Табрикоти Директори Китобхонаи Миллӣ профессор Файзализода Ҷумахон Хол бахшида ба Рўзи Модар
Модарон,
Бонувони азиз!
Раёсат ва кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ва садоқати бепоён Шуморо ба рӯзи “Модар” самимона шодбош гуфта, ба Шумо тансиҳатӣ, бахту иқбол, файзу баракат ва дар зиндагиатон шодиву фараҳмандӣ таманно менамоянд.
Дар тамоми давру замони гузаштагони миллати тоҷик қадру манзалат ва эҳтиром нисбат ба зан-модарро волову боло медонистанд ва ин амал пояндаву ҷовид маърифат шудаву ҳанўз ҳам побарҷост. Хушбахтона, миллати сарбаланди тоҷик ба некӣ дарёфтааст, ки ҳамчуноне ки дунё ибтидову интиҳо надорад, суруди гаҳвораҷунбонии модар ҳам аввалу охир надорад. Дасту пойи моро модар бо суруди муназзам баст, гум нашавад номи мо, то рўзе ки сухан ҳаст. Бинобар ин, мо инсонҳо исми модарро вожаи муқаддасу нотакрору хотирмон медонем. Бузургию меҳру муҳаббати модарро аз одами оддӣ то бузургони илму адаб васфу ситоиш кардаанд, ки дар маҷмуъ садҳою ҳазорҳо адад китобро ташкил медиҳад.
Замоне модар дар сари гаҳвора Рўдакию Абуалӣ Сино, Хайёму Ҷомӣ, Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ шабзиндадорӣ карда, бо умеду армонҳо сина ба даҳонашон ниҳодааст.
Модари тоҷик на танҳо бо суруд ва шири сафеди худ, ки ҳар қатраи он зебоиҳои ҷаҳон ва нури хуршед ниҳон аст фарзандашро болу пар бахшидааст, балки бо корнмамоиҳояш умри ҷовидон пайдо кардааст.
Фирдавсии бузург барои тасвири қаҳрамонзанон сухан ва ташбеҳои нав ҷустааст. Аз саҳифаҳои силсилаи достонҳои безаволи ў фарёди дили пуризтироб ва фиѓону нолаи модар ба гўш мерасад. Ғаму андўҳи гароне, ки баъди дар майдони ҷанг кушта шудани Сўхроб ва сари модари ў Таҳмина омадааст, инъикоси ҷонгудози худро ёфтааст:
Ҳамаи хоки тира ба сар барфиканд,
Ба дандон зи бозуи худ гўшт биканд.
Ба сар барфиканд оташу барфурўхт,
Ҳама мўи мушкин ба оташ бисўхт.
Бо пайравӣ аз бузургони хеш, хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолии кишвар низ мақом ва мартабаи занон дар ҷомеа баланд гардида, дар тамоми шохаҳои ҳокимият аз неруи созандаи занон бо ифтихор баҳраҷӯӣ мешавад. Албатта, ин ҳама шоистагӣ аз натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз занон ҳамчун неруи асосии пешрафту шукуфоии мамлакат ба шумор мераванд.
Бигзор гурдофаридони Ватан муаррифгар ва парчамбардорони Тоҷикистони азиз дар сатҳи ҷаҳонӣ бошанд.
Рӯзи “Модар” муборак бошад!