ТАФРЕҲ. Як ғазали зебо аз Бадриддин Ҳилолӣ

Бадриддин ҲилолӣЭй тири ғаматро дили ушшоқ нишона,
Халқе ба ту машғулу ту ғоиб зи миёна.

Гаҳ муътакифи дайраму гаҳ сокини масҷид,
Яъне, ки Туро металабам, хона ба хона.

Ҳар кас ба забоне сифати ҳамди Ту гӯяд,
Мутриб ба ғазалхонию булбул ба тарона.

Ҳоҷӣ ба раҳи каъбаву ман толиби дидор,
Ӯ хона ҳамеҷӯяду ман соҳиби хона.

Мақсуди ман аз каъбаву бутхона Туӣ, Ту,
Мақсуд Туӣ, каъбаву бутхона баҳона.

Чун дар ҳама ҷо акси рухи ёр тавон дид,
Девона наям ман, ки равам хона ба хона.

Афсуни дил афсонаи ишқ аст, вагарна,
Боқӣ ба ҷамолат, ки фусун асту фасона.

Тақсири Ҳилолӣ ба умеди карами Туст,
Яъне, ки гунаҳро беҳ аз ин нест баҳона!

Бадриддин Ҳилолӣ