми август

  • 95-солагии зодрўзи Ҳомидҷон Маҳмудов (1928-2000), олими соҳаи математика.
  • 95-солагии зодрўзи Бароҳат Ҳоҷибоева (1928-2016), забоншинос, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
  • 65- солагии зодрўзи Ғафур Шамсиев (1958), олими соҳаи тиб.

 Шуъбаи илмӣ-методӣ ва таҳқиқотӣ