Табрикоти Директори Китобхонаи Миллии Тоҷикистон, профессор Файзализода Ҷумахон Хол ба муносибати “Рӯзи Китоб”

Китоб ва китобхона аз ҷумлаи унсурҳои муқаддас барои миллати тоҷик мебошад ва ин миллати фарҳангӣ тайи ҳазорсолаҳо ба ин аносири арзишманд эҳтироми хосса зоҳир менамояд. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ҳам китобу китобхонӣ ва илму маърифат яке аз шохаҳои асосии мавҷудияти ҳокимият шинохта мешавад.

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани кишвари азизамон Тоҷикистон, ҳамагон шоҳиди он гардидем, ки давлату ҳукумат зери роҳбарии Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон соҳаи илму маориф ва фарҳангро аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки рушди ҷомеа қарор додааст. Бунёди садҳо мактабу кӯдакистон, донишгоҳу донишкада, китобхонаҳо ва дигар муассисаҳои илмию фарҳангӣ дар солҳои истиқлоли давлатӣ гувоҳи ин гуфтаҳост. Ҳукумати мамлакат дар як муддати кӯтоҳ тавонист, ки соҳаи илму фарҳангро аз буҳрони илмию иҷтимоӣ раҳонад. Ҳамагон шоҳидем дар давоми се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ дар тамоми қаламрави кишвар ҳазорҳо муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ ифтитоҳ гашта, бо мутахассисони донишманду лаёқатманд таъмин гардиданд, ки боиси рушди соҳаи илму маориф ва фарҳанг дар мамлакат гардидааст. То ба ин дам аз ҷониби ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди соҳаи маорифу фарҳанг як қатор қонуну қарор ва стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул ва иҷро гардиданд, ки барои рушду равнақи илму фарҳанг дар ҷомеа нақши муассир мегузоранд.

Дар шароити вазнини иқтисодию молиявии кишвар сохта ба истифода додани бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо тамоми шароиту имконоти замони муосир ва дастрасӣ ба тамоми технологияи муосири хизматрасонӣ, шаҳодат аз он медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илму маориф ва махсусан китобу китобдориро аз зумраи муқаддасоти миллӣ ва шоҳсутуни мавҷудияти давлату миллат медонад. Албатта, ин иќдоми Президенти кишвар идомаи неки фарњангдўстию фарњангсозї ва китобдорию китобхонии аљдоди тамаддунофари мо мебошад, ки дар замони нав бо тарњу усули тоза рўйи кор омадааст.

Тавре огаҳӣ доред санаи 4-уми сентябри соли 2007 Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон бинои нави Китобхонаи миллии Тољикистонро дар маркази пойтахти кишвар дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ ҳамчун, муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, Қасри миллат, Боғи нишони давлатӣ ва Боғи парчами миллӣ асос гузоштанд, ки ин санаи муҳимму таърихӣ ба ҷашни ҳақиқии “Рӯзи китоб” табдил ёфтааст ва дар робита ба ин рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфилу чорабиниҳои гуногуни илмӣ-фарҳангӣ баргузор мегардад.

Ҳамагон хуб медонанд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳову рушди техникаву технология, ки бо суръати кайҳонӣ ба пеш рафта истодааст, танҳо миллате ҳастии худро ҳифз менамояд, ки ба анъанаҳои неки китобу китобдорӣ ва китобхониву маърифатдӯстии ниёгони хеш арҷ мегузорад ва донишандӯзиву хирадсолориро сарчашмаи мавҷудият ва асоси рушду инкишофи давлату миллати хеш медонад. Ҷои тардид нест, ки суръати илму техника ва дастрасии осону сареъ ба манобеи гуногуни иттилоотӣ, сатҳи китобу китобхониро дар арсаи ҷаҳонӣ то андозае поён бурдааст. Маҳз ҳамин ҷиҳати масъаларо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба назар гирифта соли сеюм аст, ки дар кишвар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро дар миёни қишрҳои гуногуни аҳолӣ эълон менамояд. Ин озмун дар як муддати кӯтоҳ тавонист мардумро бори дигар ба китобу китобхонӣ ҳидоят намуда, миллати фарҳангсолор ва тамаддунофару хирадпарвар будани тоҷиконро муаррифӣ намояд.

Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз мутасаддиёни баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” буда, ҳамзамон мизбони даври ниҳоии ин чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ мебошад барои дар сатҳи баланд доир намудани он аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода менамояд ва барои дастрасӣ ба манобеи гуногуни илмию адабӣ ба хонандагон шароит фароҳам меоварад.

Бо мақсади амалисозии ҳадафҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба рушду инкишофи илму маърифат ва ҷалби бештари хонандагон ба китобу китобхонӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи илмӣ-фарҳангии кишвар дар баргузории чорабиниҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим мебозад.

Боиси хушнудист, ки иди касбии китобдорони Тоҷикистон ҳамасола дар арафаи фархундатарин ҷашни миллии тоҷикон – Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки имсол мардуми шарафманди тоҷик 30-юмин солгарди онро бо тантана истиқбол менамоянд.

Талошу заҳматҳои китобдорони кишвар дар рушду инкишофи илму маърифат ва ба воя расонидани насли ҳушманду донишманд ва муаррифгари Ватану миллат ниҳоят арзишманд мебошад.

Бо истифода аз фурсат шумо китобдорони муҳтарам ва дар симои шумо тамоми сокинони ватани азизамон – Тоҷикистонро ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва “Рӯзи китоб” самимона шодбош мегӯям. Ва ба ин миллати куҳандиёр саодати рӯзгор, сулҳу ваҳдати ҷовидона ва бахту иқболи ҳамешагиро таманно менамоям.

Бигзор китобу – Истиқлол ду боли як иқболи миллати тамаддунофари тоҷикон бошад!