Табрикоти директори Китобхонаи миллӣ, профессор Файзализода Ҷумахон Хол бахшида ба рўзи Конститутсия
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол барои мардуми шарафманди Тоҷикистон як пайки муҳим дар пешбурди сиёсати қонунмандонаи кишвар мебошад. Зеро Конститутсия истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва волоияти қонунро дар худ сабт ва мустаҳкам кардааст.
Ин санади олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона эълон намуда, бузургтарин дастоварди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии миллати сарбаланди тоҷик дар марҳалаи ҳозираи инкишофи ҷамъият мебошад. Муҳимтар аз ҳама дар Конститутсия давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон эълон шудааст.
Агар ба заминаҳои таҳия ва қабули Конститутсия дар замони Истиқлоли давлатӣ назар афканем, ҳамоно нақши Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вазъияти бисёр ҳассосу печидаи мамлакат дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, барҷастатар мешавад. Зеро маҳз ҳамин анҷумани саодатофар барои таҳияи лоиҳа ва қабули Конститутсия бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат заминаи устувор гузошт.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Бузургӣ ва аҳаммияти ин санади муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат кабул карда шудааст».
Конститутсияи мамлакат барои риоя, эҳтиром, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини шароити хуби зиндагӣ барои ҳар шахс фазои мусоиди ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда, аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ яке аз беҳтарин конститутсияҳо дониста шуд. Маҳз ин санади олии ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон барои эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ гузошта, механизми ҳамкории мақомоти давлатиро бо ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ муайян намуд.
Мардуми тоҷик аз давраи қадим то имрӯз ҳамчун миллати соҳибтамаддун ба ҳисоб рафта, бо сарчашмаҳои нодири ахлоқӣ-ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва тамаддуни беназири худ дар байни дигар халқиятҳои олам машҳур мебошад. Яке аз дастовардҳои бесобиқаи миллати тоҷик санадҳои таърихии қабулнамудаи фарзандони фарзонаи он, ки то имрӯз дар танзим ва таҳкими муносибатҳои ҳуқуқӣ ва ҳимояи манфиатҳои инсон ва шаҳрванд нақши беандоза доранд, ба шумор меравад. Далели ин гуфтаҳо Эъломияи Куруши бузург мебошад. Эъломияи Куруши бузург ҳамчун сарчашмаи таърихӣ-ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ҳисоб рафта, бо меъёрҳои инсондӯстона, барои пешрафту инкишофи муносибатҳои ҳуқуқӣ, махсусан ҳуқуқу озодиҳои инсон дар аҳди қадим ва дар замони муосир нақши босазо дорад.
Ин буд, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28.12.2024 қайд намуданд, ки Тоҷикистон ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Бо ин мақсад, Сарвари давлат ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ин иқдоми шоиста ва хирадмандонаи Пешвои миллат, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки меъёрҳои Эъломияи Куруши Кабир то имрӯз моҳияти худро гум накардаву истифодаи онҳо дар санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ ва дигар санадҳои миллию байналхалқӣ ба чашм мерасад. Воқеан, Эъломияи Куруши Кабир бозёфти нодире мебошад, ки ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар тули таърих баромад кардааст ва дар замони муосир низ ҳамчун сарчашмаи таърихӣ-ҳуқуқӣ аҳаммияти бузург дорад.
Бори дигар хотиррасон менамоям, ки халқи тоҷик, аз замони бостон дар ҳавзаи тамаддуни форсии қадима бо хулқу одоб, таълимоти пешрафтаи ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсати инсондӯстонаю бо хирад тавъами худ пайваста байни халқиятҳои дигар маълум ва машҳур буданд.
Натиҷаи ҳамин дастовардҳои таърихӣ-ҳуқуқист, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ машғул аст.
Мо мардуми тоҷик имрўзҳо аз он ифтихор дорем, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибихтиёр мебошем, Конститутсияи ҷавобгӯй ба орзуҳои мардумӣ дорем ва дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунем.
Бори дигар Рӯзи Конститутсияро барои ҳар як фарди кишвар табрик гуфта, ба Тоҷикистони соҳибистиқлолу қонунпарвар муваффаққиятҳои илмӣ ва шукуфоиҳои ҳамешагиро таманно дорам.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз.