Тақвими моҳ. Октябри соли 2025
ТақвимЯкуми октябр
– 75-солагии зодрӯзи Ҳасан Бердиқулов (1950), журналист.
– 115-солагии зодрӯзи Александр Бернштан (1910-1956), доктори илми таърих, профессор.
– 115-солагии зодрӯзи Набиҷон Почоҷонов (1910-1988), журналист, мутарҷим.
– Рӯзи омӯзгор (муаллим).
– Рӯзи байналмилалии кӯҳансолон.
– Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ.
Дуюми октябр
– 75-солагии зодрӯзи Рафоат Алиева (1950), муаррих.
– 95-солагии зодрӯзи Яъқуб Алоев (1930), доиранавоз, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
– 85-солагии зодрӯзи Анна Костушкина (1940), забоншинос.
– Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат.
Сеюми октябр
– 95-солагии зодрӯзи Собирҷон Мирзоев (1930-2000), доктори илми филологӣ, профессор.
– 90-солагии зодрӯзи Маъруфҷон Юсуфов (1935), олими соҳаи химия.
– Рўзи ҷаҳонии табассум – ҷумъаи аввали моҳи октябр.
Чоруми октябр
– 70-солагии зодрӯзи Анушервон Бикасиён (1955), ҳайкалтарош, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.
– 100-солагии зодрӯзи Василий Иванов (1925-1994), олими соҳаи байторӣ.
– Рӯзи ҷаҳонии ҳайвонот.
– Ҳафтаи ҷаҳонии кайҳонӣ.
Панҷуми октябр
– 75-солагии зодрӯзи Ҷӯрақул Аҷиб (1950), адиби ӯзбекзабони Тоҷикистон, мутарҷим.
– 85-солагии зодрӯзи Ақназар Қурбонмаҳмадов (1940), доктори илми фалсафа, профессор.
– 85-солагии зодрӯзи Мусулмонқул Маҳмадқулов (1940), олими соҳаи техника.
– 100-солагии зодрӯзи Ҳасан Наққош (1925-1986), адабиётшиноси арабтабор.
– 125-солагии зодрӯзи Суҳайлӣ Ҷавҳаризода (1900-1964), шоир.
– Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
– Рўзи байналмилалии муаллимон.
Шашуми октябр
– 85-солагии зодрӯзи Анна Кострикова (1940), адабиётшинос.
– Рўзи байналмилалии манзил – душанбеи аввали моҳи октябр.
– Рӯзи ҷаҳонии меъморон – душанбеи аввали моҳи октябр.
Ҳафтуми октябр
– 80-солагии зодрӯзи Абдукарим Абдураҳмонов (1945), олими соҳаи техника.
– 120-солагии зодрӯзи Николай Смолский (1905-1976), доктори илми биологӣ, академики АМИТ.
– 70-солагии зодрӯзи Муҳаммадамин Ҳоҷиев (1955), олими соҳаи тиб.
– 95-солагии таъсисси (1925) Нашриёти давлатии Тоҷикистон. Аз соли 1964 “Ирфон” ва аз соли 2000 Муассисаи нашриявии «Ирфон».
– Рӯзи ҷаҳонии пахта.
Ҳаштуми октябр
– 100-солагии зодрӯзи Александр Грибков (1925-1991), рассом.
– 90-солагии зодрӯзи Баҳриддин Камолиддинов (1935), доктори илми филологӣ, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон.
– 85-солагии зодрӯзи Уктами Холиқназар (1940), нависанда, мутарҷим.
– Иди Меҳргон – ҷашни хуҷастаи ниёкон (баробар ба 16 меҳрмоҳ).
Нуҳуми октябр
– 115-солагии зодрӯзи Константин Ефимов (1910-1984), рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
– 85-солагии зодрӯзи Валентина Сармина (1940), олими соҳаи физика.
– 90-солагии зодрӯзи Исматулло Эркабоев (1935-1990), муаррих.
– Рӯзи байналмилалии почта.
Даҳуми октябр
– 85-солагии зодрӯзи Абдусамад Абдураҳмонов (1940), ҳунарманди театр, мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
– 90-солагии зодрӯзи Нормат Аҳмадалиев (1935), доктори илми кишоварзӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
– 125-солагии зодрӯзи Саидалӣ Вализода (1900-1971), шоир, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
– 85-солагии зодрӯзи Фарҳод Зикриёев (1940), доктори илми филологӣ, профессор, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Сино.
– 70-солагии зодрӯзи Муҳаммадӣ Навид (1955-2016), шоир.
– 85-солагии зодрӯзи Ҳаким Ойматов (1940-1999), муаррих.
– 100-солагии таъсиси рӯзномаи “Народная газета”. Нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони русӣ
– Рӯзи Фалак.
– Рӯзи байналмилалии саломатии равонӣ.
Ёздаҳуми октябр
– 105-солагии зодрӯзи Мустафо Шарқӣ (1920-1985), нависанда.
– 85-солагии зодрӯзи Шӯҳрат Шоимардонов (1940), коргардони дубляжи кино.
– Рӯзи ҷаҳонии духтарон.
Дувоздаҳуми октябр
– 70-солагии зодрӯзи Садриддинбек Ғозибеков (1955), доктори илми иқтисодӣ.
– 80-солагии зодрӯзи Хайрулло Авзалов (1945), доктори илми педагогика
– 75-солагии зодрӯзи Ғозибек Гадоев (1950), муаррих.
– Рӯзи кормандони адлия ва суд – якшанбеи дувуми моҳи октябр.
Сенздаҳуми октябр
– 115-солагии зодрӯзи Мирбобо Зиёев (1910-1974), ҳунарманди театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
– Рўзи байналмилалии коҳиши офатҳои табиӣ.
Чордаҳуми октябр
– 75-солагии зодрӯзи Султонмурод Бобомуродов (1950), ҳунарманди театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
– 95-солагии зодрӯзи Игор Непомняший (1930), рассом.
– Рӯзи соҳибкорон.
– Рӯзи ҷаҳонии стандартизатсия.
Понздаҳуми октябр
– 110-солагии зодрӯзи Додоҷон Аҳмадов (1915-1975), олими соҳаи тиб.
– 115-солагии зодрӯзи Ҷалол Бобоев (1910-2001), файласуф, профессор.
– 95-солагии зодрӯзи Пӯлод Бобоҷонов (1930), доктори илмҳои физика ва математика, профессор, академики АМИТ, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино.
– 90-солагии зодрӯзи Баврак Ғафуров (1935-2011), доктори илми биологӣ, профессор.
– 75-солагии зодрӯзи Шамсиддин Муҳиддинов (1950), сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
– 100-солагии зодрӯзи Рифъат Ҳоҷӣ (1925), арбоби ҳизбӣ.
– 80-солагии зодрӯзи Мирзохоҷа Шарифхоҷаев (1945), олими соҳаи педагогика.
– Иди Меҳргон – рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ.
– Рӯзи байналмилалии бонувони деҳот.
Шонздаҳуми октябр
– 110-солагии зодрӯзи Иржи Бечка (1915-2006), шарқшиноси чех, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
– 75-солагии зодрӯзи Акбар Маъруфов (1950), журналист.
– 85-солагии зодрӯзи Икромҷон Неъматов (1940), олими соҳаи техника, профессор.
– 95-солагии зодрӯзи Раҳим Тошматов (1930-2001), адабиётшинос.
– 90-солагии таъсиси (1935) Стансияи таҷрибавии зироати субтропикии
Вахш.
– Рўзи кинои тоҷик.
– Рўзи ҷаҳонии анестезологҳо.
– Рӯзи ҷаҳонии ғизо.
– Рӯзи ҷаҳонии иттифоқҳои қарзӣ – панҷшанбеи сеюми моҳи октябр.
Ҳабдаҳуми октябр
– 95-солагии зодрӯзи Михаил Бобоев (1930-1986), журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
– 85-солагии зодрӯзи Муҳараммаи Давлат (1940), шоир.
– 85-солагии зодрӯзи Тошбой Куганов (1940), олими соҳаи кишоварзӣ.
– 80-солагии зодрӯзи Амина Маликова (1945), олими соҳаи математика.
– Рӯзи байналмилалии барҳам додани камбизоатӣ.
Ҳаждаҳуми октябр
– 85-солагии зодрӯзи Бӯрӣ Султонов (1940), журналист.
– 75-солагии зодрӯзи Мунаввара Усмонова (1950), наттоқи ТВ, Корманди шоистаи Тоҷикистон.
– 70-солагии зодрӯзи Исматулло Ҳасанов (1955), журналист.
Нуздаҳуми октябр
– 120-солагии зодрӯзи Исмоил Атабеков (1905-1989), журналист.
– 135-солагии зодрӯзи Лутфӣ Обидхӯҷа (1890-1957), шоир.
– 90-солагии зодрӯзи Вячеслав Фалин (1935), рассом.
– 85-солагии зодрӯзи Барот Шокиров (1940-1998), муаррих.
– Рӯзи навиштани мактуб барои оянда.
Бистуми октябр
– 75-солагии зодрӯзи Эгами Нарзуллои Валӣ (1950), шоир.
– 85-солагии зодрӯзи Набӣ Носиров (1940), доктори илми техникӣ, профессор.
– 70-солагии зодрӯзи Саидбег Сатторов (1955), доктори илми тиб, профессор.
– Рўзи ҷаҳонии ошпазҳо.
– Рўзи ҷаҳонии диспетчерҳои авиатсия.
– Рӯзи ҷаҳонии омор.
– Рӯзи ҷаҳонии остеопороз.
Бисту якуми октябр
– 95-солагии зодрӯзи Палла Завқибеков (1930-2003), ҳунарманди театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
– 85-солагии зодрӯзи Евгения Зелнер (1940), олими соҳаи иқтисод.
– 100-солагии зодрӯзи Григорий Кутсер (1925-2002), олими соҳаи иқтисод.
– 185-солагии зодрӯзи Иван Минаев (1840-1890), этнографи рус, муҳаққиқи этнографияи тоҷикони болооби Ому ва Афғонистон.
Бисту дуюми октябр
– 85-солагии зодрӯзи Зулайхо Бӯрибоева (1940), олими соҳаи химия.
– 75-солагии зодрӯзи Ӯктам Тӯраев (1950-2009), олими соҳаи химия.
– 110-солагии зодрӯзи Михаил Ярошевский (1915-2001), доктори илми психологӣ, профессор.
– Рӯзи гиромидошти хотираи Абунасри Форобӣ – мутафаккири форс-тоҷик.
– Рӯзи байналмилалии одамони дорои лакнати забон.
Бисту сеюми октябр
– 75-солагии зодрӯзи Нарзуллохон Қосимов (1950), олими соҳаи тиб.
Бисту чоруми октябр
– 125-солагии зодрӯзи Георгий Мороз (1900-1984), олими соҳаи педагогика.
– 110-солагии зодрӯзи Музаффара Рустамова (1915-1986), аввалин наттоқзани Радиои Тоҷикистон.
– 75-солагии зодрӯзи Ҳамидулло Ҳабибуллоев (1950), олими соҳаи химия.
– 100-солагии зодрӯзи Ҳомид Пӯлод (1925-2004), шоир.
– 95-солагии таъсиси (1930) Комиссияи илмии тоҷикӣ дар назди АИ СССР. Роҳбар академик А. Ферсман.
– Рўзи Созмони Милали Муттаҳид.
– Рӯзи ҷаҳонии иттилоот оид ба рушд.
– Рӯзи иттифоқҳои касаба.
– Ҷашни Озар – иди хуҷастаи ниёкон (баробар ба 3-юми озармоҳ).
Бисту панҷуми октябр
– 115-солагии зодрӯзи Габриел Самандаров (1910-1996), адабиётшинос.
– 115-солагии зодрӯзи Комил Тоҷиев (1910-1981), доктори илми тиб, профессор, академики АМИТ, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Ибни Сино.
– 85-солагии зодрӯзи Каримҷон Юлдошев (1940-2007), арбоби давлатӣ.
Бисту шашуми октябр
– 95-солагии зодрӯзи Парвиз Ирфон (1930-1977), олими соҳаи физика.
– 80-солагии зодрӯзи Ҳоҷимуҳаммад Умаров (1945), доктори илми иқтисодӣ, профессор.
– 75-солагии зодрӯзи Давлатманд Холов (1950), сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.
– 80-солагии зодрӯзи Зафар Ҷаводов (1945), коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
- Рӯзи кормандони мақомоти судӣ.
Бисту ҳафтуми октябр
– 150-солагии зодрӯзи Аҳмадҷон Ҳамдӣ (1875-1946), шоир.
– 100-солагии зодрӯзи Михаил Ширкович (1925-1990), олими соҳаи математика.
– Рӯзи ҷаҳонии мероси аудиовизуалӣ.
Бисту ҳаштуми октябр
– 70-солагии зодрӯзи Азим Раҳмонов (1955), олими соҳаи техника.
– 80-солагии зодрӯзи Абдуқаҳҳор Саидов (1945), доктори илми таърих, профессор.
– 105-солагии зодрӯзи Суламиф Федоровская (1920-2009), консертмейстер, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
– 75-солагии зодрӯзи Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ (1950), адабиётшинос, шоир.
– 70-солагии зодрӯзи Шариф Ҳикматов (1955), рассом.
– Рӯзи гиромидошти хотираи Абуҳомид Ғазолӣ – мутафаккири форс-тоҷик.
– Рӯзи ҷаҳонии аниматсия.
Бисту нуҳуми октябр
– 70-солагии зодрӯзи Ваҳҳобҷон Абдулазизов (1955), забоншинос.
– 75-солагии зодрӯзи Роза Китаева (1950), олими соҳаи педагогика.
– 110-солагии зодрӯзи Усмон Рабимов (1915-1987), сарояндаи опера.
– Рӯзи ҷаҳонии кумак ва дастгирӣ.
Сиюми октябр
– 85-солагии зодрӯзи Ҳасани Муҳаммадӣ (1940), нависанда.
– 110-солагии зодрӯзи Назира Фозилова (1915-1986), ҳунарманди театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
– 80-солагии зодрӯзи Умарқул Ҳакимов (1945), олими соҳаи математика.
Сию якуми октябр
– 120-солагии зодрӯзи Юрий Григорев (1905-1989), доктори илми биологӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
– 120-солагии зодрӯзи Александр Туманов (1905-1983), муаррих.
– Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо.