Таҳқиқи истифодаи технологияи муосир дар фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон

Шариф КОМИЛЗОДАРушди ҷомеаи иттилоотӣ ва дар ин замина афзудани талабот ҷиҳати сари вақт қонеъ гардонидани ниёзҳои иттилоотии хонандагони муқимӣ ва маҷозӣ тақозо намуд, ки тамоми китобхонаҳо бо дарназардошти тақвияти заминаҳои молиявӣ ва моддию техникии худ дар муҷаҳҳазгардонии китобхона бо технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (минбаъд ТИК) саҳм гиранд.

Дар робита ба ин масъала, қабул ва дар амал татбиқ гардидани барномаҳои давлатии рушди китобхонаҳои мамлакат ва компютергардонии онҳо, аз тадбирҳое мебошанд, ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудаанд. Татбиқи ТИК дар фаъолияти китобхонаҳо барои омўзиш ва муайян намудани вазъи воқеии ҷорӣ гардидани навгониҳо дар равандҳои китобдорӣ-библиографӣ, таҳқиқи чиҳатҳои мусбату манфии татбиқи навгониҳо дар фаъолияти китобхонаҳо шароити мусоид фароҳам овард. Имкон пайдо шуд, муҳаққиқон паҳлуҳои то ҳол таҳқиқнашудаи масъалаҳои истифодаи ТИК-ро дар фаъолияти китобхонаҳо ва марказҳои библиографӣ таҳқиқ намоянд. Ин кор бештар дар доираи мавзуи илмии  «Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол» (2021 – 2025) роҳандозӣ шуд. Натиҷаи корҳои баанҷомрасида дар ин самт инъикоси воқеии худро дар маҷмуаи “ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ-КОММУНИКАТСИОНӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ КИТОБДОРИИ ТОҶИКИСТОН”, ки фарогири 4 фаслу 13 мақола мебошад, ёфтаанд.

Фасли якум аз ду мақола иборат аст.

Дар мақолаи номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода ва номзади илмҳои таърих Маҳмадалӣ Ҷалилов “Ҷойгоҳи мафҳумҳои «инноватсия» ва «фаъолияти инноватсионӣ» дар илми китобдории тоҷиктаваҷҷуҳи асосӣ ба таҳқиқи мафҳумҳои марбут ба инноватсия ва фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ, зоҳир карда шудааст. Зикр мегардад, ки дар марҳилаи феълии рушди ҷомеаи муосири тоҷик калима ва ибораҳои «инноватсия», «инноватика», «нав», «навоварӣ», «навофарӣ», «навгароӣ», «навсозӣ», «навгонӣ», «фанофарӣ»,  «равандҳои инноватсионӣ»,  «фаъолияти инноватсионӣ» ва боз чанде дигар калимаю истилоҳҳои аз ҷиҳати фарогирии мазмуну мундариҷа қариб баробармуҳтаво дар тамоми соҳаҳои илми замони муосир, хусусан соҳаҳои иқтисодиёту фарҳанг, фалсафа, маориф. педагогикаю психология ва аксарияти дигар соҳаҳои илм серистеъмол буда, нақшу мақоми ба худ хосро касб кардаанд. Омўзиш ва таҳлили амиқи мафҳумҳои “инноватсия” ва “фаъолияти инноватсионӣ” дар заминаи адабиёти илмӣ, таълимӣ, публитсистикӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, нишон додааст, ки истилоҳҳои “инноватсия” ва “фаъолияти инноватсионӣ” то имрўз шарҳу тафсири ягонаи илмӣ надоранд ва дар муайян кардани мазмуну мундариҷа, нақшу мақом, доираи фарогирии ин зуҳуроти иҷтимоӣ дар байни олимону мутахассисон, хусусан муҳаққиқони соҳаи китобдорӣ ягонагии мавқеъу афкор ба амал наомадааст. Аз ҷумла, идае аз олимони соҳаи китобдорӣ-иттилоотшиносӣ ин мафҳумро дар маънии маҳдуди он – «навоварӣ», «навгонӣ», «навофарии» мутааллиқи соҳа шарҳу тавсиф намудаанд, теъдоди дигари муҳаққиқон ҷонибдори муҳтавои фаррохи фаъолияти инноватсионии китобдорӣ буда, ҳар навъ тағйирот, дигаргунии дар ин соҳа баамалояндаро чун падидаи инноватсионӣ арзёбӣ карда, вазифаи асосии фаъолияти инноватсионии китобдорӣ-иттилоотиро «функсияи тағйирдиҳӣ (дигаргун кардан) ё тағйир додан» маънидод кардаанд. Ба андешаи муҳаққиқон, мафҳуми «инноватсия» ва ибораҳои «фаъолияти инноватсионии китобдорӣ-иттилоотӣ» ва «раванди инноватсионии китобдорӣ-иттилоотӣ», ки дар маҷмуъ аз ин реша арзи ҳастӣ кардаанд, вобаста ба рушди ҷомеа, таҳаввулотҳои дар риштаҳои гуногуни илм баамалоянда мазмуну мундариҷаи худро батадриҷ васеътар ва доираи фарогириашонро паҳнотар менамоянд.

Дар мақолаи дигари муҳаққиқон Шариф Комилзода ва Маҳмадалӣ Ҷалилов “Таҳқиқи заминаҳои пайдоиш, ташаккул ва рушди инноватсия дар соҳаи китобдории тоҷик” дар заминаи таҳлили се барномаи давлатии фарогири зуҳуроти инноватсия: «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015» ва «Барномаи компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» татбиқи равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳои мамлакат мавриди омўзиш қарор гирифтааст. Чунонки аз натиҷаи таҳлилҳо бармеояд дар фаъолгардии таваҷҷуҳи олимони тоҷик ба зуҳуроти фановарӣ, ба андешаи муҳаққиқон ду омили асосӣ таъсири амиқ расонидаанд: якум, дастгирии сатҳи давлатии соҳа, дар асари татбиқи барномаҳои давлатии фарогири соҳаи китобдорӣ, ки тавассути ворид гардидани навгониҳои технологӣ пояҳои моддию техникии китобхонаҳои кишвар тақвият ёфта, афзалиятҳои истифодаи навофариҳоро дар таҷрибаи китобдорӣ тасбит карда, барои пешбурди таҳқиқотҳои илмӣ барои муҳаққиқон маводи фаровони илмиро фароҳам оварданд; дуюм, вусъати пайваста афзояндаи таблиғу ташвиқи равандҳои инноватсионӣ ва манфиатҳои онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи инсонӣ, минҷумла дар фаъолияти китобдорӣ шавқу рағбати олимони соҳаи китобдории тоҷикро низ ба таҳқиқи ин падидаи технологию назарӣ бештар ҷалб намуд. Қайд мегардад, ки тайи солҳои 2005-2015 муҳаққиқони соҳаи китобдории кишвар дар самти инъикоси вазъи воқеии фазои илмии соҳа, мазмуну мундариҷа ва моҳияти ба маҷрои инноватсионӣ воридшавии соҳаи китобдорӣ, хусусан равандҳои инноватсионии фаъолияти китобдорӣ сол то сол бештар иқдом варзида, комёбиҳои назаррасро соҳиб гардиданд. Вале шуруъ аз соли 2016 пас аз мавриди амал қарор гирифтани лоиҳаи мавзуи илмии «Равандҳои инноватсионии фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ дар муҳити ҷаҳонишавии фарҳанг» (барои солҳои 2016-2020), ки қаблан аз ҷониби ходимони илмии ПИТФИ омода ва барои маблағгузорӣ пешниҳод шуда буд, барои таҳқиқи қариб тамоми самту паҳлўҳои мухталифи назария ва амалияи фаъолиятҳои инноватсионӣ имкониятҳои фаровони моддӣ ва маънавиро фароҳам овард ва имкон дод, ки олимону мутахассисони соҳаи китобдории ҷумҳурӣ бо камоли масъулият ба баррасию таҳқиқи самти барои ин соҳа нисбатан нав, вале ниҳоят муҳимму мубрам – инноватикаи фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ кўшиши зиёд ба харҷ диҳанд. Дар робита ба татбиқи ин лоиҳа, муҳаққиқон маҳсулоти чопии олимони соҳа, ки дар шакли асарҳои ҷудогона, маҷмуаҳои илмӣ ва мақолаҳо дарҷ шудаанд, мавриди омўзишу таҳлил қарор додаанд. Аз ҷумла мазмуну муҳтавои маҷмуаи мақолаҳои «Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон. Китобҳои VI-IХ», «Таҳқиқи равандҳои инноватсионӣ дар шароити ҷаҳонишавии фарҳанги миллӣ», «Фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ», «Фарҳанги миллӣ дар ҷустуҷўйҳои илмӣ: дастовардҳои Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот» (солҳои 2016-2020, иборат аз 5 барориш), «Осор» (маҷмуаи мақолаҳои олимони ПИТФИ), рисолаҳои илмии «Инноватикаи китобдорӣ», «Равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаҳо», нашрияи илмию таҳлилии «Паёмномаи фарҳанг», ки аз ҷониби ПИТФИ дар як сол чор маротиба интишор меёбад, таҳлил шудаанд. Ба андешаи муҳаққиқон, татбиқи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самти инноватсияи соҳаи китобдорӣ имкон дод, ки масоили гуногуни раванди инноватсионӣ дар фаъолияти китобдорӣ, хусусан ҷараёни падидоии он дар китобхонаҳои мамлакат, бунёди китобхонаҳои электронӣ ва рақамӣ ва истифодаи технологияи муосир, ташкили феҳристи электронӣ, таҳқиқи ҷиҳатҳои мусбату манфии ин раванд мавриди омўзиш, таҳқиқ ва андешидани тадбирҳои муассир баҳри беҳдошти соҳаи китобдорӣ қарор гиранд.

Ба фасли дуюми маҷмуа 3 мақола шомиланд.

Дар мақолаи муҳаққиқ Шариф Комилзода “Омўзиши сатҳи таъминоти китобхонаҳои ҷумҳурӣ бо технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар таҳқиқотҳои олимони ПИТФИ” натиҷаи таҳқиқоти сотсиологӣ ва осори марбут ба ин мавзуъ нашршуда мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Таҳқиқ нишон додааст, ки истифодаи ТИК дар бунёди китобхонаҳои электронии анъанавӣ ва маҷозии муассисаҳои китобдорӣ, библиографӣ ва иттилоотии кишвар заминаи воқеӣ гузошта, ҷиҳати беҳтару хубтар роҳандозӣ намудани хизматрасонии китобдориву иттилоотӣ ва дар вақту замони мувофиқ қонеъ гардонидани ниёзҳои иттилоотии истифодабарандагон, мусоидат кардааст. Ҳамзамон, натиҷаи таҳқиқоти доиршуда дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Рашт, Ҳисор, Рўдакӣ ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ собит сохтааст, ки то имрўз на ҳамаи муассисаҳои китобдорӣ, библиографӣ ва иттилоотии кишвар технологияи нави иттилоотӣ-коммуникатсиониро мувофиқи мақсад истифода мекунанд, бахусус дар шароити деҳот на ҳамаи китобхонаҳо бо биноҳои алоҳидаи замонавӣ ва технологияи нави иттилоотӣ-коммуникатсионӣ таъмин шудаанд, бештари китобхонаҳои мамлакат ба мутахассисони баландихтисоси соҳаи китобдорӣ ва донандаи технология муосир сахт эҳтиёҷ доранд.

Қайд мегардад, ки баррасӣ ва таҳлили амиқи таҳқиқи илмии мавзуи дар лоиҳаи «Равандҳои инноватсионии фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ дар муҳити ҷаҳонишавии фарҳанг» (барои солҳои 2016-2020) пешниҳодшуда, аз ҷониби ходимони илмии ПИТФИ дар зарфи панҷ соли амали он дар сатҳи баланди тадқиқотҳои илмӣ татбиқ гардидааст, ки самари он дар интишори китобҳо, рисолаҳо, дастурҳои методӣ, мақолаҳои пурарзиши илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва дигар шаклҳои таълифотҳои илмӣ тасбиту тасдиқи худро ёфтааст. Ва ин бозёфту дастовардҳои илмиву таҳқиқотии ходимони пажуҳишгоҳ дар илмҳои китобдорию иттилоотшиносии кишвар ҳамчун навгониҳои илмӣ маҳсуб ёфта, дар ниҳоди худ аз маводи воқеии оморию назариявӣ, ки тавассути баргузор намудани экспедитсияҳои илмӣ ва пешбурди тадқиқоти сотсиологӣ ҷиҳати омўзиши вазъи фаъолияти муассисаҳои китобдорӣ ба даст омадаанд, комилан боэътимоду боварибахш мебошанд ва ҷиҳати омўзиши амиқи марҳилаҳои ташаккули равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳо ва марказҳои библиографӣ ба олимону мутахассисони соҳа, мусоидат мекунанд. Дар охир муҳаққиқ роҷеъ ба камбудию норасоиҳои дар ин самт ҷойдошта ва роҳҳои бартараф намудани онҳо тавсияҳои мушаххас пешниҳод кардааст.

Дар мақолаи муҳаққиқон Шариф Комилзода ва Маҳмадали Ҷалилов “Раванди компютергардонӣ дар  фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон” масоили таъмини китобхонаҳои ҷумҳурӣ бо технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар партави барномаҳои давлатии соҳаи китобдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллифон такя ба маводи чопиву бойгонӣ вазъи воқеии татбиқи барномаҳои давлатиро дар самти компютергардонии китобхонаҳои оммавии мамлакат таҳлил намуда, роҷеъ ба дастовардҳо ва норасогиҳои кор дар ин самт андешаронӣ кардаанд. Қайд мегардад, ки соҳаи китобдории тоҷик аз лиҳози фарогирии пояҳои моддию техникӣ, таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва таъминоти кадрӣ ҳанўз дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ дар қиёс бо аксарияти дигар ҷумҳуриҳои аъзои Иттиҳод дар сатҳи поёнтар қарор дошт, ки маҳз ҳамин омилҳо дар солҳои аввали соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ бо омилҳои объективии оғоз ва идомаи ҷанги шаҳрвандӣ дар як қисми ҳудуди ҷумҳурӣ (солҳои 1992-1997), буҳрони шадиди иктисодӣ ва касодии буҷаи кишвар, норасоии мутахассисони ихтисоси китобдорӣ ва надоштани малакаю маҳорати кори амалӣ дар татбиқи навгониҳои китобдорӣ, омезиш ёфта, соҳаро ба буҳрони шадид мувоҷеҳ намуд. Ба андешаи муҳаққиқон, ба ҷумлаи масъалаҳои дарҷшуда метавон чунин омилҳоро низ мансуб донист: дар вазъияти буҳронӣ масъулини соҳа ва китобхонаҳои бузурги кишвар, ки аз захираҳои кофии илм бархўрдор набуданд, баҳри таҳияи барномаҳои инноватсионӣ ва татбиқи онҳо имкони ҷалби нерўи илмӣ ва илмию техникиро аз берун дар ихтиёр надоштанд; қариб дар ҳамаи китобхонаҳои гуногунсоҳаи ҷумҳурӣ инфрасохтори инноватсионӣ мавҷуд ва муҳайё набуд; суръати пасти ташаккулёбии низоми муосири тайёр кардани кадрҳо дар соҳаи фаъолияти инноватсионии китобдорӣ; номутобиқатии ҳолати воқеии системаи технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ ба талабот нисбат ба ташкили системаи муосири иттилоотӣ дар соҳаи фаъолияти инноватсионии китобдорӣ-иттилоотӣ; таҳия нагардидани тадбирҳо оид ба ҳавасмандагардонӣ мутахассисони навофари соҳа ва дар вақту замон мавриди истифода қарор надодани фановариҳои илмию амалии онҳо; истифодаи нокифояи имкониятҳои мавҷудаи ҳамкориҳои байналмилалӣ барои дастгирии равандҳои инноватсионии фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ дар мамлакат.

Ҳамзамон муаллифон оид ба нақши технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар бунёди захираҳои ҳуҷҷатҳои электронӣ, такмили захираи китобхонаҳои электронӣ ва беҳтар намудани фаъолияти сомонаҳои интернетӣ андешаҳои ҷолиб баён намудааст.

Дар мақолаи муҳаққиқ Зафар Саидов “Роҳандозии фаъолияти автоматикунонидашудаи раванди китобдорӣ-иттилоотӣ (дар заминаи татбиқи “Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”)”, корҳои анҷомдода дар солҳои 2022-2023 мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Қайд мегардад, ки татбиқи босамари барномаи мазкур дар солҳои 2022-2023 боиси дигаргуниҳои назаррас дар самти автоматикунонии раванди фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ дар Китобхонаи миллӣ гардидааст. Дар ин замина барои беҳтар намудани хизматрасонии электронӣ ба истифодабарандагон таҷҳизоти техникии мавриди ниёз харидорӣ шудааст ва алҳол раванди рақамигардонии рӯзномаву маҷаллаҳо, китобҳо, дастхатҳо ва дигар мавод идома дорад. Дар баробари ин, ишора шудааст, ки дар Китобхонаи миллӣ дар самти таҳияи барномаҳои электронии соҳавӣ қадамҳои устувор гузошта шуда, натиҷаҳои қобили мулоҳиза ба бор оварда истодаанд. Таҳлилҳо нишон додааст, ки харидории таҷҳизоти зарурии техникӣ ва роҳандозии раванди автоматикунонии фаъолияти китобдорӣ барои гузаштан ба сатҳи сифатан нави фаъолияти автоматикунонидашуда ва беҳтар намудани ин самти фаъолияти Китобхона таъсири мусбат мерасонад. Муаллиф аз натиҷаи таҳлили раванди амалишавии нишондоди “Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027”, ба хулоса меояд, ки масъалаи хизматрасонии электронӣ ба истифодабарандагон масъалаи муҳим ва мубрами раванди автоматикунонии фаъолияти Китобхона буда, дар доираи татбиқи барномаи фавқуззикр то соли 2027 интизор меравад, ки Китобхонаи миллӣ пурра ба хизматрасонии электронӣ ба истифодабарандагон гузашта, фонди Муассиса рақамигардонӣ шавад.

Фасли сеюми маҷмуа фарогири 8 мақола мебошад.

Дар мақолаи муҳаққиқ Шариф Комилзода “Истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон” масъалаҳои марбут ба худкорсозии равандҳои китобдорӣ-библиографӣ ва истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (минбаъд ТИК) дар фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ мавриди омўзиш қарор гирифтааст. Бахусус, таҷрибаи Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти худкорсозии равандҳои китобдорӣ-библиографӣ ва истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ таҳлил шудааст. Дар мақола мафҳуми “технологияи иттилоотӣ” дар заминаи таҳлили адабиёти гуногуни мавҷуда шарҳу эзоҳ дода шудааст ва ба ақидаи муаллиф зери мафҳуми «технологияи иттилоотӣ» – раванди истифодаи маҷмуи усулҳо ва воситаҳои техникии ҷустуҷў, ҷамъоварӣ, бунёд, захира, коркард, феҳристнигорӣ, ҳифз, нигоҳдорӣ, нусхабардорӣ, интиқол, пешниҳод ва қабули иттилоотро таъмин менамояд» фаҳмидан мувофиқи мақсад мебошад.  Қайд мегардад, ки таъмини саривақтии китобхонаҳо бо технологияи муосир ва истифодаи мақсадноки он аз ҷониби мутахассисони баландихтисос ва донандаи нозукиҳои кор бо ин технология барои худкорсозии равандҳои китобдорӣ-библиографӣ шароит муҳайё сохта, имкон медиҳад, ки сатҳи сифати хизматрасонӣ беҳтару вақти корӣ сарфа шавад, маҳсулнокӣ ва самаранокии меҳнати китобдорон тадриҷан баланд гардад. Ба андешаи муҳаққиқ, худкорсозӣ ин раванди доимӣ буда, тақозо мекунад, ки масъулин пайваста ҷиҳати саривақт иваз намудани технологияи корношоям бо технологияи наву замонавӣ тадбирҳо андешад.

Натиҷаи таҳқиқ муайян кардааст, ки дар китобхонаҳои бо технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва мутахассис (китобдор)-технологҳои касбӣ таъминбуда, бештари амалиётҳо, аз қабили раванди бақайдгирии хонандагон ва ба низом даровардани дархости онҳо, ҷараёни китобдиҳӣ ва назорати саривақт баргардонидани китобҳо, баҳисобгирӣ ва коркарди нашрияҳои воридотӣ, такмили фондҳои китобхона, феҳристнигории электронӣ, рақамигардонӣ, сканеркунонӣ, нусхабардории ҳуҷҷатҳо, таваққуфгоҳи кории китобдор, толори хониши маҷозӣ, таҳвили ҳуҷҷатҳои электронӣ, дастгоҳи маълумотӣ-библиографӣ, хизматрасонӣ тавассути низоми АБК, раванди қонеънамоии ниёзҳои иттилоотии хонандагони маҷозӣ ва ҳамзамон хонандагони муқимии китобхона, худкор карда шудаанд. Ҳамзамон дар мақола ишора шудааст, ки раванди татбиқи ТИК дар хизматрасонии китобдорӣ метавонад ба як қатор мушкилот мувоҷеҳ шавад. Ба ақидаи муаллиф, тибқи нақша сари вақт маблағгузорӣ нашудани татбиқи ТИК раванди иҷроишро душвор мегардонад, мушкилоти техникӣ низ метавонад сади роҳи татбиқи ТИК гардад, таълими кадрҳои салоҳиятдор ва донандаи соҳаи технологияи иттилоотӣ метавонад мураккаб ва вақту маблағгузории иловагиро талаб намояд. Дар охир як чанд пешниҳодҳо ҷиҳати беҳбуд бахшидани фаъолияти китобхонаҳо дар самти худкорсозии равандҳои китобдорӣ-библиографӣ ва истифодаи самараноки ТИК ироа шудаанд.

Дар мақолаи муҳаққиқ Шариф Комилзода “Ҷойгоҳи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар нашр ва пахши ҳуҷҷатҳои электронӣ” барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёнаи махсус ва олии касбӣ оид ба тадриси фанҳои таълимии ”Технологияи иттилоотӣ” ва “Информатика” таҳлил шуда, нақшу мақоми технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар рушди китобчопкунии электронӣ, бунёди захираҳои ҳуҷҷатҳои электронӣ ва роҳандозии фаъолияти китобхонаҳои электронӣ ва сомонаҳои интернетӣ бисёр муҳим арзёбӣ шудааст. Қайд мегардад, ки бо тақозои вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ китобхонаҳо дар радифи иҷрои дархостҳои муқаррарии хонандагон чиҳати истифодаи фонди чопӣ боз муваззаф шудаанд, ки ҳамчун марказҳои фароҳамоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ, тавлиду коркард ва тарғибу ташвиқи манбаъҳои электронии иттилоотӣ ба хонандагони маҷозӣ хизмат расонанд ва бо дарназардошти вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ ва дар рақобат бо дигар воситаҳои нави иттилоотӣ-коммуникатсионӣ шаклу усулҳои наву самарабахши хадамоти китобдориро мавриди истифода қарор диҳанд. Дар баробари ин таъкид мешавад, ки истифодаи технология муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо ва инкишофи низоми тарғиби электронии иттилоот (тавассути феҳрист ва китобҳои электронӣ, нашрҳои электронии дар CD-ROM ва дигар ҳомилҳо сабтшуда) имкон медиҳад, ки талаботи иттилоотии истифодабарандагон дар вақту замони мувофиқ қонеъ гардад ва онҳо ба навтарин дастовардҳои илмию фарҳангии ватанию ҷаҳонӣ ошно шаванд.

Ба андешаи муаллиф, бартарии китобҳои электронӣ нисбат ба китобҳои чопӣ дар он аст, ки онҳоро хонанда новобаста аз макони нигоҳдориашон ва замони истифодаашон метавонанд бе ягон маъмоният дастрас карда, мутолиа намояд. Инчунин, пажуҳишу дарёфти китобҳои электронӣ на он қадар вақти тўлониро талаб мекунад ва эҳтиёҷоти хонанда ба ин намуди китобҳо сари вақт қонеъ мегардад. Барои бунёди китобхонаҳои электронӣ зарур аст, ки дар фаъолияти тамоми муассисаҳои табъу нашр дар радифи нашри китобҳои чопӣ, нашри китобҳои электрониро ба роҳ мондан, ба мақсад мувофиқ аст. Ин иқдоми наҷиб, аз як ҷониб барои такмили мунтазами фонди китобхонаҳо мусоидат намояд, аз ҷониби дигар, барои бо теъдоди зиёд нашр шудану аз ҳисоби фурўши онҳо фоидаи иловагӣ ба даст овардани нашриётҳо заминаи боэътимодро ба вуҷуд меорад. Муаллиф ҳамзамон, андешаҳои худро оид ба аҳаммияти сомонаҳои интернетии китобхонаҳои давлативу хусусӣ ва ташкилоту муассисаҳои илмиву таълимӣ дар бунёди захираҳои ҳуҷҷатҳои электронӣ ва таъмини дастрасии хонандагони муқимию маҷозӣ ба манбаъҳои рақамӣ, баён намудааст.

Дар мақолаи номзади илмҳои таърих Меҳроҷ Комилов “Истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти Китобхонаи миллӣ” масъалаҳои истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷорӣ намудани шаклҳои нави хизматрасонии китобдорӣ бо истифода аз технологияи нави иттилоотӣ-иртиботӣ ва дар фаъолияти китобхона роҳандозӣ кардани низоми худкори равандҳои китобдорӣ-иттилоотӣ, ташкили захираҳои ҳуҷҷатҳои электронӣ ва дастгоҳи маълумотӣ-библиографии электронӣ ва дигар навгониҳои ҷоринамудаи китобхонаро таҳлил намуда, таҷрибаи муфиди фаъолияти онро хуб арзёбӣ кардааст. Қайд гардидааст, ки истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳо ва дар ин робита инкишофи низоми ҷамъоварӣ, коркард, гурўҳбандӣ, нигоҳдорӣ ва тарғиби электронии иттилоот имкон дод, ки талаботи иттилоотии истифодабарандагон дар вақту замони мувофиқ қонеъ гардад.

Дар мақола ишора шудааст, ки дар шароити ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ нақш ва мақоми сомонаҳои интернетӣ ҳамчун воситаи муҳимми тавлид ва пахши донишҳои марбут ба соҳаи китобдорӣ тадриҷан афзудааст ва тарғибу ташвиқи донишҳои китобдорӣ бештар тавассути сомонаи китобхонаҳо роҳандозӣ шуда, фаъолияту дастовардҳои воқеии онҳо дар саҳифаҳои сомона муаррифӣ мешаванд. Ин иқдоми нек, ба андешаи муаллиф, аз як ҷониб, имкон медиҳад, ки китобдорон ба таҷрибаи муфиди фаъолияти китобхонаҳо аз наздик ошно шаванд, аз ҷониби дигар, сатҳи дониши тахассусии хешро такмил диҳанд. Зарурати пешниҳоди чунин маводро муаллиф барои он муҳим арзёбӣ кардааст, ки имрўз аз ҷониби марказҳои илмӣ-методӣ барои китобдорон чиҳати ташкили кор дар китобхонаҳо ва вежагиҳои касби китобдорӣ маводи зарурӣ кам таҳияву интишор мешаванд ва дар робита ба раванди босурати рушди технологияи муосир ҷорӣ шудани навгониҳо дар фаъолияти китобдорӣ пайваста мукаммал гардонидани сатҳи дониши тахассусии китобдоронро тақозо мекунад.

Қайд гардидааст, ки бо мақсади ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва дастраси хонандагони муқаррарӣ ва маҷозӣ гардонидани ҳуҷҷатҳои электронӣ дар заминаи рақамигардонии китобҳои чопии Китобхонаи миллӣ соли 2015 Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон бунёд ёфт ва барои дастрасии хонандагони муқимию маҷозӣ ба нашрҳои электронии китобхона мусоидат кард. Дар баробари ин, муаллиф қайд менамояд, ки гурўҳбандии китобҳои электронӣ дар захираи китобхонаи электронӣ мутобиқи ҷадвалҳои таснифоти даҳгонаи универсалӣ (ТДУ) ва ё таснифоти китобдорӣ-библиографӣ (ТКБ) роҳандозӣ нашудаанд ва албатта ин муносибат сабаби асосии нодуруст ҷойгир шудани китобҳо дар бештари соҳаҳои пешниҳодшуда гаштааст.

Муаллиф вазъи бо ТИК муҷаҳҳазгардонии бахшу шуъба ва марказҳои Китобхонаи миллиро нек арзёбӣ намуда, қайд менамояд, ки натиҷаи ин иқдомот барои роҳандозии чунин навгониҳо мусоидат намуд, аз ҷумла: дар фаъолияти китобхона низоми нисбатан комили худкори равандҳои китобдорӣ-иттилоотӣ бо истифода аз барномаи соҳавии «Алеф» ҷорӣ шавад; дастрасӣ ба мутолиаи китобҳои электронӣ, савтӣ (аудиокитобҳо) ва манобеи электронии марказҳои иттилоотӣ ва китобхонаҳои ватанию хориҷӣ таъмин гардад; дастгоҳи маълумотӣ-библиографии электронӣ (нашрҳои маълумотдиҳандаи электронӣ, системаи феҳристу картотекаҳои электронӣ) ташкил карда шавад; рақамигардонии нашрҳои чопӣ роҳандозӣ шавад; нусхабардории матни китобҳои чопӣ ва фарокашии матни маводи дар шакли pdf  пешниҳодшуда ба роҳ монда шавад; толорҳои хониши электронӣ ва маҷозӣ ташкил карда шаванд; сомонаҳои интернетӣ таъсис дода шаванд; интернет-транслятсияи чорабиниҳои муҳимми илмӣ ва тахассусии китобдорӣ баргузор гарданд; ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти мубодилаи китобҳо, баргузории чорабиниҳои соҳавӣ густариш ёбанд; низоми расонидани ҳуҷҷатҳои электронӣ дар фаъолияти абонементи байни китобхонаҳо ҷорӣ шавад; имкони такмили захираи китобхонаҳои электронӣ пайдо шавад; истифода ва тавассути ҳомилҳои электронӣ интиқол додани ҳуҷҷатҳои электронӣ ба роҳ монда шавад.

Дар мақолаи муҳаққиқон Шариф Комилзода ва Маҳмадалӣ Ҷалилов “Истифодаи ТИК дар фаъолияти китобхонаҳои оммавӣ ва китобхонаҳои макотиби олӣ” натиҷаи таҳқиқоти баргузоршуда дар заминаи лоиҳаи «Равандҳои инноватсионии фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ дар муҳити ҷаҳонишавии фарҳанг барои солҳои 2016-2020» мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Қайд мегардад, ки бо истифода аз се пурсишнома: «Сатҳи таъминоти китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионии муосир (пурсишнома барои китобдорон)», «Вазъи дастрасии хонандагон ба технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионии муосир дар китобхонаҳо ва сатҳи истифодаи он (пурсишнома барои хонандагони китобхона)» ва «Вазъи дастрасии донишҷўён ба технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионии муосир дар китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва сатҳи истифодаи он (пурсишнома барои донишҷўён-истифодабарандагони китобхона)» афкору андешаҳои 3268 нафар донишҷўи 113 факултети 22 мактаби олии кишвар мавриди омўзиш қарор гирифтааст. Илова бар ин, натиҷагирӣ аз таҳқиқотҳои дар китобхонаҳои оммавии мамлакат доиршуда нишон додааст, ки дар радифи дастовардҳо, дар самти таъминоти китобхонаҳо бо технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионии муосир ва вазъи истифодабарии он камбудию костагиҳои зиёд вуҷуд доранд. Аз ҷумла, муайян шудааст, ки дар доираи китобхонаҳои оммавӣ асосан китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва китобхонаҳои марказии системаи марказонидашудаи китобхонаҳо (бо истиснои баъзе китобхонаҳои ноҳиявӣ) бо технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионии муосир таъмин гардидаанд. Китобхонаҳои дар деҳот ҷойгирбуда, ки ба системаи марказонидашудаи китобхонаҳо ба ҳайси филиал шомиланд, аз навгониҳои иттилоотӣ умуман бебаҳра мондаанд. Ҳамзамон, ошкор гардид, ки на ҳамаи китобхонаҳо аз уҳдаи истифодаи дурусту мақсадноки технологияи дар ихтиёрдоштаашон мебароянд. Бо истиснои як-ду китобхона, дар бештари китобхонаҳои оммавӣ китобхонаи электронӣ ва дастгоҳи маълумотӣ-библиографии электронӣ (ҳатто дар баъзе китобхонаҳо то имрўз дастгоҳи маълумотӣ-библиографии анъанавӣ) ташкил карда нашудаанд. Дар робита ба ин, қайд мегардад, ки на дар ҳамаи китобхонаҳои дорои технологияи муосир истифодаи шабакаи Интернет дар равандҳои мухталифи кори китобдорӣ, ба монанди такмили фонд, шинос шудан бо навгониҳои соҳаи китобдорӣ, роҳандозии хадамоти китобдорӣ тавассути абонементи байни китобхонаҳо, ташкили веб-сомонаҳо, истифода аз фонд ва феҳристҳои электронии китобхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ, ба роҳ монда шудааст.

Дар мақолаи номзади илмҳои педагогӣ Сайфиддин Камолзода «Вазъи китобхонаҳои мактабӣ дар шароити рушди технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ» фаъолияти китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ дар иртибот ба заминаи моддию техникӣ ва шароиту имконоти мавҷудаи онҳо мавриди омўзиш қарор гирифтааст. Қайд мегардад, ки соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои бозсозии фаъолияти китобхонаҳои мактабӣ шароитҳои заруриро муҳайё сохт. Аз ҷумла, дар фаъолияти ин навъи китобхонаҳо истифодаи мақсадноки технологияи иттилоотӣ-иртиботиро роҳандозӣ кард, ки дар натиҷа сатҳу сифати хизматрасонии китобдорӣ беҳтар гардид ва ҳамзамон, ин фаъолият ба муҳити муътадили итттилоотӣ-таълимӣ мусоидат намуд. Дар баробари ин, ишора шудааст, ки номукаммалии меъёрҳои ҳуқуқии китобхонаҳои мактабӣ (набудани стандарти давлатии хизматрасонии иттилоотӣ-китобӣ, меъёрҳои ҳадди ақали фонди китобхонаҳои мактабӣ, номуайянии мақоми китобдори китобхонаи мактабӣ, инчунин масъулияти муаллимон дар ташкили фаъолияти китобхона ва ғ.) инчунин набудани консепсияи азнавсозии китобхонаҳои мактабӣ, ҳолати ғайриқаноатбахши фонди китобхонаҳо, ки дар асл аз адабиёти бачагонаи классикӣ ва замонавӣ, нашрияҳои даврӣ, воситаҳои ёрирасон барои омўзгорон ва китобдорон пурра намегардад, истифодаи ғайримақсадноки технологияи иттилоотӣ ва монанди инҳо ба пешрафти фаъолияти китобхонаҳои мактабӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Ба андешаи муаллиф, сатҳи пасти мақоми китобдори китобхонаҳои мактабӣ ва маоши ночизи онҳо ва ҳамзамон ба гурўҳи мансабҳои ёрирасон дохил намудани вазифаи китобдори китобхонаи мактабӣ низ аз камбудиҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбанд.

Дар мақолаи муҳаққиқон Шариф Комилзода, Соломудин Наимов, Оксана Титова ва Азиза Раҷабова “Истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ  дар фаъолияти муассисаҳои китобдорӣ (дар ҳошияи таҳқиқоти баргузоршуда)” натиҷаи таҳқиқоти доиршуда дар самти истифодаи ТИК дар фаъолияти Китобхонаи оммавии ба номи Т. Асирии вилояти Суғд, Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи А. Шукўҳии ш. Хуҷанд, китобхонаҳои низоми марказонидашудаи ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Фархор, ҳамзамон китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ, аз қабили Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи П. Буйдоқов» (ноҳияи Рӯдакӣ), Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати ҷумҳуриявии миёнаи махсуси санъати ба номи М. Атоев», Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати ҷумҳуриявии миёнаи махсуси мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ» ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст. Таҳқиқ муайян намуд, ки китобдорон шабакаи Интернетро бештар бо чунин мақсад истифода мекунанд: гирифтани иттилооти нав доир ба китобҳои тозанашр, истифодаи фонд ва феҳристҳои электронии алифбоию мураттабии китобхонаҳо, такмили фонди электронии китобхона, барои ҷустуҷўи адабиёти ниёзи хониш, шинос шудан ба навгониҳои соҳаи китобдорӣ, роҳандозии хадамоти китобдорӣ тавассути абонементи байни китобхонаҳо, пешниҳоди хизматрасонии китобдорӣ тавассути сомонаи худии китобхона, иштирок дар конференсияҳои байналмилалӣ ва форумҳои китобдорон (тариқи онлайн).  Ҳамзамон, дар заминаи таҳқиқоти баргузоршуда як қатор мушкилот дар самти истифодаи ТИК ошкор гардидааст, ки барои рафъи онҳо, ба андешаи муҳаққиқон, бояд чунин корҳоро ба анҷом расонид: таҳияи “Барномаи давлатии компютергардонии китобхонаҳои оммавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030”; такмили сатҳи дониши кормандони китобхонаҳо оид ба истифодаи ТИК тавассути курсҳои такмили ихтисос ва таҷрибаомўзӣ дар дохил ва хориҷи кишвар; тақвияти заминаи модию техникии китобхонаҳо дар самти таъмини онҳо бо таваққуфгоҳҳои худкори корӣ; баланд бардоштани талабот ба салоҳияти иттилоотию коммуникатсионии кормандони китобхона; ҷорӣ намудани дастовардҳои ҷаҳонии истифодаи ТИК дар таҷрибаи кори китобхонаҳои мамлакат; навсозии ТИК-и мавҷуда; татбиқи технологияҳои навтарини иттилоотию коммуникатсионӣ дар фаъолияти китобхона-филиалҳо; таҳияи дастурҳои илмӣ-методӣ оид ба истифодаи ТИК дар китобхонаҳо. Илова бар ин, муҳаққиқон барои беҳтар намудани фаъолияти иттилоотӣ-тарғиботии китобхонаҳо, бахусус китобхона-филиалҳо ва дар назди онҳо таъсис додани китобхонаҳои электронии анъанавӣ истифодаи сомонаҳои интернетии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва сомонаи (китобхонаи шахсии) суханшинос ва муҳандис Абдуҳамид Тағоев, тавсия додаанд.

Дар мақолаи муҳаққиқ Сайзароб НодирзодаИстифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти Хонаи китоби Тоҷикистонмасъалаҳои рақамигардонии осори чопии дар хазинаи Хонаи китоби Тоҷикистон маҳфузбуда ва дар заминаи он бунёди бойгонии электронии нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳои ватанӣ мавриди омўзиш қарор гирифтааст. Муаллиф корҳои дар заминаи лоиҳаи “Беҳтар намудани таҷҳизоти нигоҳдорӣ, рақамикунӣ ва истифодабарии китобҳои Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон” иҷрошударо, ки дар асоси Созишномаи грантии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои баёналмилалӣ (JICA) доир мегарданд, таҳлил намуда, мубрамият ва аҳаммияти ин иқдомро дар бунёди бойгонии электронии нусхаҳои ҳатмии ватанӣ бисёр муҳим арзёбӣ кардааст. Ба андешаи муаллиф, рақамикунонии китобҳо, на танҳо барои бунёди фонди эҳтиётии бойгонии хаттии миллати тоҷик замина мегузорад, балки ҳамчун захираи нодири мероси китобӣ дастрасии насли имрўзу ояндаро ба ин мерос таъмин менамояд. Ҳамзамон, дар мақола кайд гардидааст, ки раванди амалиёти рақамигардонӣ ва бунёди бонки иттилоотии бойгонии Хонаи китоби Тоҷикистон дар се марҳилаи фаъолият амалӣ мегардад. Марҳилаи аввал нусхабардорӣ, яъне аз шакли чопӣ ба шакли электронӣ баргардонӣ намудани маводи чопӣ буда, заҳмати хело зиёд ва эҳтиёткориро талаб мекунад. Зеро қисме аз маводи бойгонӣ беш аз 80 то 100 сол умр дошта, дар ҳолати фарсудагӣ қарор доранд. Дар марҳилаи дуюм, адабиёти рақамигардонидашуда, тибқи ҷадвали “Таснифоти даҳгонаи универсалӣ” (ТДУ) ба соҳаҳои дониш тасниф карда мешаванд ва тасвири библиографии он ҷиҳати таҳияи феҳристи электронӣ истифода мегардад. Дар марҳилаи сеюм, тавассути равзанаи “Феҳристи матбуоти тоҷик”-и сомонаи муассиса (www.khkt.tj) мундариҷа ва худи мавод манзури муштариён гардонида мешавад.

Мақолаи муҳаққиқон Оксана Титова ва Азиза Раҷабова “Истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар китобхонаҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (натиҷаи таҳқиқи сотсиологӣ)”, ки ба забони русӣ таълиф шудааст, дар заминаи як назарсанҷии сотсиологии китобдорон вазъи истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) дар фаъолияти Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукўҳии ш. Хуҷанд ва Китобхонаи низоми марказонидашудаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, мавриди омўзиш қарор гирифтааст. Тадқиқотчиён натиҷаи пурсишномаҳоро ҳамаҷониба таҳлил намуда, қайд менамоянд, ки дар фаъолияти кории ин китобхонаҳо истифодаи ТИК дар сатҳи баланд роҳандозӣ шудааст ва бисёр ҷойҳои кории кормандон бо компютерҳои фардӣ бо нармафзори махсус муҷаҳҳаз мебошанд. Тадқиқот нишон додааст, ки ҷорӣ намудани ТИК дар равандҳои кори китобхона муносибати мусбати посухдиҳандагонро ба инноватсия дорад. Онҳо ҳамчунин қайд карданд, ки ТИК барои пешниҳоди хидматҳои машваратии китобдорон ва тавсияҳои ҳамаҷонибаи онҳо ба корбарон мусоидат мекунад.

Зимни ин назарсанҷии сотсиологӣ маълум шудааст, ки китобдорон ба захираҳои электронии аз ҷониби корбарон нусхабардоришаванда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бо мақсади интихоб намудани беҳтарин нашрияҳо аз сайтҳои иттилоотӣ сарчашмаҳои боэътимоди иттилоотро тавсия медиҳанд.

Тадқиқоти сотсиологӣ барои муайян кардани нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатии таҷҳизоти техникӣ, нармафзор ва сатҳи истифодаи ТИК дар ин китобхонаҳо мусоидат кардаст. Ҳамзамон, дар мақола ҳаҷми фонди китобҳои ин муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳаҷми фонди ҳуҷҷатҳои электронии китобхонаҳо бо дарназардошти равандҳои алоҳидаи марбут ба истифодаи ТИК инъикос ёфтааст.

Тадқиқот номгӯи хидматрасониҳоеро, ки тавассути ТИК ба корбарон пешниҳод мешаванд, муайян намуда, таваҷҷуҳи хосса ба манфиатҳои фаъолияти инноватсионии китобхонаҳо, ки имрӯз ба таври ҳуқуқӣ ба яке аз хизматрасониҳои асосӣ ва ба ҷузъи таркибии кори касбии китобдорон табдил ёфтааст, зоҳир менамояд. Ба андешаи муҳаққиқон, гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки сатҳи истифодаи шаклҳои инноватсионии хизматрасонии китобдорӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои нави татбиқи дастовардҳои инноватсионии пешрафтаи илмию техникӣ, ки ба баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати хизматрасонӣ ба истифодабарандагони китобхонаҳо нигаронида шудаанд, назорат карда шавад.

Маҷмуа барои муҳаққиқону мутахассисони соҳаи китобдорӣ, магистрону унвонҷўён, устодону донишҷўёни факултету шуъбаҳои китобдорӣ ва иттилоотшиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар пешниҳод гардидааст.

Шариф КОМИЛЗОДА,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.