ТАФРЕҲ. Як шеъри хуб аз Нилуфари Воҳид
Аз насим омад нидо, к-ин лаҳзаҳо ҷовид не,
Хонае бе ғуссаву сурру азову ид не.
Дар нидояш аз ғанимат будани умри касон
Заррае аз шубҳаву як қатраи тардид не.
Нест доим якмаром феъли ҷаноби Зиндагӣ,
Дар сипеҳраш мустадом лабхандаи хуршид не.
Умри кӯтоҳ сарф кардан баҳри истамҳо чаро?
Тинати ҳастии моро хислати тамдид не.
Мерасад ово зи ҳар сӯ аз камоли ҳамдилӣ,
Асли ҳол аммо ҳамин аст: дар миён тавҳид не.
Бар Худо гуфтам: “Худотарсе ба ман зоҳир кун”,
Гуфт: “Инсон ҳам даруни Маккаву масҷид не”.
Дар замини Каъба ҷое баҳри помонӣ нашуд,
Лек байни он ҳама покизаи зоҳид не.
Омадам берун зи даври танги дилҳои сияҳ,
Дар замирам хоҳиши баргаштану ворид не.
Сӯхтам дар гӯшаи танҳоиям аз дарди дил,
Рӯзи шодӣ кас зиёду дар ғамам шоҳид не.
Эй ҷаноби Зиндагӣ, дар байни меҳмонони ту
Дӯстдорат мисли ин Нилуфари Воҳид не.