“Тақвими санаҳои ҳумоюнӣ –2021”, яъне чӣ?
“Тақвими санаҳои ҳумоюнӣ –2021” аз ахбори дақиқи солгардҳои чеҳраҳои барҷастаи илм, адабиёт, фарҳанг, тиб, маориф, иқтисодиёт, сиёсат, иҷтимоиёт, саноат, истеҳсолот, кишоварзӣ, замони таъсиси корхонаю муассисаҳо, коргоҳу ташкилот ва соҳаю самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа иборат буда, ҳамасола дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд таҳия мешавад. Нашри имсолаи он бо сарсухани Директори ин китобхона Баҳром Мирсаидов нашр шудааст, ки онро айнан меорем.
СОЛИ ШОДИҲО, ОРЗУҲО ВА КОМЁБИҲО (БА ҶОЙИ ПЕШГУФТОР)
Соли 2021 мардуми шарафманди тоҷик ва кулли сокинони саодатманди кишвари маҳбубамон дар фазои сулҳу субот, тинҷиву оромӣ, дӯстиву рафоқат ва ваҳдату ҳамдилӣ ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлолияти давлати азизи хеш –Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.Тантанаи солгарди истиқлоли Ватан ҳар як шаҳрванди соҳибтадбир, худогоҳ, созанда, бунёдкор ва некбину хайрхоҳро водор менамояд, ки дар сари таърихи сӣ соли охир ҳхушмандона бияндешад ва аз таҷрибаву сабақҳои ҷодаҳои камолоти сарзамини аҷдодӣ барои садсолаҳои оянда дарси ибрат гирад.Зимнан, ҳар нафаре, ки дар замони мустақиливу соҳибихтиёрӣ ба дунё омада, дар ҳамин фазову муҳит ба воя расидааст, бояд қадри заҳмату талоши бобоёну модаркалонҳо, падарону модарон, мураббиёну муаллимон, сарбозону афсарон, муҳофизони марзу бум ва ҳамаи онҳое, ки барои ободии Модар –ватан саҳм гузошта, дар атрофи Ҳукумати қонунӣ ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттафиқонаву бурдборона ва содиқона ҷамъ омаданд, якдиливу якмаромии худро бо амал исбот карданд, бидонад. Чи тавре борҳо Пешвои миллат таъкид доштаанд, Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон бо ҷонбозиҳо, муборизаҳо, фидокориҳо ва диловариҳо мардони бонангу номус ва занону модарони посдори чароғи меҳру муҳаббат ба даст омадааст.
Аз ин рӯ, тамоми ҳамватанони мо масъулу вазифадоранд, ки бояд ин неъмати бебаҳои таърих ва тақдирро бегазанд нигоҳ доранд. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат 26-уми январи соли 2021 дар ин маврид чунин гуфтаанд: “Ман ба нерӯи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он ҳам ободу зебо мегардонем”.
Аҳли фарҳанги кишвар, бахусус, китобдорону китобшиносон дар ҷодаи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат хеле фаъол буда, ҳамарӯза бо баргузории чорабиниҳои гуногун дар тарғиби ғояҳои олии фардонигарона ва ободкоронаи замони истиқлол нақши муассир мегузоранд. Мавқеи онҳо дар баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”,”Тоҷикистон – Ватани азизи ман “ ва садҳо озмуни сатҳи деҳаву шаҳрак, шаҳру навоҳӣ, вилояту ҷумҳурӣ намоён ва қобили тавсиф аст. Боиси ифтихор аст, ки дар Паёми имсолаи хеш Пешвои миллат аз баргузор шудани озмуни дигари ҷумҳуриявӣ бо номи “Илм – фурӯғӣ маърифат” мужда расониданд, ки он ҳам шурӯъ карда аз соли 2021 дар партави амалӣ шудани ташаббуси неки ин Сарвари маорифпарвар – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (барои солҳои 2020 – 2040) пайваста доир хоҳад гардид.
Дар баробари ин, имрӯз дар кишвар даҳҳо барнома ва стратегияҳо бо мақсади беҳбудӣ ва таҳкими авзои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ амал менамояд. Ин тадбирҳо ва чораҷӯиҳо тамоми қишрҳои ҷомеаро водор месозад, ки нисбати ҳама гуна падидаҳои омӯзандаву созанда хушбину некхоҳ бошанд ва барои татбиқи онҳо дар кулли соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ нақши худро гузоранд.
Китобдорону китобшиносони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дар ин соли таърихӣ анъанаву сунатҳои неки соҳаро бо тамоми назокаташ идома дода, имсол низ “Тақвими санаҳои ҳумоюнӣ”-ро мураттабу муназзам гардонидаанд. Ин раҳнамо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти Тоҷикистони азизамон беҳтарин армуғон буда, баробари саҳфагардонии он ҳар як фарди худогоҳу худшинос ва донову огоҳ ҷиҳати гиромидошти гузаштаи пурифтихор кӯшиш менамояд ва барои сохтану офаридан, ободу зебо гардонидан ва машҳури олам сохтани Ватан садчандон бо ҳиммату ҷавонмардӣ талош меварзад.
Баҳром Мирсаидов, директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ.
Китоби “Тақвими санаҳои ҳумоюнӣ-2021”-ро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Мавзуна Салимова.