Таҳқиқоти муҳим ва саривақтӣ
Агарчи аз нашри нахустинрӯзномаи тоҷикӣ дар Осиёи Марказӣ – «Бухорои шариф» беш аз 110 сол сипарӣ гардида бошад ҳам, ҳанӯз ба таври амиқу комил омилҳои бурузу суқут, вижагиҳои табъу нашр, унсурҳои жанрӣ, қолабҳои эҷодӣ, хусусиятҳои нашрия, мавқеи ғоявии нашрия ва дигар вижагиҳои табъу нашри рӯзномаи мазкур мавриди таҳқиқи диссертатсионӣ қарор нагирифта буд. Ҳарчанд талошҳои муассиру муҳаққиқона дар ин самт анҷом шудааст, вале диссертатсияи Атозода Муҳаммадиқбол Имомуддин дар мавзӯи «Аносири жанрҳои публитсистӣ дар рӯзномаи «Бухорои шариф» бо тарзи таҳлилу ташхиси илмӣ таҳқиқоти муҳим ва саривақтӣ буда, то андозае ин халоро пур намудааст.
Аз муҳтавои таҳқиқот маълум аст, ки рисолаи таълифшуда дар такя ба адабиёти илмӣ-назариявии журналистикаи рус ва ҳам публитсистикаи тоҷик навишта шуда, ӯ вобаста ба таърихи нашр ва ташаккули жанрҳо дар «Бухорои шариф» андеша ва таҳлилҳои дурусти илмӣ бароварда, зери роҳбарии доктори илмҳои филология, профессор Мурод Муродӣ ба натиҷаҳои амиқи илмӣ расида, пажӯҳиши мукаммалеро анҷом додааст.
Арзиши назариявӣ ва амалии диссертатсияи Атозода М.И. дар он аст, ки натиҷаҳои ҳосилшуда ҷанбаҳои таърихӣ ва назарии илми публитсистикаи тоҷикро пур карда, нақши рӯзномаи «Бухорои шариф»-ро дар ташаккули матбуоти тоҷик, инкишофи жанрҳои публитсистӣ, рушди афкори навгароӣ дар муҳити иҷтимоии Аморати Бухоро ва мактаби эҷодии ин нашрияро муайян намудааст. Инчунин шаклу намои рӯзнома: саҳифаву сутунҳо, сатрҳо, ҳуруфоти нашрия, рангорангии сарлавҳаву зерсарлавҳаҳо, аксу тасвирҳо, аломатҳои имлоӣ, хатҳои ҷудокунандаи матн ва монанди инҳоро нишон додааст.
Бояд тазаккур дод, ки диссертатсияи анҷомёфта бо ин фарогирии мавзуъ барои таҳқиқотҳои минбаъда доир ба масъалаҳои таъриху назарияи публитсистика адабиёти илмии муфид аст. Ҳамчунин аз натиҷаҳои таҳқиқи диссертатсия дар гурӯҳҳои ихтисосии кафедраҳои матбуот курсу семинарҳои махсус гузаронида, дар таълифи китобҳои дарсии соҳавӣ, дастурҳои таълимӣ ва машғулиятҳои амалии таърихи матбуот истифода намудан мумкин аст. Хулосаҳои илмии диссертатсия, ки аз таҳқиқи таърихи ташаккули жанрҳои публитсистӣ дар рӯзномаи «Бухорои шариф» ба даст омадаанд, барои пешравии фаъолияти амалии рӯзноманигорӣ низ аҳамияти хоса доранд.
Диссертатсия аз муқаддима, ду боб, хулоса, феҳристи адабиёт ва замима иборат мебошад. Дар муқаддима моҳияти мавзуъ асосонок гардида, дараҷаи омӯзиши он баррасӣ карда мешавад. Ҳадафу вазифаҳои таҳқиқот ва навгонии он муайяну мушаххас аст. Ҳамчунин асосҳои назарӣ ва методи таҳқиқ, арзиши назарӣ ва амалии диссертатсия дар он шарҳ ёфтааст.
Боби аввали диссертатсия «Заминаҳои пайдоиши «Бухорои шариф» ва вижагиҳои сохтории он» унвон дошта, аз се фасл: «Андешаҳо доир ба заминаҳои пайдоиши рӯзномаи «Бухорои шариф», «Таъсиси «Бухорои шариф» ва вижагиҳои сохтории он» ва «Омилҳои аз нашр бозмондани рӯзнома» иборат мебошад.
Фасли якуми боби аввал ба заминаҳои пайдоиши рӯзнома бахшида шуда ба таври мушаххас назари муҳаққиқон ва шарқшиносони ватанию хориҷиро оид батаҳаввулоти замон баррасӣ намуда, дар ин раванд омилҳои пайдоиши рӯзномаи «Бухорои шариф» ҷустуҷӯ ва нишон дода шудааст. Дар баробари оне, ки муҳаққиқон доир ба замина ва омилҳои нашри рўзнома назари яксон доранд, диссертант дар такя ба сарчашмаҳои аввалия ва фазои сиёсию маънавии замон назари худро пешниҳод намуда, ба андешаи худ эътимод дорад, ки сабаби асосии нашри «Бухорои шариф» муқобилият бар афкори зиддитоҷикӣ буда, рӯзнома мудофеи манофеъ ва арзишҳои миллии тоҷикон дар минтақа будааст.
Фасли дуюми боби аввал роҷеъ ба тадорукоти таъсисёбии рӯзномаи «Бухорои шариф» ва хусусиятҳои сохтории он маълумоти муфассали илмӣ додааст. Бино ба таҳқиқи муаллиф, то соли 1912 дар Аморати Бухоро тамоми заминаҳои нашри рӯзнома фароҳам шуда буд. Мирзо Муҳиддин Мансурзода ва Мирзо Сироҷи Ҳаким ин ду шахсияти ҷаҳондида ва сарватманд барои нашри рӯзномаи «Бухорои шариф», рӯҳи замон, вазъи иқтисодию иҷтимоии Бухоро, рукуди шохаҳои давлатдории аморат, бетафовутӣ ба кори маориф, сахтиву тангии зиндагӣ, шиддат гирифтани равандҳои сиёсии минтақа ва ҳамчунин мушкилоти дохилаи Русияи имперотуриро хуб дарк намуда, талош намуданд, ки рӯзномаи тоҷикӣ рӯйи чоп ояд.
Фасли сеюми боби мазкур баҳси сабабҳои қатъи фаъолияти «Бухорои шариф», нусхаҳои нашршуда ва рӯҳияи эҷодии рӯзномаро фаро мегирад. Атозода М. доир ба қатъи фаъолияти рӯзномаи «Бухорои шариф» ва шумораҳои нашршудаи рӯзнома дар баробари назару мавқеи муҳаққиқон андешаҳои дигар дорад. Ба пиндори ӯ дар баробари фишорҳои сиёсии ҳукуматдорони вақт, вазъияти танги молиявии рӯзномаву ношир, адами тафоҳум миёни муассисон ва рукуди низоми идорӣ низ аз омилҳои суқути нашрия будааст. Рақамҳои нашршудаи рӯзномаро муаллиф бо такя ба нусхаҳои дастрасбудаи нашрия 152 адад медонад, на 153 адад, ки то имрӯз муҳаққиқон ба он такя менамуданд.
Боби дуюми рисола, ки «Ташаккули жанрҳои публитсистӣ дар рӯзномаи «Бухорои шариф» ном дорад, низ аз се фаслиборат аст.
Фасли аввали боби дуюм – «Усули истифодаи жанрҳои хабарӣ дар рӯзнома» нишон медиҳад, ки дар рӯзномаи «Бухорои шариф» жанрҳои ахборӣ нисбатан серистеъмол буда, жанрҳои хабар ва репортаж ташаккул ёфта, унсурҳои жанрии мусоҳиба ҳамчун қолаби таълифи маводи публитсистӣ зуҳур кардаву истифода гардидаанд. Муаллиф бо мушаххас намудани матни дорои хусияти иттилоотӣ беш аз 50 фисади матни рӯзномаро тавъам ба жанрҳои иттилоотии публитсистика медонад.
Дар фасли дуюми ин боб, ки «Раванди шаклгирии жанрҳои таҳлилӣ дар рӯзнома» мебошад, зуҳур ва ташаккули жанрҳои таҳлилии матбуот ба баҳс кашида шудааст. Жанрҳои таҳлилӣ, ки як навъ василаи таҳлилу ташхиси падидаҳои замон ва интиқоли афкору аҳдоф мебошанд, дар асоси ғояи муайяниншо гардида, бо истифода аз имконоти онҳо ҷараён ва рӯйдодҳои замон баррасӣ ва аз дидгоҳи муайян таблиғу ташвиқ карда мешаванд.
Дар натиҷаи таҳлилу ташхиси матни рӯзномаи «Бухорои шариф» муаллифи рисола нишон медиҳад, ки дар нашрия жанри мақола истифодаи фаровон шуда, жанри мактуб бошад ташаккули публитсистӣ ёфтааст. Хамчунин унсурҳои жанрии мухбирнома низ дар рӯзнома муайян карда шудааст. Дар диссертатсия хулоса мешавад, ки «Бухорои шариф» чун матбуоти навгаро барои интишори афкори навин аз имкониятҳои мувофиқи жанрҳои таҳлилӣ истифодаи муфид намудааст.
Фасли сеюми боби дуюми диссертатсия – «Аносири жанрҳои публитсистию бадеӣ дар «Бухорои шариф» масъалаҳои чигунагии ҷараёни ташаккули баъзе жанрҳои публитсистию бадеиро пажӯҳиш намудааст. Таҳлили жанрии матолиби «Бухорои шариф» нишон медиҳад, ки дар рӯзнома жанрҳои публитсистию бадеӣ дар шакли лавҳа, фелетонгуна ва ашъори дорои хусусияти иҷтимоӣ бештар истифода шудааст.
Дар хулосаи диссертатсия натиҷаҳои асосии омӯзишу таҳқиқи мавзӯъ ҷамъбаст гардидааст. Аз хулосабарории диссертант, маълум мегардад, ки ӯ дар таҳқиқоти худ далелҳоро рӯи даст гирифта, барои равшан кардани паҳлуҳои таърихии ташаккули жанрҳои публитсистикаи тоҷик таҳлилу қиёси фактҳоро аз дидгоҳи ҷадид ба роҳ мондааст. Хулосаҳои аз таҳқиқот баромада дар маҷмуъ хулосаи пурраи диссертатсияро нишон медиҳанд.
Муҳимтарин натиҷаи ин таҳқиқот дар он аст, ки муаллиф аснои корҳои эҷодии худ дар баробари адабиёти илмӣ ва санаду нашрияҳои даврӣ бастаи комили нахустрӯзномаи тоҷикиро мавриди таҳқиқи фарогир қарор дода, дар баробари таҳқиқу таълифи рисолаи худ 150 шумораи рӯзномаи «Бухорои шариф»-ро, ки аксарияти муҳаққиқони мо ҳатто онро надидаву нахондаанд, аз хати форсӣ ба хати кирилии тоҷикӣ баргардон намудааст.
Диссертатсияи Атоев Муҳаммадиқбол дар асоси усулҳои пажӯҳиши илмӣ таълиф шуда, услуби хоси таҳия ва корбурди иқтибосҳоро соҳиб аст. Пешниҳоди бобу фаслҳо, хулоса ва рӯйхати адабиёт ба талаботи стандартҳои КОА-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ аст.
Ба шакли китоб нашр шудани ин диссетатсия ва дар фазои илмӣ пахш шудани он низ барои муаллиф ва муҳити илмии публитсистӣ як дастоварди шоистаи илмӣ мебошад, ки дар ин самт барои муаллиф барор мехоҳем.
Муллоев Шариф Боқиевич,
профессор, мудири кафедраи ВАО-и чопӣ ва
PR-и муассисаи таълимии байнидавлатии
маълумотиолии Донишгоҳи (Славянӣ)
Россия ваТоҷикистон