Табиат дар гуфтумонҳо ва боварҳои мардум. Ларзонбед, беди ларзон, сиёҳбед

Дар бораи хеши бед – сияҳбед ва ё ҳавр (беди ларзон – Populus tremula), нақл мекунанд, ки гӯё дар он хоини пушаймоншудаву мунофиқ Иуда пинҳон шуда буд. Аз ҳамон замон то ба ҳол баргҳои он ҳатто бе шамол ҳам меларзанд. Аммо мағзи пояи он қариб ҳамеша пӯсидааст.  Яккамехи аз он тайёрмешударо дар гӯри шарирону бадкорон ва “ҷодугарон” мекӯфтанд, то онҳо дигар зинда нашаванд.

Аммо ин ҳама пиндорҳои тираву тор ва маъюсу ғамгинкунанда монеъи он нашуд, ки сияҳбед дар сар то сари Русия барои тайёр кардани қошуқҳои зебои чӯбӣ чун маҳсулоти аввалдараҷаи хом истифода нашавад. Хеле баъдҳо сияҳбед ба як маҳсулоти беназир барои тайёр кардани гӯгирд табдил ёфт.

БЕД

Номи илмии бед Salix. Дарахт ё буттаи баргрез аз оилаи гиёҳони гулдор аст. Дарахти он аз 10 то 25 метр қад мекашад.  Боғӣ ва худрӯй мешавад. Дар Тоҷикистон як дарахти маъмул ва ба ҳама ошност.

Аз замонҳои қадим бо ёрии чӯбчаи бед милки дандонҳои дардмандро тоза мекарданд. Баъдҳо аз он доруе ихтироъ карданд, ки шабеҳи аспирин буд. Деҳаҳои бешуморе дар Русия аз ҳисоби бед зиндагонии худро пеш мебурданд. Онҳо аз химчаҳои бед ҳар гуна сабадҳо мебофтанд ва мебел месохтанд ва ин як василаи рӯзгузаронии онҳо буд.

Таҳияи Б. Шафеъ.