ТАФРЕҲ: Ғазале аз Фарзона

Шаст занам бар офтоб, нур шикор мекунам,
Бегила мезиям дигар, шукри баҳор мекунам.

Чист давоми буданам, бохтану рабуданам,
Кам шудану фузуданам, тарки шумор мекунам.

Чун қади пири кӯзпушт хам зада бому дар маро,
Чанди дигар ба каҳкашон гашту гузор мекунам.

Бо ҳама айб агар ҳанӯз бар ҳасади ту лоиқам,
Даст бидеҳ, рақиби ман, бо ту канор мекунам.

Ишқ, наё, наё, наё, ишқ, нарав, нарав, нарав,
Бо ту чӣ кор мекунам, бе ту чӣ кор мекунам.

Панҷараи мижа кушо, атсаи ёсуман шунав,
Мераваму нафас – нафас субҳ нисор мекунам.

Эй ту таваллуду завол в-эй ту таназзулу камол,
Сӯи ту роҳ мебарам в – аз ту фирор мекунам.