Табрикоти солинавии Директори Китобхонаи миллӣ Файзализода Ҷумахон Хол

direktor_kmtҲамдиёрони азиз,
Дўстдорони китоб,
Муштариёни ҳамешагии Китобхонаи миллӣ!

Инак, мову Шумо дар остонаи истиқболи соли нави 2023 ҳастем. Дар ин фурсати идона ҳамаи Шумо ҳамватанони азизро ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ шодбош гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, бахту иқбол, фатҳи қуллаҳои баланди илму маърифат ва соли саршор аз дастовардҳои беназирро таманно менамоям!

Соли 2022 барои сокинони фаррухболи Тоҷикистон соли саршор аз муваффақият ва дастоварҳову хотироти нек буд. Зеро дар ин сол Тољикистони азиз бо татбиқи сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурги таърихӣ, сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоиву-фарҳангӣ даст ёфт. Пазируфта шудани ибтикори навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани “Соли 2025 – соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21-уми март ҳамчун рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо гувоҳи нуфуз ва эътибори ҷаҳонии Тоҷикистон мебошад.

Соли 2022 барои миллати тоҷик махсусан китобдорону фарҳангиён соли пур аз муваффақиятҳо ба шумор меравад, зеро дар ин сол иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия бахусус ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба китобхонӣ самараи дилхоҳ ба бор овард. Дар ин замина Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бобати оммавигардонии анъанаи китобхонӣ ва ташвиқу тарғиби фарҳанги китобдории тоҷикон нақши бориз дорад. Маҳз ин озмун тавонист, ки дар ҷомеа инқилоби маданиро ба миён оварда, миллати китобхон будани тоҷикро бори дигар муаррифӣ намояд.

Китобхонаи миллӣ ҳамчун маркази муҳташами илмӣ-фарҳангӣ дар пайи иҷрои ҳадафҳои маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошта истодааст. Ин боргоҳи маърифат дар баробари иҷрои рисолати нигоҳдории мероси пурғановати ниёгон, хидматрасонии гуногуншакл ба муштариён, инчунин дар баргузории конфронсу семинарҳо ва ҷорабиниҳои мухталифи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардида истодааст. Аз ҷумла, дар соли 2022 бо ташаббуси Китобхонаи миллӣ ба муносибати 815-солагии орифи Шарқ Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “Мавлоно – муршиди ваҳдат ва гуфтугӯи тамаддунҳобаргузор карда шуд, ки дар он донишмандон ва Мавлонопажуҳон аз кишварҳои гуногуни олам ширкат ва суханронӣ карданд.

Китобхонаи миллӣ дар самти таҳияи дастурҳои методӣ-библиографӣ ва чопи силсилакитоби “Тоҷнома” (тоҷикон дар масири таърих) низ дар ин сол натиҷаҳои қобили таваҷҷуҳ дошт.

Муваффақиятҳои рӯзафзуни кормандони соҳа ва ташаббусу иҷдомоти арзишманди Пешвоми миллат дар ин самт, ангеза ва ҳавасмандиро бобати кӯшишҳои бештар ва босамартар зиёд мегардонад.

Бори дигар Шумо ҳамватанони азизро ба фарорасии соли нави мелодӣ табрик гуфта, ба Шумо саодати рӯзгор ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлол ваҳдату ҳамдилӣ ва дастовардҳои беназирро таманно менамоям.

Соли нави 2023 фархунда бод ҳамватанони азиз!