Таҳаввулот дар самти маънавиёти кишвар
28 – уми декабри соли 2024 дар кохи наву муҷаллои Парлумони кишвар, ки як намоди бузурги қонунмандии мамлакат мебошад, Паёми Пешвои муаззами миллат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид.
Пайёми Сарвари давлат муҳимтарин масъалаҳои дохилию хориҷии кишвар, бурду бохти соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти мамлакат, иҷрои нақшаву барномаҳои давлатӣ дар марҳилаи сипаришуда, дастовардҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ ва дигар масоили мубрамро дар бар гирифта, ҳар як банди он бо таҳлилҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва оянданигарона баррасии илмӣ гардид.
Масъалаҳои фарҳанг, маориф ва илм, ки асоси пешрафти зеҳнӣ ва рушди маънавии ҳар як давлату миллат мебошанд дар меҳвари Паёми сарвари давлат қарор доштанд, ки дар ин нигошта доир ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ мепардозем.
Президенти муҳтарами кишварамон дар Паём доир ба мактабу маориф ва таҳсилоти фарогири томактабию таҳсилоти касбӣ таъкид намуданд, ки «Пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад». Ин таъкид бар мабнои асолат ва воқеиятҳо буда, далолат бар он аст, ки масъалаи маориф ва илм ҳамеша таҳти назорати бевоситаи Сарвари давлат қарор дорад.
Ин масъалаи муҳим барои ҳар як инсони соҳибтафаккур маълум аст, ки дар кишвар ҳамарӯза бунёди иншооти наву муосири соҳаи фарҳангу маориф ҷараён дошта, танҳо дар 30 соли замони соҳибистқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ «дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ» мавриди истифодаи ҳамагон қарор гирифтааст.
Ҳамзамон, дар марҳилаи мустақилияти сиёсии Тоҷикистони хуршедӣ фарҳангу санъат ва соҳаҳои марбут ба он низ рушд намуда, дар ин марҳила дар шаҳру навоҳии мамлакат «18 театр, 50 қасри фарҳанг, 14 мактаби санъат, 126 китобхона, 61 боғи фарҳангу фароғат ва 20 осорхона бунёд карда шуд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд». Ин нуктаҳои муҳимро сарвари давлат таъкид намуда, илова намуданд, ки новобаста аз иҷрои ин корҳо раиси шаҳру навоҳӣ ва ин равандро идома дода, «Муассисаҳои соҳаи фарҳанг бояд дар маркази диққати онҳо қарор дошта бошанд. Зеро фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад».
Таъкиди Сарвари давлат бар тақвияти илму маориф ва фарҳанги миллӣ бар он нигаронида шудааст, ки дар ин шабу рӯзҳо раванди ҷаҳонишавӣ ва фарҳангхориҳои абарқудратҳо ҷараён дошта, дар ин бархӯрдҳо фарҳангҳои заъиф маҳв мешаванд.
Агар ба набарди фарҳангҳо таваҷҷуҳ намоем, ин раванд дар шаклҳои бартарихоҳӣ амалӣ гашта, бахши якум хусусияти ақидавӣ – динӣ дораду дигаре хосияти зебоигароӣ. Ба қисмати аввал андеша, рафтор ва тафаккури динию мазҳабӣ шомил мешавад, ки ҳар як гурӯҳ дар баробари ҳар амалу рафтор мавқеи худро дуруст мешуморад. Яъне, бартарихоҳии динию мазҳабӣ омили тағйироти фарҳангӣ шуда, метавонад фарҳангу тамаддуни асилро дигаргун кунад. Ҳамонгунае, ки фарҳангу забони беш аз 7 ҳазораи Мисри қадим таҳти таъсири афкори бартарихоҳии аъроб маҳв гардид. Фарҳангу забони миллати суриёнӣ дар сарзамини Шом дигар шуд. Ба фарҳангу забони эрониёни асил ҳам таъсири амиқ сурат гирифт.
Бахши дуюм бошад ба масъалаҳои иҷтимоӣ, муносибатҳои суннатии миллатҳо таваҷҷуҳ намуда, бо унвони «муосирият» ва ё ибораи «демократия» анъанаҳои неки миллӣ, фарҳангу тамаддуни шоистаи оиладорӣ, эҳтироми мутақобилаи наслҳоро дигаргун намоянд. Ба ибораи дигар иддае аз гурӯҳҳои манфиатталаб барои ҳадафҳои шахсии худ мехоҳанд, фарҳанги миллии тоҷикиро, ки реша дар қалби ориёнои бузург дорад, барҳам бизананд. Ва асоситарин василаи варшикастани фарҳангҳо низ ин мактабу таълим ва санъату анъанаҳои неки миллӣ мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир Пешвои миллат ба масъулини соҳа дастур доданд, ки «то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ камбудиву мушкилоти ҷойдоштаи соҳаро пурра бартараф намоянд» ва дар муддати панҷ соли оянда «бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд».
Илова бар ин Сарвари давлат доир ба фарҳанги мутолеа, ҷалб шудани аҳолӣ ба китобу китобхонӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангу санъат, аз ҷумла китобхонаву осорхона ва мактабҳои мусиқӣ дар ҳар шаҳру навоҳӣ суханронӣ ва дастуру супоришҳо дода, ёдрас шуданд, ки дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» «то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан, наврасону ҷавонон иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд». Яъне Пешвои миллат дар ҳар шакл ва ба ҳар васила талош мекунанд, ки барои рушди фарҳанги миллӣ, ҷалби аҳолӣ ба илму маърифат, мактабу маориф ва тафаккури қонунмандона мардумро шавқманд намуда, аҳолиро барои фардои солиму дурахшон равона намоянд. Маҳз ба ҳамин хотир ба ниҳодҳои масъул дастур доданд, ки «ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон чораҳои қатъӣ андешад».
Сарвари давлат дар баробари дастуру супоришҳо ба масъулин хитоб ба миллат ва ҷомеаи Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад. Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд».
Хулоса, Сарвари давлат дар Паёми хеш доир ба рушди фарҳанги миллӣ, таҳкими омӯзишу парвариш, рушди илму маърифат, забондонӣ, рушди нерӯи зеҳнии аҳолӣ, таҳкими пояҳои технологӣ, татбиқи инноватсияҳо дар соҳаҳо, густариши технологияҳои иттилоотӣ дар муомилот ва дар ин замина омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро таъкид намуданд. Аҳли фарҳангу маърифати кишвар, хусусан мо кормандону китобдорони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бовар дорем, ки иттиҳоду ҳамбастагӣ ва амалӣ шудани ҳадафҳои неки Пешвои муаззами миллат дар рушди фарҳангу маънавиёт ва илму маорифи кишвар таҳаввулоти бузургро ба бор хоҳад овард, ки дар пасманзари он саодати миллат ва шукуфоии кишвар таҷассум меёбад.
Муҳаммадиқбол Атозода, сардори Маркази таҳсилот ва иноватсияҳои китобдорӣ.