ТАФРЕҲ. Шеъри хубе аз устод Боқӣ Раҳимзода. ДАНДОН
Нигаҳ кардиву хандидиву рафтӣ,
Ягон айбам магар дидиву рафтӣ?
Ғазаболуда дидам хандаатро,
Гумон кардам, ки ранҷидиву рафтӣ.
Тамоми шаб хаёлу фикр бурдам,
Гуноҳам чист, гӯён ғусса хӯрдам!
Ба ёдат ҳаст, гуфтӣ, рав ба духтур,
Бирафтам назди духтур бо дили пур.
Сараш ҷунбонд духтур, гуфт: – “Биншин…”
Кашид ӯ зуд дандонам ба анбӯр.
Дигар айбе, азизам, ман надорам,
Туӣ дар дил, ба дандон нест корам.
Зибаски меҳри ту дар дил ниҳон аст,
Дили ман аз ҷавонӣ ҳам ҷавон аст.
Агар як дона дандонам намонад,
Ҷудо гардиданат аз ман гумон аст.
Ба ёдат ин гапи манро нигаҳ дор,
Наорад бӯсаи пирона озор!
Барои мо муҳайё карда даврон,
Ба ҳар як дард чандин гуна дармон.
Биё ҳамроҳи ман, бо чашми худ бин,
Ба ҳар як кӯча даҳ устои дандон.
Ба наздат меравам, албатта, фардо,
Ҷавонтар гашта бо дандони тилло.
Ки шояд хандаҳои дилнишинат,
Табассумҳои гарму нозанинат.
Бубинам беғазаб, пурлуфту эҳсон,
Набошад ҳеч чине дар ҷабинат.
Қасам бо ҷони ту, эй меҳурубонам,
Ҷавон ҳастам, ҷавон ҳастам, ҷавонам!