Таҳқиқоти тоза дар омӯзиши таърихи китобдорӣ дар Тоҷикистон
6-уми июни соли равон Муовини аввали Директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Салима Раҷабзода дар мавзӯи “Омӯзиши таърихи фаъолиятҳои китобхонаӣ дар Тоҷикистон (солҳои 1917-1991)” рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Салима Раҷабзода рисолаи номзадии худро таҳти роҳбарии доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи умумӣ ва ватании Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (славянӣ) Сайдалӣ Муҳиддинов, ки худ аз ҷумлаи мутахассисони варзида дар илми китобдорӣ, китобхонашиносӣ, китобшиносӣ ва библиография мебошад, омода ва ҳимоя кард.
Салима Раҷабзода дар рисола моварад, ки таърихи китобдории мардуми тоҷик ба даврони бостон бозмегардад, замоне, ки барои аввалин бор навиштан зоҳир шуд ва китобҳо дар шаклу намудҳои мухталиф ба миён омаданд. Амалан китобхонаҳо дар қуруни вусто, замоне, ки китобҳо шакл гирифтанд ва махзани аслии манобеъ барои насли оянда буданд, падидор шуданд.
Аввалин китобхонаҳо дар қаламрави имрӯзаи Тоҷикистон ба маънои имрӯзии он танҳо дар замони Шӯравӣ арзи вуҷуд карданд, замоне, ки як инқилоби фарҳангӣ дар ин ҷумҳурӣ дар даҳаи 30 қарни бистум рух дод, онҳо падид омаданд. Онҳо буданд, ки дарвоқеъ ҳалқаи аслии маҳви бесаводӣ дар кишвари мо шуданд. Дар ҳама ҷо ба китоб, дастурҳои омӯзишӣ ва дигар адабиёт ниёз буд. Ташкилоти ҳизбӣ ва давлатӣ ба густариши шабакаҳои китобхона ва чойхонаҳои сурх, ташкили фондҳои китоб ва таъмини хонанда ба китобҳои мавриди ниёз таваҷҷуҳ намуд.
Имрӯз дар шароити истиқлоли кишварамон, ки китобхонаҳо ба унвони марокизи асосии ҷамъоварӣ ва паҳн намудани иттилооти гуногуни анъанавӣ ва электронӣ дар байни тамоми тоифаи истеъмолкунандагон (хонандагон) боқӣ мондаанд, зарурати омӯзиши фаъолияти китобхонаҳои замони гузашта, махсусан даврони Шӯравӣ хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Таҷрибаи ибратбахши кори китобхонаҳои гуногун дар шароити ҳозира, ки васоили техникии муосир ба фаъолияти онҳо ҳаматарафа таъсир мерасонад, аз бисьёр ҷиҳат зарур аст.
Салима Раҷабзода дар боби аввали рисолаи худ «Тадқиқоти китобдорӣ дар Тоҷикистон (солҳои 1917-40-уми асри ХХ)” мушкилоти пайдоиши китобхонаҳо дар қаламрави кишвар ва таърихи инъикоси он дар адабиёти илмии солҳои 30-умро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ин боб шомили се бахш: «Шартҳои ба вуҷуд омадни китобхонаҳо дар қаламрави Тоҷикистон”, «Таърихнигории китобдорӣ дар Тоҷикистон (солҳои 1930)» ва «Омӯзиши таърихи фаъолияти китобхонаҳо дар солҳои 40-уми асри ХХ» шудааст.
Дар ин боб қадам ба қадам муаллиф худро ба асли мақсад наздик мекунад ва як давраи томи таърихи китобдории миллати тоҷикро аз замони бостон то ба даврони Шӯравӣ таҳлилу баррасӣ менамояд. Дида мешавад, ки муаллиф барои он ки ба ҳадафи таҳқиқоташ даст ёбад, мӯшикофона таърих омӯхтааст ва баъди омӯзишу таҳлилу барарсии даҳҳо адабиёти мартуб ба таърихи китобдорӣ шуруъ ба хулосабарорӣ кардааст. Ин боб яке аз бобҳои заҳматталаби рисолаи илмии Салима Раҷабзода будааст, чун таҳлили гузаштаи таърихии китобдории миллат кори осону содае нест. Мебоист хеле меомӯхт, то як хулосаи илман асоснок барорад ва ба ин даст ёфтааст.
Дар боби дуюм, ки «Инъикоси масъалаи китобдорӣ дар Тоҷикистон дар осори муаллифони ватанӣ (солҳои 50 – 80-уми садаи 20)» номгузорӣ шудааст, муаллиф ба барарсии масъалаҳои таърихнигории китобдорӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 50-1980-уми садаи ХХ мепардозад.
Дар бахши аввал – «Инъикоси масъалаи китобхонаҳо дар эҷодиёти муаллифони ватании солҳои 50-ум» таҳлил шуда ва нишон додааст, ки дар ибтидои солҳои 50-ум мақомоти роҳбарикунандаи муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ ва маркази асосии методии китобхонаҳои кишвар — Китобхонаи давлатии оммавии ба номи Фирдавсй пеш аз ҳама ба таъмини ҳуҷҷату дастурҳои методӣ ва меъёрии фаъолияти шабакаи китобхонаҳо дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ кардааст.
Дар бахши дуюми ин боб – «Вазъи нашри осори китобдорӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 60-уми садаи ХХ» муаллифи рисола қайд мекунад, ки дар ин давра баррасии нашрияҳо ба масъалаҳои гуногуни назариявӣ ва амалии рушди соҳаи китобдорӣ дар ҷумҳурӣ дида шудаанд.
Рӯйдоди беназири соли 1960 аз чоп баромадани «Каталоги китобҳои РСС Тоҷикистон дар солҳои 1926—1956» буд. Ин кори муштараки Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявӣ ва палатаи китоб буд.
Дар банди сеюм – «Омӯзиши проблемаҳои китобдорӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 70-80-уми асри 20 ва мутамарказкунии шабакаи китобхонаҳои давлатӣ дар адабиёти илмӣ» муаллиф овардааст, ки дар ин солҳо корҳои китобдорӣ мисли пеш буд, вале хусусиятҳои хоси худро дошт. Ба ташкили кор ба шакли нави хидматрасонй ба аҳолй гузарондани китобхонаҳои давлатии оммавй — марказонидани шабакаи китобхонаҳои давлатй ва таҳқиқоти илмии фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ диққати хоса дода шуд.
Хулоса, рисолаи илмии Салима Раҷабзода бидуни шак, дар илми китобхонашиносӣ ва таҳқиқоти ояндаи мавзуъ нақши муҳим ифо хоҳад кард.
Бобоҷон ШАФЕЪ