Таассуроти ҳамкорони мо аз Паём
Дар таърихи 16-уми декабри соли 2025 дар бинои Парлумони кишвар Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон Паёми хешро дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир иро карданд.
Дар суҳбат бо иддае аз ҳамкоронамон, сарварони шуъбаҳо дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таассуроташонро аз Паёми имсола пурсидем.
Рамзӣ Ҷумақулов – сардори шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллӣ.
Пешниҳод гардидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун ҳуҷҷати барномавии стратегӣ ва оғозбахши соли нави молиявӣ дар фарҳангӣ-сиёсии миллатамон ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ин рў, шаҳрвандони касбу кори гуногуни ҷомеа баргузории ин чорабинии муҳимро мунтазир мешаванд, зеро дар ин вохўрӣ фаъолияти яксолаи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии рушди некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ дар соле, ки сипарӣ шудааст, ҷамъбаст гардида, барои соли оянда вазифаҳо ва мақсаду ҳадафҳои фаъолияти бахшҳои гуногун барномарезӣ мешаванд. Чанд рўз қабл низ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, оромӣ, азму иродаи устувор доштан ба оянда ва эътирофи роҳи интихобшудаи давлатдории дунявӣ дар бинои нави Парламони кишвар баргузор гардид. Дар ҳақиқат Паёми Президенти кишвар ба як мактаби бузурге дар иҷрои барномаву нақшаҳои Ҳукумати кишвар дар соли сипаригардида ва умедворию оянданигариро барои соли дар пешистода табдил ёфтааст.
Паёми имсола аслан дар доираи таҷлили ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 2026 таҷлил хоҳад гашт, равона гардидааст. Президенти кишвар дар баробари таъкид ба таҷлили бошукўҳи ҷашнҳои миллӣ, инчунин барои миллат паёмҳои ҷолибу муассир ва умедворкунанда ироа намуданд. Яке аз инҳо ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ва қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” буд, ки ин гувоҳӣ аз эҳёи фарҳанги ҳуқуқӣ ва бостонии миллати куҳанбунёд ва мебошад. Чунин пешниҳодот ва пазириши онҳо ба он далолат мекунанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мақоми хосаи худро касб намуда, пайваста пешниҳодҳояш қабул мегардад. Шахсан ифтихор аз он дорам, ки соли 2026 аз ҷониби Пешвои муаззами миллат “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон шуда, тамоми мардумро бори дигар бар он даъват намуданд, ки баҳри созандагиву ободкорӣ кўшиши бештар ба харҷ диҳанд.
Эъломияи таърихии Хуҷанд доир ба дўстии абадӣ ва ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар умедро ба ояндаи сулҳу субот ва дўстию муомилаи неки ҳамсоягӣ бештар намуда масали “Аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳтар аст”-ро ба хотир овард. Инчунин муҳтарам Пешвои миллат рушду пешрафти соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт ва кишоварзӣ, татбиқи лоиҳаҳои калон ва амалисозии барномаҳои стратегии онҳоро таҳлил намуда, мардуми кишварро барои меҳнати ҳалолу пурбор ва саҳми бориз гузоштан дар иқтисоди миллии кишвар даъват намуданд.
Муҳаббат Шобулбулова – Сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллӣ. Дар Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми рушди соҳаҳои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили амиқи худро ёфтанд. Воқеан ҳам, Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи зеҳнӣ ва нерӯи инсонӣ мебошад. Бинобар ин, давлат ва Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳоро меандешад, ки ин неруи инсонӣ соҳибкасбу бомаърифат ва мутахассиси замони муосир бошад. Барои баланд бардоштани сифати таълим дар кишвар ва омода намудани мутахассисони забондону соҳибкасб дар соҳаҳои мухталифи касбу кори гуногун ҳангоми ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» қайд намуданд, ки “Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем”.
Шаҳноза Дониёрова – сардори шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ. Мусаллам аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин як санади бисёр муҳим аст, ки дар он масълаҳои муҳими рушди ичтимоӣ ва иқтисодии кишвар мавриди баррасӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат қарор мегирад. Яке аз масъалаҳои меҳварӣ дар Паёми Сарвари давлат ин эълон гардидани панҷсолаи рушди иқтисодиёти рақамӣ ва иноватсия, ки солҳои 2025-2030 ба ҳисоб меравад. Фикр мекунам ин ҳадафмандона сурат гирифта, барои рушди муносибатҳои иқтисодӣ-ичтимоӣ нақши муассир дорад. Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстонаи ниёгонамон, аз ҷумла Наврӯз, ки дар таърихи зиёда аз 6 ҳазорсолаи миллати мутамаддини тоҷик мавқеи асосиро касб намудаанд таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардид. Ҳамзамон дар ин робита Пешвои миллат зикр намуданд, ки: “Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»–ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд”. Дар тақвияти ин гуфтаҳо Пешвои миллат баҳри эҳтиром гузоштан ба арзишҳои милливу таърихӣ ва аз нав эҳё намудану ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани ҷашну анъанаҳои миллӣ андешаҳои хешро чунин баён намуданд: “Воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд”.
Бешубҳа гуфта метавонем, ки Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафту шукуфоии мамлакат дар давраи муайяни вақт ба ҳисоб меравад. Хусусияти фарқкунандаи Паёми Сарвари давлат дар он аст, ки на танҳо яксола таҳлилҳо, балки ҳамаи нишондодҳои хоҷагии халқ дар қиёс ба даҳ соли рушди бомароми кишвар гирифта шудаанд.
Хоса дар суханрониҳо Пешвои муаззами миллат ба масъалаи оромиву осудагии кишвар бо як ҳисси баланди масъулият ёдрас шуданд. Дар интиҳои Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон чунин муроҷиат намуданд: “…Биёед, ҳама якҷову ҳадафмандона, бо рӯҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош намоем”.
Ҳар як нуқтаи Паёми Президенти кишвар ба он далолат мекард, ки ҳақиқатан Ҷумҳурии Тоҷикистон як кишвари рӯ ба рушд таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Татбиқи пайгирона ва ҳамаҷонибаи дастурҳои Пешвои миллат метавонад омили асосии таъмини субот, пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва болоравии нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардад.
Абдуғаюр Саломов
Мудири бахши матбуот
ва робита бо ҷомеа.