Тафреҳ. Як баҳорияи хуб аз Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ

1

Хез, ки дар кўҳу дашт, хайма зад абри баҳор!

Масти тараннум ҳазор,

Тўтию дуррочу сор,

Кишти гулу лолазор,

Чашми тамошо биёр.

Хез, ки дар кўҳу дашт, хайма зад абри баҳор!

2

Хез, ки дар боғу роғ, қофилаи гул расид!

Боди баҳорон вазид.

Мурғ наво офарид,

Лола гиребон дарид,

Ҳусн гули тоза чид.

Хез, ки дар боғу роғ, қофилаи гул расид!

3

Булбулакон дар сафир, сулсулакон дар хурўш.

Хуни чаман гарми ҷўш,

Эй ки нишинӣ хамўш,

Дар шикан ойини хуш,

Бодаи маънӣ бинўш,

Бода саро, гул бипўш,

Булбулакон дар сафир, сулсулакон дар хурўш.

4

Ҳуҷранишинӣ гузор, гўшаи саҳро гузин.

Бар лаби ҷўе нишин,

Оби равонро бубин,

Наргиси нозофарин,

Лахти дилу фарри дин,

Бўса занаш бар ҷабин,

Ҳуҷранишинӣ гузор, гўшаи саҳро гузин.

5

Дидаи маънӣ кушо, эй зи аён бехабар!

Лола камар дар камар,

Нимаи оташ ба бар,

Мечакадаш бар ҷигар

Шабнами ашки саҳар,

Дар шафақ анҷум нигар,

Дидаи маънӣ кушо, эй зи аён бехабар!

6

Хоки чаман во намуд рози дили коинот.

Буду набуди сифот,

Ҷилвагариҳои зот,

Он чӣ ту донӣ ҳаёт,

Он чӣ ту хонӣ мамот,

Хоки чаман во намуд рози дили коинот.

Аз китоби  М.Ҳазратқулов “Наврӯзи олмафрӯз ва дигар идҳои суннатии сол”, таҳияи Саломат Якубова, сармутахассиси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд.